Нашрияи Омӯзгор

Сухан Рӯдакивор неку бувад

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Аз соли 2002 инҷониб дар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи устод Рӯдакӣ  бо баргузории конфронс, маҳфилу ҳамоишҳо  дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва илмии кишвар дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамин гуна як маҳфили бошу-кӯҳ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки нависандагону шоирони кишвар ба вуқӯъ пайваст. Дар оғоз муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда,   таъкид намуд, ки устод  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин суханварест, ки бо офаридани ашъори безаволи хеш дар  таърихи адабиёти форсу тоҷик мондааст.  Ӯ рамзи ҳофизаи таърихии мост, ки бо хондани ашъораш ифтихор аз фарҳанги ғании гузаштаамон мекунем. Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Гулрухсор ва муҳаққиқ Рустами Ваҳҳоб оид ба паҳлуҳои гуногуни   эҷодиёт, забон ва латофату нафосати ашъори устод Рӯдакӣ суханронӣ намуда,  аз эҷодиёти Одамушшуаро шеърҳо қироат карданд.

Сипас, А. Мирхоҷа адибонеро, ки соҳиби ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи  устод Айнӣ ва Турсунзода гардидаанд, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Боиси хушнудист, ки дар миёни ин гурӯҳ ҷонишини сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор», адиби ҳаҷвнигор ва рӯзноманигори хушсалиқа Абдурауф Муродӣ низ буд, ки барои китоби «Пайкори мӯрон» ба Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сазовор гардидааст.  Дарвоқеъ, А. Муродӣ бо осори ҳаҷвиаш дар ташаккули ҳаҷви тоҷик нақши бориз дошта, китоби «Пайкори мӯрон», ки  фарогири нуктаҳои зарофатангезу ҳаҷвӣ мебошад, аз як тараф, камбудиву мушкилоти ҷомеаро ошкор намояд, аз ҷониби дигар, дар адабиёти тоҷик  асари тоза маҳсуб меёбад.

Ба ин муносибат бори дигар аҳли қалами ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамкори худ, адиби номвар Абдурауф Муродиро  барои сазовор гардидан ба ин ҷоизаи пурнуфуз табрику таҳният намуда, дар ҷодаи кору эҷод ба ӯ комёбиҳои навин таманно доранд.

Н. ОХУНЗОДА,                                                                      

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш