Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар деҳаи Лоҳутӣ

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

7 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Аснои шиносоии Сарвари  давлат бо шароити ин даргоҳи илму маърифат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ аз 13 синфхона иборат буда, барои 920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои насли ояндасози миллат тадбирҳои муассир амалӣ намуда, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Насли наврасро зарур аст, ки аз ин ҳама имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода намуда, илмҳои муосирро аз худ намоянд ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Лоҳутӣ аз ду ошёна иборат буда, дар баробари синфхонаҳои компютерӣ, химия, биология ва физика ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ бо муосиртарин лавозимоти машқу тамрин ва обутоби бадан барои хонандагон, толор бо 200 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни мактабӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва дигар ҷамъомадҳо ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад.

Корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, зимни он беш аз 90 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Мактаби кӯҳнаи деҳаи Лоҳутӣ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардида буд, вале дар он 426 нафар таҳсил менамуданд.

Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми шахсони ватандӯст дар як давраи кӯтоҳ муассисаи  замонавӣ ба истифода дода шуд, ки мушкилот пурра рафъ гардид ва фарзандони ду деҳаи Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг илмҳои муосирро дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз бо аёнияти таълимӣ аз худ мекунанд.

Устодону хонандагони ин муассисаи навбунёд аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Устодону хонандагони мактаб ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Ин даргоҳи илму маърифат дар баробари соҳибилм намудани насли ояндасози кишвар ҳамчунин ба ободии ин деҳаи дурдасти мамлакат зебогии дигар зам намудааст.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш