Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳама-донӣ Бозоралӣ Одиназода фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиёт ва маорифро таҳлил намуда, зикр кард, ки барои беҳтар намудани шароити мактабҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағгузории ин соҳа дар ҳаҷми 99,4% таъмин гардид. Дар ин замина 4 миллион сомонӣ барои таъмир ҷудо карда шуд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №43, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди гимназияи давлатӣ, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №42, сохтмони муассисаи таълимии №51 ва 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №30 бо суръати том идома дорад. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби 50 медал гардиданд. Дар соли хониши 2018-2019 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 94 нафар мутахассиси чавон бо кор таъмин гардиданд. Ҳамчунин, дар соли сипаригардида ба 15 нафар омӯзгори ҷавон хонаи истиқоматӣ ва ба 38 нафари онҳо замини наздиҳавлигӣ дода шудааст, – гуфт раиси ноҳия.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр