Мавзӯи осори ҷанги зидди фашистон, бадбахтиҳои он дар асарҳои нависандаи забардаст, шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев, ба хусус, ду ҳикояи ӯ – «Хиёбони Нодир» ва «Рӯзи дафни Устооқил» равшану бармало ба мушоҳида мерасад.
Дар ҳикояи «Хиёбони Нодир» раванди воқеаҳо, нақли батафсил ва ҷузъиёту лаҳзаҳои ҳаёти баъдиҷангӣ асосан аз забони қаҳрамони ҳикоя – Абдувоҳидамак баён мегардад. Абдувоҳидамак аз ҷанг аз як пой маҳрум шуда бармегардад. Барои вай, ки дарду азоби ҷангро аз наздик дидаву дар ҷисму ҷонаш эҳсос кардааст, ҳар субҳ аз хиёбони ду тарафаш аз дарахтони сафедор зебу зинатёфта қадам задану ба чойхона раҳсипор гардидан гуворост. Ва ӯ медонад, ки ин хиё-бонро хиёбони Абдувоҳид гуфта ном мебаранд. Дар асл бошад, ин ниҳолони сафедорро дар вақташ дӯсти Абдувоҳид Нодир, ки низ аз ҷанг бо як даст баргашта буду дар колхоз бригадирӣ мекард, шинондаву сабз кардааст. Абдувоҳид – амак аз ин ҳол азоби виҷдон мекашад ва баҳри пойдории адолату ҳақиқат саъю талош мекунад, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ин иштибоҳ роҳ наёбаду он ҳамчун «Хиёбони Нодир» сабти ном карда шавад. Дар тасвири нависанда нафаси сард ва неруи ҳалокатбори ҷанг аз лаҳзае, ки ҳамсари Абдувоҳидамак аз ӯ хоҳиш мекунад, ки мактубҳои аз фронт фиристодаи фарзандонашро, ки калонӣ ҳалок шудаву хурдияш дар қисми танкӣ хизмат мекунад, ба ӯ хонда диҳад, возеҳ ба чашм мерасад. Баъдан, ҳангоми ба аробаи колхоз сазовор шуда, боғашро хабаргирӣ рафтани Абдувоҳидамак ин ҷузъиётро дар рафтору кирдор ва сухан гуфтани аробакаш Саидмурод, ки ҳамсинфи писари калони ҷавонмарги Абдувоҳидамак мебошад, ба мушоҳида метавон гирифт.
Азоби гуруснагию қаҳтӣ на танҳо ба одамон, хурду бузург, балки ба ҳайвонот низ таъсири худро расонда буд. Ба ҳамин сабаб аст, ки дар роҳи обаш яхбаста аспе беҳолу бемадор аз пой меафтаду Абдувоҳидамак аз ароба фаромада пойи чӯбинаш яхро шикас-та, то миён дар об тар мешавад. Чунки дар тасвири нависандаи дақиқсанҷ «аспи лоғари кайҳо боз емнахӯрда» маҷоли ҳаракат кардан надошт. Таъсири ҷанг зиёдтар аз ҳама ба хонадони зане, ки дар ҳамсоягии боғи Абдувоҳидамак дар деҳа зиндагӣ ба сар мебарад, расидааст, ки ин ҳолати риққатовару ғамангезро нависанда бо камоли маҳорат ва ҳунари вижа басо реалистона қаламдод намудааст. Болору сутунҳои хонаи Абдувоҳидамакро дар вақти сардиҳои қаҳратуни зимистон зани ҳамсоя ҳамчун ҳезум истифода мебарад. Абдувоҳидамак вақте мебинад, ки аз сутуну болорҳо нишоне намондааст, асабӣ мешавад, ба қаҳру ғазаб меояд.
Маълум мешавад, ки зани ҳамсоя аз ноилоҷӣ болору сутунҳоро истифода кардааст. Нодир – бародари зани ҳамсоя дар сари дастурхон вазъияти сангинро ба Абдувоҳидамак фаҳмонда, ба ӯ мегӯяд, ки аз ниҳолҳои сафедори шинондаи ӯ метавонад оянда баҳузур истифода кунад. Ин хиёбон, мегӯяд Нодир аз они шумост. Манзараи нодорию бечорагӣ, ки бозгӯйи зиндагии вазнин ва аҳволи табоҳи мардум дар замони ҷанг мебошад, аз ҷониби нависанда ба таври зайл ба риштаи тасвир кашида шудааст. «Нони ҷав ба ком мехалид, ба милки дандонҳо сахт мерасид, гулӯро мехарошид. Аз он бӯйи коҳ ва гил меомад. Абдувоҳидака кӯшиш мекард, ки буридаи ба дастгирифтаашро хӯрда тамом кунад. Нони ҷавро ӯ бори охирин айёми кӯдакӣ, кадом як соли қаҳтӣ хӯрда буд ва бештар аз қиссаҳои ғамангези рӯзгорони ота – бобояш дар ёд дошт».
Бад – ин сабку шева, нависандаи ҳақиқатнигор лавҳаю пораҳоеро аз зиндагии вазнини замони ҷангии мардум бо ҳунари фавқулодаи нигорандагӣ бозтоб ва таҷассуми бадеӣ бахшида, панорамаи воқеии даврро меофарад, ки ҷолиб ва таъсирбахш аст. Дар ҳикояи «Рӯзи дафни Устооқил» бошад, қаҳрамони он Абдурауфамак дар рӯзи мотами дӯсташ аз чӣ бошад, аз Раиси тасмапеч ёд меорад. Дар ҳикояи мазкур танҳо як эпизод аз вазъи асафбору талхи айёми замони ҷанг нақл карда мешавад, ки бераҳмӣ, ҳавобаландӣ ва аъмоли бадгуҳаронаи раиси ноодилро нишон медиҳад. Дар тасвири нависанда Раиси Тасмапеч ба андозае масту ишратпаст гардида буд, ки ҳатто ба як ҷавонзани нодор, ки фарзандонаш дар дами марганд, на танҳо як каф ордро дареғ медорад, балки бо суханҳои таҳқиромез шарафу иззати ӯро ошкоро зери по мекунад. Ин лаҳзаҳои дардовар дар ҳикоя бағоят табиӣ ва воқеӣ рӯйи сафҳа омадааст.
Таъсири ҷанг ва фоҷиаю бадбахтиҳое, ки он ба сари мардум овардаасту дар асарҳои адибони тоҷик таҷассуми бадеии худро ёфтааст, мавриди таҳқиқоти пурарзишу доманадор мебошал.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр