Нашрияи Омӯзгор

Бо усули ҳашар

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72–и Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ  соли 1994 барои 460 хонанда пешбинӣ шуда буд ва  тӯли ин солҳо норасоии ҷойи нишаст ба вуҷуд омад.

Соле қабл бо талошу кӯшишҳои раиси Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ Қандил Каримов ва раиси маҳаллаи деҳаи Қиблаӣ Зиёдулло Шоев сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди бинои асосии муассиса шурӯъ гардид. Дар ҷараёни сохтмон устоҳои моҳири деҳа сарҷамъона ва бо усули ҳашар аз маводи сохтмонии баландсифат истифода намуданд. Дар арафаи  28-умин солгарди Истиқлолияти миллӣ сохтмони ин синфхонаҳо ба анҷом расид.  Дар рӯзи ифтитоҳи синфхонаҳо муовини раиси ноҳия  Раҷабалӣ Ашӯрзода  ва  сардори  раёсати маорифи ноҳияи Абдуҷаббор Абдураҳимзода иштирок намуданд.

Рӯзҳои наздик  боз таҳкурсии ду синфхонаи иловагӣ дар назди бинои асосии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 гузошта хоҳад шуд.

Фарҳод ХОЛИҚОВ,

омӯзгор,  ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш