Чанд сол қабл дар деҳаи Куҳандиёри ноҳияи Фархори вилояти Хатлон будам ва бо момои Муродгул суҳбати ширине доштам. Бо инсони солманду рӯзгордида суҳбат намудан аҷаб кайфияте дорад, махсусан, ба ҷавонон чун саҳифаҳои китоби дарсӣ омӯзанда мебошад.
Як паҳлуи аҷибу пурасрори зиндагии момои Муродгул ҳунармандии ӯст. Бо ҳунари худ ӯ солиёне дарозе таъмини маоши оилаашро ба роҳ гузоштааст. Назар ба қавли ӯ, дар оилаашон шаш нафар - панҷ писару як духтар будаанд. Модари ҳунармандаш ягона духтарашро низ ҳунармандӣ омӯхта буд. Ин дарси модар баъдтар барои Муродгул кор додааст. Вақте Муродгули ҷавон оиладору фарзанддор мешавад, нахуст барои ҳамаи фарзандони худ либосу ҷиҳози арӯсиву домодӣ омода мекунад. Овозаи ҳунари ӯ дар деҳа паҳн мешавад ва ба ӯ таваҷҷуҳ пайдо мекунанд. Барои аҳли деҳа ҷомаю тоқии гулдӯзӣ, чодару либосҳои арӯсӣ, либоси махсус барои шаҳбачаҳои хурдсол, рӯйпӯш ва дастпӯшакҳои гаҳвора, сӯзанию шерозаҳо, чодарҳои қуроқӣ медӯхту овозаи ҳунараш дар ҳудуди хоҷагиву ҷамоат паҳн гашта буд. Дар он давра қуроқдӯзӣ ё худ порчадӯзӣ хеле рушд карда буд. Он ба қавле мӯд буд. Аз порчаҳои матоъ нақш офарида онҳоро пайваст менамуданд. Ин амал тариқи дӯхтани резаҳои матоъ сурат мегирифт. Он солҳо қуроқдӯзӣ оину суннатҳои хоси худро дошт, ки имрӯз низ онҳо аз байн нарафтаанд. Махсусан, либосҳои қуроқӣ ба худ ҳар гуна ҳикматҳоро фаро мегирифтанд. Одамон ақида доштанд, ки гуё ҷомаҳои қуроқӣ бо рангорангиҳои порчаҳо одамро аз балоҳои замину осмонӣ нигоҳ медорад. Онро мӯҷиби барҳам задани чашму ҳасадҳо мешумориданд. Дар рӯзи ҳафтрӯзагии кӯдак модарбузурги кордидаи хона порчаҳои хурди матоъҳоро ҷамъ оварда, бо нияти неки дарозумриву тансиҳатии кӯдак ба ӯ пероҳани хурд дӯхта, то баромадани чилрӯзагӣ мепӯшонданд. Онҳое, ки тифли дардманд дош-танд, гаҳворапӯши гаҳвораро ҳатман аз қуроқ медӯхтанд ва умед доштанд, ки бо ин роҳ тифл аз дард наҷот меёбад. Барои хушбахт шудани арӯс барояш чодари қуроқӣ медӯхтанд. Барои фаровон шудани ризқи навхонадорон дар назди домоду арӯс дастурхони қуроқӣ мепартофтанд. Кӯрпаю болиштҳои қуроқӣ рамзи то охири умр дар бари ҳамдигар буданашон буд. Қуроқдӯзӣ сарҷамъиву муҳаббату дӯстиро ифода мекард. Як хосияти қуроқдӯзӣ аст, ки дар он танҳо ба як нақшу тасвир афзалият дода намешавад ва ҳама нақшҳову порчаҳо дар як мавқеъ ба назар мерасанд. Бо он сабаб, ки қуроқ силсилаву порчаҳоро ба ҳам оварда, як нақши куллро ташкил медиҳад, онро нишони бародариву баробарӣ медонистанд.
Момои Муродгул имрӯз низ ҳавасу муҳаббати қуроқдӯзии солҳои пешинро аз дил дур накардааст. Ба келину духтарон ва набераву духтаракони ҷавону ҳунарманд доим талқин менамояд, ки ҳунари бибиҳову модаронро хор накунанд. Ӯ мехоҳад, ки ин ҳунарҳо аз насл ба насл идома ёбанд. Ҳамеша таъкид мекунад: «Ҳар як ҳунар ва маҳсули ҳунар хосияту ҳикмат дорад, ки онро аҷдодони мо асрҳо гуфтаанд. Пас мо низ бояд ба дигарон ин асрорро ба мерос гузорем».
Соли 2018 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз ин иқдоми Роҳбари давлат момои Муродгул хурсанд аст ва мегӯяд: «Чун як фарзанди деҳоту кӯҳистони тоҷик анъанаву ҳунарҳои меросиро қадр менамоям. Фурсати қулай фаро расидааст, ки ҷавонон ба анъанаҳои миллӣ майлу рағбат пайдо кунанд».
Заррина СОБИРОВА,
коромӯзи ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр