Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти пурбори академия

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 668 кори илмӣ, аз ҷумла, беш аз панҷоҳ китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, бештар аз шашсад  мақолаи  илмӣ (65 – тои он дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур) ба табъ расиданд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар нишасти матбуотӣ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.

Президенти АИ ҶТ  иттилоъ дод, ки  диққати олимони соҳаи физикаю математика, химия, геология, биология ва тибби Академияи илмҳо ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои илмиву техникӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятнок барои ҷумҳурӣ муҳим, чун рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, мониторинги радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист равона карда шуд. Олимони соҳаи ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ бошанд, таҳияи асарҳои зиёдеро, ба монанди «Таърихи Тоҷикистон: Замони  истиқлол», «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ (қисмҳои 2, 3,4), «Фарҳанги русӣ – тоҷикӣ» (ҷилди 2), омодагӣ ба ҷашни 5500 – солагии Саразми бостонӣ таҳия намуданд.

 

 Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш