Нашрияи Омӯзгор

Мактаби муаллифони китоби дарсӣ зарур аст

Сана: 2019-08-09        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Тайи солҳои охир дар самти таълифу ба чоп расонидани барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ корҳои зиёди назаррасе ба анҷом расонида шуданд. Китобҳои дарсӣ дар заминаи хусусияту нишонаҳои миллӣ ва анъанаву суннатҳои дерини тоҷикона тавъам бо талаботи замони муосир ва пешрафту дастовардҳои илму техника ба нашр расида, муаллифон бештар ба он омил таваҷҷуҳ намудаанд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар рӯҳияи худогоҳию ҳувияти миллӣ, шинохти асолати миллӣ ва ифтихор аз гузаштаи пурҳикмату наҷиби таърихӣ тарбия ва ба камол расанд.

Имрӯз аллакай нашрҳои сеюм ва чоруми китобҳои дарсӣ бо дарназардошти ислоҳот дар соҳаи маориф, хусусан, гузаштан ба муносибати босалоҳият ба таълим аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа такмил ёфта, чоп шуда истодаанд. Чунонки маълум аст, соли аввал тамоми китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ, соли 2018 китобҳои дарсии фанҳои табиию риёзӣ дар иртибот бо таълими босалоҳият нашр ва дастраси омӯзгорону хонандагон гардиданд. Соли ҷорӣ таҳия ва нашри китобҳои фанҳои ҷомеашиносӣ (забоншиносӣ) дар ҳамин асос дар назар дошта шудааст. Аммо бо вуҷуди ин, дар масъалаи сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, муҳтавою мундариҷа, забону сабку шеваи таълифи он, ноҳамворию мураккабиҳо дар баёну ифодаи муаллифон ва роҳ ёфтани иштибоҳу ғалатҳо дар саҳифаҳои китобҳо, иҷрои машқҳову ҳалли мисолу масъалаҳо ва амсоли ин аз ҷониби устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар саҳифаҳои  нашрияҳои даврӣ, аз ҷумла, ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор» ва «Маорифи Тоҷикистон» андешаҳои ҷолибу муассир баён гардиданд, ки дар нашрҳои минбаъда ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо чораҳо андешида мешавад. Ба андешаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Комилҷон Исоев, дар масъалаи таҳияи китобҳои дарсӣ як нуктаро бояд зикр намуд, ки ҳарчанд давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар як гурӯҳи бонуфузи муаллифон барои навиштани китобҳои дарсӣ ҷалб шуданд, вале мушкилиҳо дар ин самт ҳанӯз пурра бартараф нашудаанд. Аз ҷумла, сол ба сол синну соли қисми зиёди муаллифони китобҳои дарсӣ ба ҷое расида, онҳо дигар он шавқу кӯшиш ва ҳавсалаи пешинаи таълифи китоби дарсиро, ки доштанд, аз даст медиҳанд. Бояд таъкид кард, ки ягона ҷое, ки муаллифони китоби дарсӣ маҳорату малакаи таълифи китоби дарсиро сайқал медиҳанд, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ маҳсуб меёбад. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ мактаби (муассисаи) махсуси тайёру омода намудани муаллифони китобҳои дарсӣ мавҷуд нест. Ҳамин гуна муассиса бояд дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ё дигар зерсохтори вазорат таъсис дода шавад. Умуман, барои ҷалб ва омӯзонидани муаллифони ҷавон чораандешӣ намудан зарур аст. Дигар омил, ба андешаи мо, ба иншои китобҳои дарсӣ дар радифи олимону муҳақкиқон, омӯзгорону устодони соҳиблаёқату таҷрибаманди макотиби шаҳру деҳоти кишварро даъват кардан аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Дар ин боб, мушкилӣ зиёд аст. Сол аз сол доираи фаъолияти шуъбаи таҳия, таҳрир ва пешниҳоди китобҳо ба нашр дар доираи салоҳияти марказ васеъ шуда истодааст. Масалан, соли равон тарҷумаи китобҳои дарсии амалкунанда (барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ шурӯъ шудааст ва баробари ворид шудани дастхати тарҷумаи ин китобҳо кор дар шуъбаи номбурда хеле зиёд хоҳад шуд. Ин вазъ таъсиси бахши тарҷумаи китобҳои дарсиро барои ақаллиятҳои миллӣ тақозо мекунад. Дар умум, китобҳои дарсӣ шурӯъ аз ороишу дизайн то муҳтавою мундариҷа бояд рӯҳу тобиши баланди миллиро доро бошад.

Дар хусуси сифати китобҳои дарсӣ ва муҳтавою забону тарзи баёни муаллифон устодону омӯзгорон ақидаю пешниҳодоти мушаххасу вижаи худро доранд. Аз ҷумла, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансур Гулчеҳра  Хоҷаева мегӯяд, ки китобҳои геометрия барои синфҳои 7,8,9,10, 11 хеле мушкилфаҳм буда, барои хонандагон аз худ кардани мавзӯъҳои он душворӣ пеш меорад. Дар китоби геометрияи синфи 10 ба замми он ки бо забони ниҳоят мушкилу мураккаб таълиф гардидааст, теъдоди масъалаҳо хеле кам пешниҳод шудааст. Ба ақидаи ин омӯзгори соҳибтаҷриба, дар таҳияву иншои китобҳои дарсии фанҳои дақиқ (алгебра, геометрия) беҳ мебуд аз тарҷумаи китобҳои таълимии русӣ истифода мекарданд.

- Қаблан мо машғулиятҳоро аз фанни геометрия аз рӯи китоби Погорелов (синфҳои 7-11) баргузор менамудем, ки хеле фаҳмо ва сода буд, - мегӯяд Г.Хоҷаева ва меафзояд, ки он вақт хонандагон дар фаҳмишу дарки мавзӯъҳо азоб намекашиданд ва сатҳи саводу донишашон хуб буд. Акнун ба таъбири халқӣ – «аз ин мондаву аз он ронда шудаем». Дар вақти нашри китобҳои дарсӣ ба сифату ороиш, банду баст ва бадоштии он диққати ҳамаҷониба додан шарт ва зарур аст.

Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аз ноҳияи Айнӣ Умарбек Шарифов низ мегӯяд, ки забону баёни муаллифон, муҳтавою ғояи китобҳои дарсӣ душворфаҳм мебошад. Ман фикру мулоҳизаҳоямро дар хусуси китобҳои дарсӣ пайваста дар саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор» баён мекунам. Ба китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 10 (муаллифаш Саидамир Аминов) тақриз навиштам. Муаллиф  эроду мулоҳизаҳои маро ба инобат гирифт. Ман дар масъалаи мушкилоти имло фикрҳоямро иброз дошта будам. Дар нашри нави китоб мавзӯъҳои дарсӣ бо барномаю раҳнамо мувофиқ карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки сифати китобҳо, ороишу банду баст ва муҳтавои онҳо нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар гардидааст. Хатоҳои техникӣ камтар ба мушоҳида мерасанд. Аммо дар китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 11 аз нигоҳи мувофиқат намудани мавзӯъҳо ба синну соли хонандагон (ман матнҳову машқҳоро дар назар дорам) баъзе ноҷӯриҳо вомехӯранд. Маводи «Роҳнамо»-и «Забони тоҷикӣ» барои синфи 11, ки дар асоси муносибати бо салоҳиятба таълим таҳия шудааст, мавзӯъҳои таълимиро пурра фаро нагирифтааст.

Ба таълифи китобҳои дарсӣ ҷалб намудани муаллифони ҷавонро иддае аз омӯзгорон ва мактабшиносон талаби замон ҳисобида, таъсиси мактаби махсуси омода намудани таълифгарони китобҳои дарсиро ба мақсад мувофиқ медонанд. Корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Холмурод Мӯсоев, ки собиқаи 47-солаи омӯзгорӣ дорад, изҳор медорад, ки сифати таълифи китобҳои дарсии синфҳои поёнӣ хуб мебошад. Дар китобҳои мазкур саволу супоришҳо, корҳои мустақилона, вазифа барои хона ҷой дода шудааст. Дар нашрҳои қаблӣ баъзе мавзӯъҳо ба синну соли хонандагон мувофиқат намекард. Шурӯъ аз соли 2012 бо ба роҳ мондани таълифи китобҳои «Насли нав» вазъият дар ин самт хеле беҳтар гардид. Ба андешаи мо, имрӯз ба таълифи китобҳои дарсӣ муаллифони ҷавон ҷалб карда шаванд, аз манфиат холӣ нест. Ин муаллифон барои ҷамъоварӣ ва интихоби маводу матнҳо аз эҷодиёти адибони тоҷик бояд ҷаҳду талош намоянд.

Баъзе омӯзгорон дар он фикранд, ки дар китобҳои дарсӣ муғлақбаёнӣ ва дар баёни мисолу масъалаҳо хатоҳо ба чашм мерасанд, ки кори омӯзгорро душвор мегардонад. Омӯзгори мактаби №10-и шаҳри Хуҷанд Аниса Ҷӯраева аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар китобҳои дарсии математика (синфи 3), забони модарӣ (синфи 4), суруд ва мусиқӣ (синфҳои 1-4) саҳву хатоҳо вомехӯранд. Масалан, дар масъалаи 466, дар саҳифаи 130, масъалаи дигар, дар саҳифаи 169 шартҳои пешниҳодшуда номуайян ва номушаххас буда, мақсад равшан нест. Ё худ дар китоби «Забони модарӣ» (барои синфи 4) мавзӯъҳои пешниҳодшуда бад нестанд, машқу супоришҳо низ оварда шудаанд. Вале таърифи грамматикии ҳиссаҳои нутқу аъзои пайрави ҷумла вуҷуд надорад. Саволу супоришҳо нофаҳмо ва гоҳо дур аз мантиқ мебошанд. Аз ҷумла, ҷое супориш дода шудааст, ки аз матн пуркунандаю муайянкунандаро ёбед. Аммо дар дохили матн аз аъзои ҷумла дарак нест. Ё худ, дар саҳифаи 259-и китоб таърифи аъзои ҷумла дода нашудааст. Ба зери аъзои ҷумла аломати шартӣ – хатҳо кашида шудааст. Инро чӣ тавр метавон фаҳмид? Мутаассифона, дар китоби мазкур, ки шаш муаллиф онро иншо намудаанд, чунин дарҳам – барҳамӣ ва хатоҳо хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд. Матнҳои шеърие, ки барои оҳанг бастану сурудан дар китобҳои «Суруд ва мусиқӣ» (синфҳои 1-4) оварда  шудаанд, пурмазмуну шавқовар нестанд. Муаллифон бояд ба интихоби сурудҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, ҷиҳати тарбиявию ахлоқии онҳоро ба эътибор гиранд.

Ба андешаи бархе аз мактабшиносон ва ходимони илмии зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, қабл аз нашри китобҳои дарсӣ бояд эроду маслиҳати омӯзгорону устодон ба назар гирифта шавад. Мудири шуъбаи ПРМ АТТ Маҳмудхон Убайдов мегӯяд, дар саҳифаи аввали китобҳои дарсӣ огоҳ карда шудааст, ки фикру мулоҳизаҳои худро устодону омӯзгорон оид ба сифати китобҳои дарсӣ навишта ба ПРМ АТТ ирсол намоянд. Мутаассифона, то ҳол мушоҳида накардаем, ки ягон нафар фикри худро дар ин хусус навишта ба мо фиристода бошад. Ба андешаи мо, китоби тозанашри таълимӣ аз кадом фанне, ки бошад, бояд тӯли 1 сол дар мактабҳои озмоишӣ аз санҷиши устодону омӯзгорон гузаронида шаванд. Маҳз дар раванди роҳандозии машғулиятҳо камбудию норасоиҳои китоб маълум мегардад.

Чизи дигар ин аст, ки мувофиқи талабот китоби дарсӣ бояд дар асоси барномаи таълимӣ таҳия ва таълиф карда шавад. Вале китобҳои дарсие ҳастанд, ки бе нашри барнома аз ҷониби муаллифон таълиф ва ба нашр мерасанд. Ба ин мисол шуда метавонад китобҳои «География» (барои синфҳои 6,7,8,9), ки то ҳол барномаи нави худро надоранд. Омӯзгори географияи литсейи №1-и ноҳияи Зафаробод Мирзо Рамазониев дар ҳамин масъала қайд намуд, ки китоби дарсии «География» барои синфи 9 ҳаҷман калон буда (352 саҳифа), омӯзгорону хонандагонро лозим меояд, то дар ҳар дарс 10 саҳифаи китоби зикршударо мутолиаву аз худ намоянд, ки ин ҳолат ба синну сол ва психологияи хонанда, ҳатто ба донишҷӯёни ихтисосҳои география мушкилиро ба бор меорад. Мушкилии дигар ин аст, ки матни китоби дарсии синфи 9 (география) пур аз ғалатҳои илмист, ки хонанда ва омӯзгорро ба иштибоҳ меандозад. Дар китоби дарсии номбурда ғайр аз тақсимоти фаслҳо, ки 6-то мебошад, тақсимоти мавзӯъҳо умуман дида намешавад. Пас, хонанда ба омӯзгор чӣ тавр мавзӯъҳоро тақсим кунад? Ҳадаф аз гуфтан ва ошкор намудани ғалатҳои китоби дарсӣ танҳо беҳтар кардани сифати таълими фанни география мебошад. Хуб мешавад, ки барномаи таълимӣ ва китоби дарсии «География» барои синфи 9 таҷдиди назар карда шавад. Дигар ин ки, пеш аз нашр шудани китоби дарсӣ ҳайати таҳририя ва муаллифон китобро пурра омӯзанд ва камбудиву хатоии илмии китобро бартараф намуда, баъд ба чоп диҳанд. Бояд тавзеҳ бахшид, ки чандин сол боз камбудиҳои ину он китоби дарсӣ такрор ба такрор аз ҷониби омӯзгорону устодон ошкор ва хотирнишон карда мешавад, аммо аз чӣ бошад, муаллифон он саҳву хатоҳоро айнан меоранд. Корманди ДҶТИБКСМ, омӯзгори собиқадор Имомназари Холназарро номушаххасию носаҳеҳии фикри муаллифони китоби дарсӣ ба ҳайрат овардааст. Ӯ иброз дошт, ки шумораи садонокҳо дар китоби «Забони  тоҷикӣ» (синфи 1, муаллифон А.Байзоев, А.Аҳмадбекова, Г.Машокирова, Ҷ.Зубайдова ва Ҷ.Абдуллоева) 7- то нишон дода шудааст. Аммо дар боби 2-и ҳамин китоб дар мавзӯи «Имлои садонокҳо» ин теъдод 8-то нишон дода шудааст. Мавсуф, ҳамчунин, изҳор дошт, ки дар китоби забони давлатӣ барии синфи 9 машқҳо ва шеърҳо аз ҷиҳати моҳият ниҳоят сода буда, теъдодашон кам мебошад. Машқҳо асосан дар синф иҷро карда мешаванд, барои вазифаи хонагӣ машқ нест. Дар китоби забони тоҷикӣ барои синфи 10 мавзӯъҳо бе шарҳу тавзеҳ оварда шуда, машқҳои пешниҳодшуда нихоят мушкил мебошанд. Дар китоби «Адабиёт» (барои синфи 5) бошад, матнҳое, ки калимаи арабӣ доранд, бештар оварда шуда, луғат кам аст.

Хушбахтона, китобҳои дарсие ҳастанд, ки аз ҷониби омӯзгорону устодон хуш пазируфта шудаву бо муҳтавои баланд, забону сабку услуб ва нигориш фаҳмою нишонраси муаллифон фарқ карда меистанд. Ба тасдиқи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики гимназияи №2-и ноҳияи Шоҳмансур Муродалӣ Наҷмиддинов китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфи 5) ва «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 8) аз ҳамин қабил ба шумор мераванд.

(Давом дорад)

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш