Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва умуман, ҷомеаи моро барои як марҳалаи томи оянда муайян намуд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст зикр намуданд, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Дар Паём таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф ба шумор меравад.
Сарвари давлат дар Паёми хеш аз омӯзгорон ва падару модарон даъват ба амал оварданд, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб созанд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, забонҳои хориҷӣ, омӯзиши технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Оре, имрӯз вақти он расидааст, ки мо, аҳли маориф, ба сифати таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба тамаддуни ниёгон саҳми арзанда гузорем.
Гулнисо Шарифова,
муовини директори коллеҷи омӯзгории
ноҳияи Қубодиён
Иловакунӣ
Иловакунии фикр