Аҳли хирад таъкид кардаанд, ки ҷаҳони мо аз чаҳор унсури азал иборат аст ва дар ин чаҳоргона об мавқеи муҳимтар дорад. Мардум «Об ҳаст, ҳаёт ҳаст» гуфтаанд, ки ин ҳикмат то кадом дараҷа нақши барҷаста доштани обро дар зиндагии одамон равшан инъикос менамояд.
Дар ҳақиқат, ба шарофати об рӯзгорони мо зебою шукуфо, танамон солиму неруманд, ҳосил фаровон, гулу гиёҳ тозаву тар аст. Об зиндагии моро ҳусну тароват, файзу бақо мебахшад ва тозагии муҳитро таъмин месозад. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати беназир бояд расид, онро покиза бояд нигоҳ дошту сарфакорона истифода бояд кард. Дар айёми мо вобаста ба бисёр масоилу мушкилоти глобалӣ об ҳамчун сарвати башарият аҳамияту моҳияти бештаре пайдо кардааст. Инро Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр амиқу дақиқ дарк кардаанд ва аз ин ҷост, ки вобас-та ба масоили об дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста ба пешниҳоду ташаббусҳои муҳиму башардӯстона баромад мекунанд. Соли равон дар саросари олам Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» оғоз ёфт, ки ин тадбири башардӯстона иртибот ба пешниҳоди Президенти ҷумҳурии мо дорад ва мо аз ин ифтихормандем. Қаблан ҳам оид ба ин мавзӯъ дар заминаи ташаббусҳои Сарвари кишвари тоҷикон ва қатъномаҳои СММ чанд тадбири пурманфиат дар миқёси ҷаҳон амалӣ шуда буд.
Маълум, ки Тоҷикистони мо аз оби тоза ва захираҳову сарчашмаҳои он хеле сарватманд аст, вале дар қисмати зиёди сайёраамон мардум аз нокифоягии оби нӯшиданӣ азият мекашанд ва ҳатто, бино ба нишондодҳои оморӣ, аз нарасидани об ва аз ноилоҷӣ нӯшидани оби ифлос ҳар сол қариб панҷ миллион сокини сайёра мефавтанд, ҳудуди се миллион нафар ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Ҳамчунин, муқаррар шудааст, ки дар ҷаҳон беш аз як миллиард нафар пайваста дар пайи дарёфти оби нӯшиданианд ва дар ин ҷода азият мекашанд. Он ҳақиқат ташвишовар аст, ки захираҳои оби тоза дар тамоми дунё сол то сол коҳиш меёбанд. Тақрибан ҳаштод давлати ҷаҳон дар дастрасӣ ба оби тоза ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳанд. Ҳоло дар миқёси олам хариду фурӯши оби тоза пайваста вусъат меёбад. Мувофиқи ахбори расонаҳои муътабар, чанд сол аст, ки кишварҳое чун ИМА, Олмон, Норвегия, Арабистони Саудӣ аз ҳамсоядавлатҳои худ (Канада, Шветсия, Нидерландия, Малайзия) оби тоза харидорӣ мекунанд. Дар оянда, назар ба пешгӯии мутахассисон, харидуфурӯши об байни кишварҳо боз ҳам бештар мегардаду қимати он меафзояд. Дар иртибот бо ин ҳолат масъалаи хеле муҳим – истифодаи сарфакорона ва оқилонаи об ба миён омадааст. Истифодаи дурусти об баракати онро меафзояд. Мутаассифона, дар бисёр давлатҳои ҷаҳон (то ҷое дар мо низ) ба маданияти истифодаи об риоя намекунанд. Чунончи, ба оби ҷӯю дарёҳо партовҳои гуногунро меафкананд, ҷумаки обрезаҳоро беҳуда кушода мемонанд, оби изофаро захира накарда, ба ҳар сӯ мепартоянд… Ин ҳолат тақозо дорад, ки аз ҷумла, дар мактабҳо тарбияи эҳтиром ба об ва сарфаю истифодаи оқилонаи он пурсамару пуртаъсир ва бавусъат ба роҳ монда шавад. Воситаҳои ахбори умум дар ин мавзӯъ мақолаҳои муҳтавоманд ба нашр расонанд…
Бар он бояд бикӯшид, ки наврасон дар бораи об ва аҳамияту моҳияти он ҳар чӣ бештар маълумот дошта бошанд, дар истифодаи сарфакоронаи он ҳиссагузорӣ намоянд, ба ифлос кардани обҳои тоза роҳ надиҳанд. Яке аз ҳадафҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» низ ҳамин аст.
Шоҳида Мутаҳарова,
омӯзгори забони англисӣ,
шаҳри Панҷакент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр