Нашрияи Омӯзгор

Зиндагие саршор аз ҳикмат

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

Дар баробари осори ибратбахшу хирадомӯзашон ҳаёту саргузашти зумрае аз аҳли илму адаб шоистаи омӯзиши амиқ ва баҳрабардорист. Чунончи, огаҳӣ аз зиндагиномаи устод Рӯдакӣ, ҳамосасаро Фирдавсӣ ва ҳакими бузург Ибни Сино хонандагон ва махсусан, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи хирадпарварию ватандӯстӣ, садоқатмандию башардӯстӣ ва далерию устуворӣ тарбият менамояд.

Саргузашти орифи бузург ва шоиру мутафаккири тавоно Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) низ шоистаи омӯзишу ибратпазирист. Ин шахсияти барҷастаи олами адаб 30 октябри соли 1207 дар қаламрави Балх (Вахшонзамини кунунӣ) дар оилаи марди донишманд ва маъруф Баҳоуддин Валад чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Номи аслиаш Муҳаммад ва лақаби ифтихориаш Ҷалолиддин мебошад. Чун дар Балх ба дунё омадаву дар Туркия (Рум) қисмати зиёди умрашро ба сар бурдааст, ӯро гоҳе Балхию гоҳе Румӣ номидаанд. Падараш воизи хушбаёну эътирофшудае буду пеши зимомдорони замонаш эътибору нуфузе   дошт.  Баҳоуддин Валад дар охирҳои зиндагиаш бо ҳокими замон Муҳаммад Хоразмшоҳ ихтилофе дар миён пайдо намуд ва ба асари ҳамин мухолифату бо нияти сафари ҳаҷ Балхро бидуни нияти бозгашт тарк гуфт. Дар ин сафар ӯ аҳли оилаашро бо худ ҳамроҳ гирифта буд. Чун онҳо аз Нишопур даргузар мешуданд, ҳодисае рух дод, ки ба рӯзгори минбаъдаи Ҷалолиддини Балхӣ нақше барҷаста гузошт. Ин ҷо Баҳоуддин Валади  хирадманд бо шоир ва донишманди маъруф Аттори Нишопурӣ мулоқот орост. Аттор ба писари ӯ – Ҷалолиддин таваҷҷуҳ зоҳир кард, ин ҷавонро писандид ва барояш китоби «Асрорнома»-и худро тақдим карду рӯй ба Баҳоуддин Валад овард ва гуфт: «Зуд бошад, ки ин писари ту оташ дар сӯхтагони олам занад!»

Мутолиаи амиқи «Асрорнома» гардиши куллие дар ҷаҳони маънавии Ҷалолиддини ҷавон ба вуҷуд овард. Пас аз  сафари тӯлонию бавусъат, ки маҳаллоти гуногуни Эрону Ироқу Сурия ва Арабистонро дар бар мегирифт, ниҳоят, Баҳоуддин Валад бо аҳли оилааш дар сарзамини Рум (Туркия), дар шаҳри Куния зиндагонии доимӣ ихтиёр кард ва пас аз ду сол тарки олам гуфт. Ҷалолиддини Румӣ дар Куния ҷиддан ба таҳсили илм  пардохт ва аксар умуми замонааш-адаб, тафсир, калом, баён, маонӣ, фиқҳ, таърих ва луғатро дар сатҳи баланд омӯхт.

Ҳодисаи дигаре, ки пас аз вохӯрӣ бо Аттор дар зиндагии Ҷалолиддини Румӣ инқилоби тӯфоние ба вуҷуд овард, вохӯрӣ ва мулоқотҳои ӯ бо ориф, сӯфӣ ва фарзонамарди бузург Шамси Табрезӣ буд. Шамс бо фитрати беназираш оташ андар қалби Мавлоно афрӯхт, ӯро волаву шефтаи ишқи Илоҳӣ кард. Пас аз ин (аз соли 1244)  марҳилаи дигари сарнавишти  Ҷалолиддини Балхӣ оғоз мешавад. Ӯ аз Шамси Табрезӣ пайваста ва хеле зиёд меомӯзад ва то ҷое мафтуни ақлу хиради ин инсони маърифатсиришт мешавад, ки эҷодиёти минбаъдаашро пурра ба ӯ мебахшад ва маҷмӯаи  ғазалиёташ бо номи «Девони Шамси Табрезӣ» шуҳрат меёбад.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ 17 декабри соли 1273 дар шаҳри Куния аз олам даргузашт ва ҳоло оромгоҳаш дар ҳамин шаҳр воқеъ асту ҳамарӯза онро садҳо нафар ҳаводорони каломаш бо меҳру эътиқод зиёрат мекунанд. Аз ин шоиру орифи пуровоза осори фаровон - ғазалу қасидаву рубоӣ, қитъаҳо ва китоби бузурги «Маснавии маънавӣ» ба ёдгор мондааст.

Чунонки мебинем, Мавлонои Рум,  воқеан ҳам, зиндагие пурҳаводис ва хеле омӯзанда доштааст, зиндагие, ки сазовори омӯзиши амиқ  асту шоистаи ибратпазирӣ. Аз ин рӯ, омӯзгорони адабиётро мебояд, ки дар синфҳои дахлдор омӯзиши зиндагиномаи Мавлоноро ҳам-баста ба эҷодиёташ дар сатҳи баланду муассир роҳандозӣ намоянд.

Зиндагие дошт саршори адаб,

З-он ту умре ганҷи маънӣ

металаб.

 

Мафтуна Комилова,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷики коллеҷи

муҳандисӣ - омӯзгории

ноҳияи Ҷаббор Расулов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш