Нашрияи Омӯзгор

100 нафар – аъзои маҳфилҳои фаннӣ

Сана: 2019-10-26        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Ба наздикӣ дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилоятии минтақаи Кӯлоб бахшида ба қабули хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ чорабинии «Дарҳои боз» бо иштироки аъзои маҳфилҳои МТИ-и минтақаи Кӯлоб ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор гардид. Онро Давлат Маҳмадов, ҷонишини директори МТИ-и минтақаи Кӯлоб ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти маҳфилҳои муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб маълумот дода, иброз намуд,  ки ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои гуногуни фаннию эҷодӣ, раҳнамоии онҳо ба корҳои эҷодкорию ихтироъкорӣ, фаъол гардонидани маҳфилҳои кӯдакону наврасон, бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба кишвари маҳбуб мебошад. Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз намоишгоҳи корҳои эҷодкорию созандагии аъзои маҳфилҳои «Дӯзандагӣ», «Ихтироъкорони наврас», «Компютерӣ», «Сайёҳони наврас» ва «Шашкаю шоҳмот » дидан намуданд. Дар чорабинӣ 100 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлобро ба маҳфилҳои дӯстдоштаи худ ба узвият қабул намуданд.

Ш. АБДУЛҲАМИД,  «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш