Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкориҳо самароваранд

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 847        Шарҳ: 0

Маълум, ки таълим ва тарбияи инсони ба талаботи замон мувофиқ ва донандаи техникаву технологияҳои навтарин бо фаъ-олияти мутақобили оилаву омӯзгор ва ҷомеа робитаи мустаҳкам дорад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеа ба масъалаи ватандорию ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, таъкид намудаанд: “Асоси тафаккури нави сиёсӣ  ва фарҳангии насли ҷавонро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти марзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои  сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад, пойдевори тарбияи ватандӯстии насли ҷавонро фаро гирад”.

Ҷавонон аз он сарафрозанд, ки Ватани азизашон фарзандони фарзонае чун Темурмалик, Восеъ, С. Айнӣ, М.Турсунзода, Б. Ғафуров, Ш. Шоҳтемур, Н. Махсум  ва садҳои дигарро  дар оғӯши худ ба камол расонидааст. Ватандӯстӣ неруи ахлоқии насли наврас буда, саъю кӯшиши ононро баҳри шукуфоии диёр ва ҳимояи марзу буми он равона месозад.

Ташаккули тафаккур ва дӯст доштани Ватан аз овони кӯдакӣ аз дарки муҳаббат ба волидон, хешу пайвандон ва нафарони наздик (дӯстон ё дугонаҳо) шурӯъ мешавад. Дар заминаи ин раванд дарки муҳаббат ба Ватан низ ташаккул ёфта, тадриҷан устувор мегардад. Биноан, дар хурдсолон инкишоф додани ҳисси муҳаббат ба падару модар, аҳли ҷомеа ва зодгоҳ яке аз самтҳои кори ҳама гуна муассисаҳои таълимии кишвар дар самти тарбияи ҳисси ватандӯстӣ мебошад.

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ дар ҷараёни машғулиятҳои таълимиву тарбиявии омӯзгорон аҳамияти калон дорад. Муҳассилин дар рафти омӯзиши фанҳои таълимӣ бо беҳтарин намояндагони соҳаҳои илм, фарҳанг, адабиёт ва ғайра шоносоӣ пайдо мекунанд. Барои ба миён овардани ҳиссиёти ватандӯстӣ дар насли наврас омӯзиши дониш воситаи маҳим маҳсуб меёбад.  

Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҷараёни мураккаб буда, он вақт самара медиҳад, ки дар рафти таълиму тарбия, вобаста ба синну соли хонандагон, ба амал бароварда шавад. Дарки муҳаббат ба Ватан дар аҳли олам аз овони хурдсолӣ дар оила ва муассисаҳои омӯзишӣ ташаккул меёбад. Барои хуб ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстӣ дар насли наврас дурдонаҳои безаволи аҳли адаби адабиёти классику имрӯза мавқеи аввалиндараҷа дошта, корбасти намунаҳо аз осори аҳли қалам дар дунёи ботинии насли наврас ҳиссиёти ватандӯстиро бедор намуда, онҳоро ҳамчун фарзандони ба талаботи замон мувофиқ, донандаи техникаю технологияҳои навтарин, бофарҳанг ва номбардорони ниёконашон ба воя мерасонад. Бояд гуфт, ки мутолиаи осори насрии фарогири мавзӯоти ватандӯстию ватанпарварӣ низ яке аз роҳҳои хуби тарбияи ҷавонон дар самти ташаккули тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.

Робитаи ҳамҷояи мактаб ва оила яке аз самтҳои пурсамари тарбияи дурусти насли наврас буда, ин амал метавонад дар раванди корҳои таълимиву тарбиявӣ нақши муассир гузорад.

Шаҳбоз ГУЛОВ,

Муллоохун САФАРЗОДА,

омӯзгорони мактаби №17-и

ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш