Нашрияи Омӯзгор

«Стратегияи миллии рушди маориф»: вазъ ва дурнамо

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Ҳафтаи гузашта дар толори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо ибтикор ва иқдоми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии  такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушди маориф: вазъ, мушкилот ва натиҷаҳои татбиқи он» конфронс баргузор гардид.

Дар оғоз ноиби  президенти АТТ Ирина Каримова қайд кард, ки аз қабули «Стратегияи миллии рушди маориф» 6 сол сипарӣ мегардад ва то татбиқи ниҳоии он 3 соли дигар мондааст. Дар самти татбиқи ин ҳуҷҷати муҳим корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, мушкилот боқӣ мондаанд.  На ҳамаи мутахассисон (омӯзгорони ҷавон) ҳирфаӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯянд.

Корманди АТТ Д.Имомназаров дар масъалаи гузариш ба таҳсилоти 12-сола гуфт, ки ҳадафи асосии он бунёди муҳити таълимӣ, пурзӯр намудани талабот оид ба сатҳи  донишҳои назариявӣ ва амалии хонандагон, истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ ва иртиботӣ дар раванди таҳсил бо назардошти омилҳои психологӣ ва педагогӣ, ворид сохтани тағйироти куллӣ ба сохтор ва мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ, риояи ҳуқуқи хонанда ба гирифтани маълумоти босифат бо дарназардошти талабот ба майлу хоҳиши ӯ ва амсоли ин ба шумор меравад. Номбурда зикр кард, ки  раванди гузариши ба низоми таҳсилоти 12-сола бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №207 «Оид ба Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҶТ» ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар 216 мамлакати дунё низоми таҳсилоти 12-сола амал мекунад, дар 32 давлат таҳсил аз синни 5 дар 129 кишвар аз 6-солагӣ, 23 давлат аз 7-солагӣ ва дар 25 мамлакати олам таҳсилоти 13-сола аз 6-солагӣ  роҳандозӣ шудааст. Зарурати асосии гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-сола аз мутобиқ сохтани мазмуни таълим (синфҳои 1-5), мактаби асосӣ (синфҳои 6-10) ва мактаби миёна (синфҳои 11-12) ба талаботи замон мебошад. Муовини ректори ДҶТИБКСМ Шоҳсафар Акобиров дар мавзӯи «Такмили ихтисос: вазъ ва стратегияи рушд» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар 5 соли охир фарогирии устодон ва омӯзгорони фанҳои математика ва химия ба  курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ 76%-ро ташкил медиҳад.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳо банақшагирии аз қабл тарҳрезишуда ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мавҷуд нест. Масъулони иртиботманди ҳукумати шаҳру ноҳияҳо маблағи хароҷоти омӯзгорони ба курсҳои такмили ихтисос сафарбаршударо сари вақт пардохт намекунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки маблағгузории мутамарказонидашудаи таъмини омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба роҳ монда шавад.

Мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии методию таълимӣ Ҳ.Исматов дар бораи дастуру рисолаҳо  ва адабиёти иловагии ёрирасоне, ки муассиса тайи солҳои охир таҳия ва нашр намудааст, маълумот дод. Зикр шуд, ки то имрӯз аз 166 ихтисосе, ки дар муассисаҳои таълимӣ омӯзонида мешавад, Стандарти таълимӣ барои 88 ихтисос таҳия ва омода карда шудааст. Ректори ДҶТИБКСМ Хоналӣ Қурбонзода изҳор дошт, ки гузаронидани конфронси мазкур иқдоми нахустин аст дар раванди татбиқи «Стратегияи миллии рушди маориф».

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш