Нашрияи Омӯзгор

То ки арзишҳои маънавӣ коста нагарданд...

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Боре дар маркази шаҳр бо як бонуи шиносам суҳбаткунон то дари бинои идорае расидем. Дар аснои суҳбати сарироҳӣ ин зани равшанзамир дар омади гап гуфт:

- Ман одами ду замонаам. Замони ҷавониҳои худам, ки аҷаб рангу маъниҳои хосаю нотакрор дошт ва имрӯзи пур аз саодат, ки дар авсофаш забон лол мешаваду ҳарфи гуфтанӣ намеёбӣ. Бале, имрӯз бартариҳои аз қиёс берун дорад, вале хумори он рӯзҳо аз сарам ҳеҷ гоҳ намеравад. Ҳозир аз чизе танқисию тангдастӣ намекашем. Домани муқаддаси диёр рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад. Ин гуна серию фаровонӣ, саодату шодкомиро мардум пештар танҳо орзу мекарду халос. Имрӯз орзу ба ҳақиқат табдил ёфтааст. Ба гуфти афсонаҳо, ҳатто шири мурғу тухми анқоро ҳам агар биҷӯӣ, пайдо менамоӣ. Вале эҳсос мекунам, ки чизе ба мардуми мо, хусусан ҷавонон, намерасад. Ё ки мардуми мо беаҳамиятӣ намуда, хаёлам, як гавҳари асилу пурбаҳоеро осон аз даст додааст. Бо қатъият иқрор мешавам, ки арзишҳои маънавии даврони ҷавонии мо дигар буд…

Баъди хайрухуш мантиқи маъниҳои дар аснои суҳбат таровидаро рӯйи тарозуи андеша ниҳодам. Ба ростӣ, ки, ҳақиқатан, бисёр арзишҳои маънавии он замон самимию заминӣ буд. Он арзишҳо, ба гумонам, бо риштаҳои нонамоёну нозук бо риштаҳои ҷону виҷдону имон пайванди абадию азалӣ дошт. Ҳатто маззаи нону обу ширинию меваҷоташ ҳам дигар буд. Мафҳумҳои дӯстӣ, меҳрубонӣ, самимият, ғамшарикӣ, муҳаббат, садоқат, меҳнат, содагию хоксорӣ, шарму иффату исмат, шарафу номусу виҷдону имон, ҳақиқату адлу инсоф маҳаки аслии дараҷаи одамияту шаҳрванд ва ҷомеа маҳсуб меёфт. Чун омӯзгорон оид ба достонҳои «Писари Ватан»-и устод Мирзо Турсунзода ва «Ғалабаи Таня»-и устод Абулқосим Лоҳутӣ ҳарф мезаданд, беихтиёр дар дили шогирдон ғурури ватандорию ватанпарастию ватанхоҳӣ тавлид меёфт. Чун чашмаҳои софу поки диёр аз умқи қалбҳои кӯчак ангезаҳои гарму гуворои ифтихор ва пайравӣ ба корномаи онҳо ба ҷӯш меомад.

Зоҳири аслию фарқкунандаи ҳамаи духтарони дабистон пешдоманҳои оҳарии сап-сафед буд, ки аз болои либосҳояшон ба бар мекарданд. Ин сафедӣ гӯиё ифшогару ифодагари бахти сафеди онҳо буд. Касе дар дасту гардану гӯш дастпонаю занҷиру гӯшвораи тиллоӣ надошт. Нафаре ба ҷуз донишазхудкунӣ аз чизе наменозид. На фотеҳаи барвақтӣ буду на зиёфатҳои дабдабанок аз ифтихору шодии номзади касе шудан. Аксар дилбаставу дилбохтаи илму омӯзишу маънию маҳорат буданд, на асири оинаву шона ва чун гули коғазӣ маҳви зебоии зоҳирии хеш. Тахтапушти духтаронро хирмани кокулони мушкини нӯгаш фатилаи сафеддор зеб медод. Саросар ташнаи китобу мактабу илму ирфон, шеъру маънӣ буданд. Муҳаббат низ буд. Магар бе муҳаббат мешавад? Охир, муҳаббат намаки зиндагист! Фақат он дар қабои садоқату вафо дар дилҳо ошён дошт. Мисли ғӯраи сармозада хому норасидаю мавсимию дурӯзаю ошкору бармалою телефонӣ не, балки мисли бӯйи гул дар барги гул ниҳону ширину ҳақиқию гарму гуворо буд. Касе марзи муқаддаси онро баҳудаю беҳуда рахна намекард. Зеро қимати марзи ишқ мисли қимати марзи муқаддаси Ватан буд. Зеро лаҳни ишқ чун лаҳни аллаҳои модар нотакрору беамсол буд. Кам буданд касоне, ки баҳри дороию давлату сарват ошиқ мешуданд. Ягон духтар бо ҷавони хизмати аскарӣ нокарда издивоҷ намекард. Инро ба шаъни худ таҳқири нобахшиданӣ меҳисобид. Охир, касе, ки Ватану модарро ҳимоя карда наметавонад, ё аз ҳимояташ саркашӣ мекунад, чӣ гуна зану оилаю наздиконашро ҳифз менамояд?

Зеборухон бо як ҷаҳон орзую ҳавас ба ошиқони аслию ҳақиқии худ рустӣ-рустӣ рӯймолакҳою тоқиҳои бо дастони худ бофтаю дӯхтаро ҳадя менамуданд.

Писарбачагон аксар пайрави корномаи падарони меҳнатқарин ва қаҳрамон буданд. Дар меҳнату шуҷоат чеҳраи ҳақиқии хешро ошкор месохтанд, на дар муштзӯрию ғиромию телефонбозию бекорхӯҷагӣ.

Меҳнат калиди кулли хушбахтиҳо буд. Мадад ба коргарони саҳро, санҷиши матонат дар бригадаҳои истеҳсолӣ, ҷамъоварии оҳанпораю коғазпора зинаҳои нахустини камолот сӯйи қуллаи саодати ҳақиқӣ буд. Ботадриҷ ҳамаро хизмати аскарӣ, мактабҳои олӣ, заводу фабрикаҳо, конҳои ангишт, сохтмонҳои азим ба оғӯш мегирифту дар кӯраи хеш гудохта инсон месохт.

Эҳтироми бузургон аз ҷониби хурдон яке аз дастовардҳои воқеӣ буд. Касе дар ҳузури бузургон, ҳатто аз бетоқатӣ кафад ҳам, лом намегуфт, зеро мавқеи худро медонист, зеро медонист. ки аз ҳурмат рӯзе ӯ ҳам ба бузургӣ мерасаду навбати ӯ ҳам меояд. Ҳар кас шахси аз худаш як курта пеш даронидаро бо ҷон эҳтиром менамуд. Ҳамаи ин аз боиси тарс не, балки шаҳомати бузургон намегузошт, ки наздашон гӯстохӣ намоӣ.

Хизмати Ватан – Модар барои ҳама, новобаста ба мақому манзалаташ қарзу фарз буд. Ҷавонон дар адои ин хизмат бо дилу ҷон омода буданд. Касе буздилона намегурехт.

Домони ин қиёсу баҳс чун домони даҳру баҳр васею нопайдоканор аст. Ҳар қадар ғӯта хӯрӣ, ҳамон қадар ба соярӯшанҳои зиёду амиқ рӯ ба рӯ мешавӣ.

Чӣ боис шуд, ки мо калиди ин арзишҳоро муфту осон аз даст додем? Ба хароб шудани он чашм пӯшидему беэътиборӣ намудему нодида гирифтем. Гузоштем, ки баъзе ашхоси беному нанг, хоинони зархарид бо афкори таҳмилию бебунёди хеш дар солҳои аввали истиқлолият фишангҳои тарбияи наслҳоро ба зери итоати худ дароранду мағзҳоро олуда созанд. Ҳол он ки бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Буз хирман кӯбад, ҳоҷат ба барзагов нест». Имрӯз ҳам бетарафона муросо менамоем, ки аксарияти волидон ғояи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падар ва модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро намедонанд ва ё аз донистани он қасдан канорагирӣ мекунанд. Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои аслии ин қонуни варзида танҳо ба дӯши мактабҳо нест. Он тақозо менамояд, ки ҳар як падару модар дар домани худу оила фарзанди баору номус, ватандору ватанпараст, оқилу олиму солим парвараду ба воя расонад. Волидоне, ки дар иҷрои ин қонун саркашию саҳлангорӣ, фориғболию нодидагирӣ менамоянд, бояду ҳатман ҷавобгар карда шаванду дар пешорӯйи қонун ҷавоб гӯянд. Заршиносию худшиносӣ ва парваридани номусу нанги миллӣ имрӯз чун обу ҳаво зарур аст.

Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ,

узви ИЖТ, директори мактаби №25-и

шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш