Нашрияи Омӯзгор

Фарзона - ғолиби  озмуни «Шукӯҳихонӣ»

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бахшида ба 95-солагии шоири ширинкалом Аминҷон Шукӯҳӣ дар доираи чорабиниҳои Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» озмуни «Шукӯҳихонӣ» баргузор гардид.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ширкат намуда, аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд.

Тибқи хулосаи ҳакамон хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 Фарзона Худойназарова ғолибиятро ба даст оварда, ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифт. Ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш