Нашрияи Омӯзгор

«Беҳтарин кабинети методӣ» муайян шуд

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

20-21 апрели соли равон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети методӣ»-и соли 2018 дар литсейи Президентии ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакии шаҳри Турсунзода баргузор гашт.

Дар озмун ғолибони даври аввали кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии Конибодоми вилояти Суғд, Фархори вилояти Хатлон, Рӯдакии тобеи маркази ҷумҳурӣ ва Роштқалъаи ВМКБ ширкат карданд.

Мудирони кабинетҳои методӣ силсилаи маводеро пешниҳод карда буданд, ки  аз натиҷаи кору фаъолияти кормандон дар таълимгоҳҳо ва аз дурнамои кору заҳмати   босамари онҳо башорат медод. Талаботи озмун, агарчанде аз рӯйи даҳ шарт пешниҳод шуда бошад ҳам, вале маводи кабинетҳои методӣ фарогири фаъолиятҳои боз ҳам густурда буд.

Баррасии ҳакамон нишон дод, ки кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои  маорифи ноҳияи Рӯдакӣ (мудир С. Фозилов)  ва ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ (Ф. Паҳлавонов) дар омӯзишу паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ натиҷаҳои хубтарро ба даст овардаанд. Маълум гардид, ки дар 121 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ 5458 нафар омӯзгор аз фаъолияти кабинети методии раёсати шуъбаи маориф доимо бархӯрдор буда, бо ҳар навгонӣ дар соҳаи таълиму тарбия сари вақт огоҳ мегарданд. Кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа дар иҷрои нақшаи кору фаъолияти мушовирони кабинети методӣ, доир намудани семинар-машваратҳои дастурдиҳӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ таҷрибаи муфид ба даст овардааст.

Дар раёсати шуъбаҳои маорифи шаҳри Конибодом ва Фархор кабинетҳои методӣ (мудирон И. Бобоҷонов ва И.Фозилов) дар тақсимоти воҳидҳои корӣ, ҷобаҷогузории мушовирон, омӯзишу аз курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ва ба ин васила дар муассисаҳои таълимӣ хубтару беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия  дастовардҳои назаррас доранд.

Дар ҷамъбасти озмун кабинети методии раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ    ба даҳ номгӯи шарти озмун нисбат ба дигар кабинетҳои методӣ  маводи ҷолибу омӯзанда пешниҳод карда, холҳои бештарро ба даст овард ва ғолиби «Беҳтарин кабинети методӣ-2018» гардид. Ғолиби озмун бо ифтихорнома ва ду ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.

 

Б.ҲУҶҶАТӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш