Нашрияи Омӯзгор

Бунёди мактабҳо вусъат меёбад

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Раиси ноҳияи Ховалинг Парвиз Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО  иброз дошт, ки 40 нафар хонандаи мактабҳои ноҳия  дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар озмуни вилоятӣ 62 нафар хонанда иштирок намуда, сазовори 8 медали тилло, 11 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ бошад, сазовори 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд. Масъалаи бунёду таҷдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохилӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сохтмони  бинои муассисаҳои таълимии №7  дар деҳаи Сиёфарк №20-и деҳаи Навобод бинои муассисаи таълимии №37–и деҳаи Хракдара, бинои таълимии нав аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабарорӣ қарор дода шуд ва  сохтмони бинои нави мактабҳои №18,4,7 ва 17  идома дорад.  Дар ноҳия  муассисаи таълимии №17 дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.  Дар ноҳия дар ҷо баҷогузории мутахассисони ҷавон аҳамияти махсус дода шуда, дар соли сипаригардида ба 9 нафар омӯзгори ҷавон хонаи истиқоматӣ ва ба 26 нафар замини наздиҳавлигӣ дода шуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш