Нашрияи Омӯзгор

Ҳунармандӣ сарбаландист

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

Ҳунаромӯзӣ, рӯ овардан ба касбу ҳунарҳо беҳтарин ва беминнаттарин амалҳост. Шахси ҳунарманд ҳамеша  болонишину соҳибэҳтиром аст. Хушбахтона, бо эълони Солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ (2019-2021) бисёр ҳунарҳои зебову нотакроре, ки  ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав эҳё шуданд, рушд ёфтанд.

Тамошои офаридаҳо аз ҳунарҳои  гуногуну нотакрори  мардумӣ ба ҳар яки  мо таъсири гуворо мерасонад. Қаблан дар кишварамон соли 2018 Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ эълон шуда буд.

Албатта, барои ҳунарҳои мардумиро хубтар ва бештар муаррифӣ кардану барои мардум пешкаш намудан як  сол хеле камӣ мекард ва аз ин рӯ, хуб шуд, ки он идома (ба муҳлати се сол) дарёфт.

Дар рафти таълими меҳнат мо, омӯзгорон, ба шогирдони хеш ҳунарҳои  зебои  миллиамон, чун гулдӯзӣ, шерозадӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дӯхтани  ҳар гуна либосҳову пухтупази таомҳои  миллиро меомӯзонем. Ба касбу ҳунар рӯ овардани  мактаббачагон омили  хеле муҳим аст, барои  зиндагии онҳо манфиатовар мебошад. Меҳри меҳнат кардан ва ҳунаромӯзиро  дар ҷавҳари  кӯдакон ҷой додану тарбия  намудан вазифаи муҳими  аҳли  таълим аст.

Имрӯз духтарон – шогирдони мо дар синфхонаи  таълими меҳнат  бо диду  завқи хеш аз риштаҳо ҳар гуна либосҳо, гарданбанд ва ҷӯробҳо медӯзанду мебофанд. Аз ришта, инчунин, гулдон, гулҳо месозанд. Бо муҳраҳо кор кардан бошад, аз завқи  баланди  ҳар як шахс вобастагӣ дорад. Дар намоишгоҳҳои  ҳунарӣ дидани ҳунарҳои  зебову нотакрор ба завқи  эҷодкории наврасон таъсири амиқ мегузорад, дар онҳо рӯҳияи меҳнатдӯстиро мепарварад.

Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои интихоби касб, омӯхтани ҳунарҳои гуногун, махсусан, баҳри  духтарон кумакрасон гардид. Имрӯз мо худ шоҳид ҳастем, ки  ҳунарҳои  атласу адрасбофӣ, гулдӯзӣ  дар матоъҳо ва либосу  ашё, болишу лӯлаҳо, чойникпӯшаку бодбезакҳо ва ғайра равнақ пайдо мекунанд. Ин, албатта, айни муддаост.

Шахси боҳунарро «дас-таш гул» мегӯянд. Шахси  ҳунарвар бо заҳмату бо ҳунари дастон зиндагии хешро  обод менамояд. Ҳамчунин, ҳунарварӣ шахсро таҳаммулгарою эҷодкор ва зебоипараст мекунад.

Зулфия РАҲМАТУЛЛОЕВА,

омӯзгори мактаби №67,

 ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш