Нашрияи Омӯзгор

Душанбе дар масири имкониятҳои сайёҳӣ

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро бо ин роҳ фарҳанги миллиамон ҳифз мегардад.

Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (соли 2003), қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (соли 2008) такони ҷиддӣ дар ин самт мебошад.

Дар доираи иҷрои амалии қарор, бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани шаҳрвандон, асосан занону духтарони хонанишин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, ҷомадӯзӣ, кешбофӣ, сабадбофӣ ва тоқидӯзӣ дар 57 шаҳру ноҳияи кишвар, 302 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил гардида, дар онҳо 8020 нафар шаҳрванд ҷалб гардидаанд.

Дар ҷумҳурӣ яке аз марказҳои муҳими ҳунармандӣ вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Бо мақсади омӯзиши ҳунарҳои адрасбофӣ ва атласбофӣ 130 марказ таъсис дода шудаанд, ки онҳо бо 369 адад дастгоҳ муҷаҳҳаз мебошанд ва дар ин марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ 7331 метр адрасу атласи дастбоф истеҳсол шуда, 2295 метри ин намуди маҳсулот ба фурӯш рафтааст.

Чунин марказ, инчунин, дар бинои маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо 3 дастгоҳ роҳандозӣ шудааст, ки ба адраси истеҳсолшуда пешкаши сайёҳон гардонида шудааст.

Дар вилояти Хатлон, дар бахши қолинбофӣ 286, зардӯзӣ 203, гулдӯзӣ 293, қуроқдӯзӣ 194, бофандагӣ 238 ва дӯзандагӣ 1938 нафар занону духтарон ҷалб гардида, ин навъи ҳунармандӣ асосан дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Ҷиликӯл, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Ховалинг, Ёвон ва шаҳри Норак рушд ёфтааст.

Бозори маҳсули ҳунарҳои дастӣ солҳои охир бо афзоиш ёфтани шумораи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ серхаридор гардида, шумораи занону духтарони ба ин пеша рӯйоварда рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд. Ҷиҳати муаррифии маҳсулоти миллӣ, корхонаю коргоҳҳо ва марказҳои таълимӣ дар намошгоҳҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, маснуоти тайёри дастии худро пешкаши тамошобинон ва сайёҳон мегардонанд, ки ин мавод муаррифгари фарҳанги ғанӣ ва қадимаи халқи тоҷик мебошанд.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ба сифати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои мардуми кишвар аҳамияти хоса дорад. Агар, аз як ҷониб, ҷалби сайёҳон аҳамияти иқтисодӣ дошта бошад, пас аз ҷониби дигар, қабули онҳо дар сатҳи баланд ин муаррифии фарҳанги волои тоҷикон ва тарғиби арзишҳои мардумро ифода месозад. Зиёда аз он барои қабули сайёҳон дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ донандагони хуби забонҳои хориҷӣ, махсусиятҳои роҳбаладӣ ва донистани таъриху фарҳанги миллат зарур мебошад. Ин ҳолат ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таъриху фарҳанги кишвари хеш водор месозад.

 

Низорамоҳ НАЗАРОВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш