Бо ибтикори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри боло бурдани тарбияи маънавии ҷавонон ва тарғибу ташвиқи фарҳанги китобхонӣ дар назди бинои факултаи санъат марафони китоб таҳти унвони «Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст» баргузор гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ба устодон ва донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои силсилавии умумидонишгоҳӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Сипас, озмун-викторинаи фарҳанги китобдорӣ ва китобхонӣ, ки аз қисматҳои қироати шеърҳои шоирони ҷавон, шеърҳо дар васфи баҳор, байтҳо дар васфи китоб, дониш ва илм, қироати порчаҳо аз «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ, муаррифии ихтироот ва расми беҳтарини донишҷӯён, озмуни китобхони беҳтарин ва байтбарак байни донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқ иборат буд, оғоз ёфт. Донишҷӯён аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат намуда, дастовардҳои илмии хешро ба намоиш гузоштанд.
Дар марафони китоб аз ҷониби ректори донишгоҳ беш аз 500 китоб ба махзани китобхона туҳфа гардид. Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ нашриётҳои «Ношир», «Хуросон» ва «Муассисаи давлатии маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва инчунин, факултаҳову кафедраҳои умумидонишгоҳӣ фаъолона иштирок варзида, китобҳои тозанашри хешро ба китобхона тақдим карданд.
Аҳли оилаи профессор Атахон Сайфуллоев дар доираи марафони китоб ба китобхона беш аз 1100 нусха китобро ҳамчун туҳфа супориданд ва ба ин муносибат бо фармони ректори донишгоҳ дар китобхона фонди профессор Атахон Сайфуллоев ташкил карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар марафони китоб ба махзани китобхонаи марказии донишгоҳ беш аз 3 ҳазор китоб ҳамчун туҳфа ворид гардид.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр