Нашрияи Омӯзгор

«Ҳамроҳ бихонем»

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

Чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри бостонии Кӯлоб даври дуюми омӯзиши Лоиҳаи оҷонсии рушди байналхалқии Амрико (USAID) - «Ҳамроҳ бихонем» барои китобдорон ва директорони мактабҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҳамоиши серӯза барои беҳтар намудани малакаҳои хониши хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ аз тарафи тренерони ботаҷриба  машғулиятҳо дар ҳаҷми 24 соат (10 соат назариявӣ ва 14 соат амалӣ) гузаронида шуд. Омӯзиш аз «Қабули қоидаҳои тиллоӣ» ва иҷрои супоришҳои «Пеш аз воридшавӣ» оғоз ёфт, ки дар он супоришҳои тестӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти китобдорӣ, вазифаҳои хизматии директорону китобдорони мактабҳо арзёбӣ карда шуданд. Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ ба китобдорон дафтари қайди истифодабарии китобҳои бадеӣ (синфҳои 1-4) эҳдо гардид. Иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ дар баробари аз худ кардани маҳорату малакаҳои нав, инчунин, аз ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб дидан карданд.

Сардори Лоиҳаи USAID-«Ҳамроҳ бихонем» дар минтақаи Кӯлоб Лутфулло Бозиев қайд намуд, ки ба наздикӣ 93 номгӯи китобҳои бачагона бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба ҳама мактабҳои минтақаи Кӯлоб туҳфа карда мешавад.

С. Сабуров,

шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш