Нашрияи Омӯзгор

Тарбия масъулият аст

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

Дар тарбияи дурусту ҳадафманди кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавқеи муҳим дорад. Тифл ба ин даргоҳ пой гузошта, бо дунёи наву муҳити қаблан барояш ноошно шинос мешавад. Дар кӯдакистон кӯдак бо  ҳамсолонаш  вохӯрда, дӯстони нав пайдо мекунад ва бо онҳо унс мегирад. Тавассути машғулиятҳо дари илму маърифат ба рӯяш боз мешавад. Мураббиён бо китобу дафтар ва дигар воситаҳои аёнии таълим ӯро ошно месозанд. Машғулиятҳои рангину хотирмон гузаронида, ҳарфҳоро меомӯзонанд. Тифл ба расму мусаввараҳо, суратҳои ҷилодори китобҳои пурасрор аз наздик шинос мешавад.

Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 126-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри  Душанбе барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Мураббиҳои меҳрубону ғамхор кӯдаконро аз рӯзи аввали ба муассиса омаданашон бо толорҳои машғулиятгузаронӣ, ки мувофиқ ба синну солашон муҷаҳҳаз гардидаанд, ошно месозанд. Дар ин макон на танҳо ба таълим, балки ба тарбияи кӯдакон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Барои эътибор пайдо кардан дар назди кӯдак мураббиро лозим меояд, ки худ дар гуфтору рафтор намунаи ибрат бошад, зеро тифл дар ҳар амалу ҳаракати мураббия пайравӣ мекунад.

Моро зарур аст, ки фарзандонамонро аз айёми тифлӣ дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем.

Дилором  Темирова,

мураббии кӯдакистони рақами 126,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш