Нашрияи Омӯзгор

Сарез- нозанине хуфта дар дили кӯҳсор

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

Агар дунё  амсоли   уқёнус  мебуд  ва уқёнус дурдонаи ноёб медошт, пас ҳамин дурдонаи ноёб Кӯҳистони Бадахшони мебуд. Миёни кӯҳҳои сарбарфалаккашида, дар оғӯши пастхамиҳои кӯҳсорон нозанине бо пироҳани осмонӣ хуфтаасту зебоӣ ва ҷилову покиаш ба кас рӯҳу равони тоза мебахшад.

Ҳар кас, ки боре ин муҷизаро аз наздик дидааст,  аз шоҳкориҳои табиати афсункори Тоҷикистон ангушти ҳайрат газидааст.

Кӯли Сарез-макони ғайриодӣ, муҷизаи нотакрор, шоҳкорие дар баландтарин нуқтаи Тоҷикистон аст. Ин кӯл дар зебоӣ ҳамто надорад ва чун моли табиат аст, албатта, конунҳои хоси табии худро дорост. Дар  сарчашмаҳо ин кӯлро «Нозанини хуфта» ва гоҳе «Аждаҳои хуфта» ном бурдаанд. «Нозанини хуфта» бар ин маъно, ки хеле хомӯшу тоза ва кабудпӯш ором хуфтааст миёни куҳсорон. Аммо «Аждаҳои хуфта» ба ин сабаб, ки хомӯш аст, вале туғён дорад, гоҳе мавҷхои оби ин кӯл дили кӯҳсоронро мешикофаду роҳи ҷорӣ шуданро ҷустуҷӯ мекунад… Ин кӯл бар асари зилзила соати 11. 15 дақиқаи шаби 18 –уми феврали соли 1911 ва афтодани кӯҳпора ба сари роҳи рӯди Мурғоб падид омадааст. Аз рӯи ин ҳисоб ҳамин  сол ба пайдоиши кӯл 107 сол пур шуд. Баландияш  аз сатҳи  баҳр  3250  метр аст.  Дарозии кӯл ба 62 км, паҳнояш ба 3,3 км ва  жарфнои он то  ба  500  метр  мерасад.  Ҳаҷми оби он тақрибан 17 миллиард метри мукааб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст. Ба ғайр аз рӯди Мурғоб дар ин кӯл боз 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад. Тамошои ҷараёни кӯлчаҳо ҳаловату фароғати фаровоне дорад.  Ҳамин тариқ, аз як рӯдчаи хурди Мурғоб кӯли калон ба вуҷуд омад. Яке аз бартариятҳои ин кӯл дар он аст, ки ҳамаи оби ҷамъшуда оби тозаи нӯшиданӣ мебошад. Албатта, ин неъмати бебаҳо аст. Илова бар ин, дар кӯли Сарез моҳиҳо ва дигар ҷонварони обӣ зиндагӣ мекунанд. Зебоии хосу минтақаи ҷойгиршавии ин кӯл кайҳо боз диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Сафари намояндагони СММ ба ин мавзеи хушбоду ҳаво бори дигар барои мардуми сайёра исбот намуд, ки Тоҷикистон кишвари офтобии дорои сарватҳои беназири табиӣ буда, метавонад ҳама гуна иқдоми башардӯстонаро пеш гирад. Сафарҳои пайдарпаи намояндагони СММ ба кишвари мо аз ташаббусҳои созандаву иқдомҳои наҷиби роҳбари райиятпавари Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Гулчеҳра Субадорова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №5-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш