Нашрияи Омӯзгор

Ду таълимгоҳи нав дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

25 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182-ро, ки дар деҳаи Ҷӯйбодоми ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, 4 кабинети фаннӣ: химия, физика, математика, биология, 4 синфхонаи таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарон ва духтарон, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо ду утоқи алоҳидаи китобхонӣ ва 18 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассиса баҳои баланд дода, аз фароҳам шудани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли ояндаи миллат ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 150 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст ва дар он барои хонандагон хӯрокҳои гарму болаззат пешниҳод мегардад. Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани насли наврасу ҷавон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 240 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.

Толори варзишӣ асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст. Дар толори мазкур хонандагон имкон доранд дар рафти машғулиятҳои варзишӣ ба обу тоби бадан машғул шаванд.

Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар муассисаи навбунёди таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 185 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Барои зебою назаррабо гардидан саҳн ва атрофи муассисаи таълимӣ майсазор карда шуда, дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст, ки бо низоми муосири обёрӣ таъмин мебошад.

Иншооти дигари ёрирасони муассиса шабакаи обрасонист, ки аз қаъри 80 метр об кашида шуда, ба муассиса интиқол дода мешавад. Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои таълимӣ 20 адад камераи назоратӣ насб гардидааст.

Дар саҳни муассисаи таълимӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо омӯзгорону хонандагон аз шароитҳои муҳайё-гардида ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Оли Сомон»-и деҳоти “Зайнабобод” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҷаббор Қурбонов дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Муассисаи таълимӣ дар як қисми заминҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85, ки соли 1963 сохта шуда буд, бунёд гардидааст.

Дар мактаб барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст. Тавре ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар ин мактаби типи нав бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот 13 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия ва технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур ва имкониятҳои хуби таълимии он, ҳайати 25-нафараи омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилотро баланд бардошта, хонандагонро аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор намоянд.

Зимни боздид Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд. Инчунин, ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро Сарвари давлат беҳтарин туҳфа ба хонандагон ва омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ арзёбӣ карда, вобаста ба ин, аз кормандони соҳаи маорифи ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон саҳми арзанда гузоранд. Чунки пешрафти давлатдории миллӣ аз рушди соҳаи маориф вобастагии амиқ дорад.

Ба маълумоти масъулин, марҳилаи дуюми сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ояндаи наздик шурӯъ мешавад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти бунёдшаванда маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш