Нашрияи Омӯзгор

«Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” баргузор гардид. Мақсад аз баргузории озмун дар-ёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидани ҳунари сарояндагӣ, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, Тоҷикистон мебошад.

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” аз 20 июн то 2 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Озмун аз рӯи номинатсияҳои ровӣ, шоирӣ, оҳангсозӣ, навозанда: навозандаи анъанавӣ, академӣ, эстрадӣ, сарояндагӣ: эстрадӣ, анъанавӣ, академӣ гузаронида шуд.

Аз 16 то 19 сентябри соли 2019 дар толори “Кохи фарҳанги Суғдиён”- и шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” бо натиҷаҳои назаррас дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ бо иштироки ғолибони даври аввали 18 шаҳру ноҳияи вилоят гузаронида шуд.

Аъзои ҳакамони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Абдувалӣ Абдурашидов,   Ортиқи Қодир, Толиби Озарахш - Шоири халқии Тоҷикистон, Сангалӣ Ҳомидов - муовини раиси Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олим Юсуфов - директори Маркази илмӣ - методии раёсати фарҳанги вилоят - котиби озмун буданд.

Ҳакамон ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” - ро аз рӯи талаботи низомнома муайян намуданд.

 Шоҳҷоиза насиби Муштарӣ Сафарова аз шаҳри Панҷакент гардид. Ҷои аввал аз рӯи номинатсияи ровӣ насиби Муҳамммадиқболи Оқил (шаҳри Панҷакент), номинатсияи шоирӣ насиби Толиби Луқмон (шаҳри Хуҷанд), навозандаи анъанавӣ - ансамбли Созҳои миллии “Дилнавоз”- и Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (шаҳри Хуҷанд), навозандаи академӣ Дилрабо Убайдуллоева (шаҳри Хуҷанд), навозандаи эстрадӣ Абдукарим Абдураҳмонов (шаҳри Хуҷанд), сарояндагии анъанавӣ Шуҳрат Набиев (ноҳияи Ҷ. Расулов), сарояндаи академӣ Далери Исматулло (шаҳри Панҷакент), сарояндаи эстрадӣ Дилноза Каримова (шаҳри Хуҷанд) ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба даври ҷамъбастии ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” роҳхат гирифтанд.

 Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш