Аз рӯзе, ки муждаи сафари Туркияро ба мо расониданд, ҳама ба сар ҳавои зиёрати оромгоҳи Ҷалолуддини Балхиро доштем. Ин андеша пайваста моро беқарор мекард, ҳатто, дар оғӯши марғубтарин манзараҳову ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Истамбулу Бурса фарогирамон буд. Сано бодо ба рӯҳи поки Мавлавӣ, ки гӯё дар тафсири ин ҳолати мо фармуда:
Чун хаёле дар дилат омад, нишаст,
Ҳар куҷо ки мегурезӣ, бо ту аст.
Инак, мо вориди Қунияи бузург гаштем. Шом буд, вагарна аз роҳбаладамон Эмсал-бей хоҳиш мекардем, ки ҳар чӣ зудтар моро ба зиёрати «он ёри ошно» бибарад. Ба ёди Мавлоно бар асари ҳаяҷону беқарорӣ мо дар меҳмонхонаи панҷситорадори «Селҷик»-и Қуния, ки ҳама шароитро дорост ва хидматгузорияш дар сатҳи аълост, тамоми шаб ором хуфта натавонистем. Дар ҳуҷраи хоби устод Нодири Одил гирд омада, дар бораи ҳаёту эҷодиёти Ҷалолуддини Балхӣ суҳбате тӯлонӣ биоростем.
Нодири Одил, воқеан ҳам, дар ҷодаи илми тафсир нодир асту дар мавлавишиносӣ одил. Пораҳои фаровоне аз ашъори Мавлоно азёд медонад ва ҳама аёбти ин орифи бузургро дар заминаи оёти қуръонӣ тафсир мебахшад, зеро «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ Ҳаст «Қуръон» дар забони паҳлавӣ». Ӯ дар давоми як ҳафтае, ки мо дар Туркия будем, бо нақлу тафсирҳои ҷолибаш сафарамонро рангину пурмуҳтавотар мекард. Дар ҳама вохӯриҳоямон дар идораву муассисаҳои Истамбулу Бурса дар мавриде сухан аз Мавлавӣ мегуфт, байте ноб аз эҷодиёти ӯ мехонд, ки ин ба мардуми турк хеле хушоянду писанд буд, зеро онҳо эътиқоди самимӣ ба Мавлоно доранд, мепарастанд ин сӯфии софро. Дар меҳмонхонаи Қуния Нодири Одил бештар ба шӯр омада буд. Дар гуфтораш осори ҳаяҷон равшан эҳсос мегашт, батаъсир ва ба қавле, аз дилу ҷигар шеър аз Мавлавӣ мегуфт. Ман, ҳатто, гумон кардам, ки ӯ ҳамин ҳоло ба самоъ хоҳад пардохт. Ин маврид байте дигар аз Мавлоно ба ёдам омад:
Чу бо мо ёри мо имрӯз ҷуфт аст,
Бигӯям, он чи ҳаргиз кас нагуфтаст.
Алқисса, он шаб мо ҳама бо Мавлоно будему Мавлоно бо мо. Хоб аз дидаҳо парида буд ва касе майли бархостан надошт. Ҳамагон гӯё мувофиқ ба ин байти Мавлавӣ будем:
Валлаҳ, ки хоб имшаб бар ман ҳаром
бошад,
К-ин ҷон чу мурғи обӣ дар Кавсар аст
имшаб.
Шояд ин куфр бошад, вале ман бори аввал нафрин ба шаб кардам, ки ҳаст ва баъзан дар татбиқи фаврии орзуҳо монеа эҷод мекунад. Ёдам омад байти зер, ки дар китоби «Самаки айёр» хонда будам:
Кошки, дар ин ҷаҳон шаб нестӣ,
То маро ҳиҷрони он лаб нестӣ.
…Субҳ овози неруманду пурсурури Нодири Одил моро ба по хезонд. Олими фарзонаи тоҷик дар долони меҳмонхонаи Қуния гӯё аз саҳнаи Кохи Ваҳдат муждаи васл мерасонд:
Шаб рафту сабӯҳ омад, ғам рафту
футӯҳ омад,
Хуршед дурахшон шуд, то бод чунин бодо!
Пас аз ношто дар толори фароғати меҳмонхона ҳама гирд омада Эмсал-бейро, ки аз пайи сомонбахшии баъзе ҳуҷҷатҳо бо маъмурияти меҳмонхона буд, интизорӣ мекашидем. Ҳама ором будем ва гӯё ба «мулоқот бо Мавлоно» дар дил омодагӣ мегирифтем.
Тақрибан ним соат аз кӯчаҳои зебову оростаи шаҳри Қуния, ки аз ҷиҳати масоҳат чандон бузург несту наздик ба ним миллион аҳолӣ дорад, бо минибуси худ гузаштем. Ниҳоят, мошини мо дар канори бинои бошукӯҳе, ки чанд гунбади хурд ва дар миёна як гунбади сабзи баланд дошт ва атрофашро манораҳо иҳота карда буданд, қарор гирифт.
-Ин аст оромгоҳи ҳазрати Ҷалолуддини Балхӣ! – хабар дод ба мо Эмсал-бей.
Нодири Одил чун надими Мавлоно ҳамаи моро ба сӯи оромгоҳ даъват кард:
Биёед, биёед, ба гулзор бигардем,
Ба он ёри накурӯйи вафодор бигардем!
Даромадгоҳи оромгоҳи Ҷалолуддини Балхӣ басо пуродам буд. Мегӯянд, ки теъдоди зоирони яксолаи Мавлоно аз теъдоди зоирони як мавсими Каъба бештар аст. Пас аз чанде навбат поидан вориди оромгоҳ, ки акнун онро музейи Мавлоно меноманд, гаштем. Оромгоҳ, ки дар сардарияш бо ҳарфҳои калон-калони арабӣ «Ё ҳазрати Мавлоно» навишта шудааст, аз се қисмат иборат мебошад: матбах, мадраса ва даргоҳ.
Ононе, ки ба тариқати мавлавия пайвастан мехостаанд, нахуст дар матбаху мадраса 1001 рӯз ба таълиму омодагӣ ва хизмат машғул шуда, сипас ба ҳузури Мавлоно (дар даргоҳ) мерасидаанд. Имрӯз матбаху мадраса ба тариқи музей ороста шудааст ва тариқи фаъолияти аҳли ин се қисматро пурра инъикос менамояд. Ба вижа, саҳни самоъ, ки аз аркони меҳварии таълимоти мавлавия аст, хеле назаррабост. Мавлавӣ худ фармуда:
Самоъ ороми ҷони зиндагон аст,
Касе донад, ки ӯро ҷони ҷон аст.
Дар Туркия рақси самоъ имрӯз низ иҷро мешавад ва писанди мардум аст. Дар рӯзҳои таҷлили 800-солагии Ҷалолуддини Балхӣ гурӯҳи ҳунармандони турк дар саҳнаҳои Тоҷикистон рақси самоъро бо маҳорати баланд иҷро намуда, ҳамаро ба ваҷд оварда буданд…
Дар қисмати мадрасаи оромгоҳ ба таври доимӣ дар бораи Мавлоно филм намоиш дода мешавад. Ин қисмат бо лаҳву навиштаҳо ва овезаҳои гуногун оро дода шудааст. Яке аз ҳуҷраҳои мадраса хонаи тиловат ном дорад. Ба мо гуфтанд, ки то соли 1927 устодон дар ин ҳуҷра шабурӯз, бе танаффус ва бо садои баланд «Қуръон» тиловат мекардаанд. Ҳоло ҳам аз ин ҳуҷра пайваста садои оёти «Қуръон» меояд, вале акнун аз тариқи дастгоҳи сабти овоз.
Инак, лаҳзаҳое фаро расиданд, ки ифодагару тақвиятбахши муҳтавои сафари мо буданд.
Пойафзоламонро аз по бадар карда ба қисмати сеюми музей-даргоҳ, ҷое, ки турбати Мавлонои кабир ҷойгир аст, ворид гаштем.
Масоҳати оромгоҳ бисёр васеъ ва сақфаш баланду саҳнаш сангфарш аст. Марқади Мавлоно канортар аз чандин марқади шогирдону пайвандонаш мавзеъ дорад ва нисбат ба ҳама марқадҳо пуршукӯҳтару бузургтар аст. Рӯи қабри орифи шӯридадил матои сабз кашида шудааст ва рӯи матоъ (дар қисмати болои турбат) кулоҳи зардча ва саллаи кабуд гузошта шудааст. Дар бари кулоҳи Мавлоно кулоҳи хурде низ истодааст, ки мансуб ба писари Мавлоно будааст. Девори атрофи турбат пур аз навиштаҷоти зарҳалист: бо алифбои арабӣ пораҳо аз «Қуръон»-и маҷид.
Мо муддате чанд дар назди турбати Ҷалолуддини Балхӣ хомӯш истодем. Ин лаҳза беихтиёр як мисраи Мавлоно ёдам омад:
Ман хамӯш кардам, ту боқиро бидон!
Яке ҳис кардам, ки устод Нодири Одил сарашро хам карда, номаълум ашки чашмонашро пок намуд. Ӯ боз пас аз чанд муддат хомӯш истодан бо садои паст ва андаке ларзон ба тиловати порае аз «Қуръон» пардохт. Бо итмоми қироати устод мо даст ба рӯ кашидем. Баъд аз ин ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки зиёрати моро боз ҳам мукаммалтару муассиртар бинмуд. Ошкор гашт, ки ҳамсафарони ман ба зиёрати Мавлоно «Дастагули муаттаре» дастовез доштаанд аз абёти худи ӯ бо мазмуни роз ва муроҷиат.
Нахуст устод Нодири Одил «муроҷиат» ба Мавлоно кард:
Пинҳон машав, ки рӯйи ту бар мо
муборак аст,
Наззораи ту бар ҳама ҷонҳо муборак
аст.
Устод Қодир Қодиров ин гуна хитоб бинмуд ба рӯҳи поки ниёи бузурги хеш:
Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак
бод,
Бар мо ҳаваси тоза печида муборак
бод!
Муроҷиати устод Ниёз Мирзоев ба орифи кабир чунин садо дод:
Ҳазор ҷони муқаддас фидойи рӯйи ту
Ки дар ҷаҳон чу ту хубе касе надиду
назод!
Рози устод Баҳром Қурбонов ба Мавлоно инчунин буд:
Не симу на зар, на мол хоҳем,
Аз лутфи ту парру бол хоҳем.
Ман шогирдона «муроҷиатнома»-и устодонро идома бахшидам:
Бинмой рух, ки боғу гулистонам
орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам
орзуст.
Чеҳраи пуртабассуму масрури Эмсал-бей ва Орҳан-бей гувоҳ бар он буд, ки аз ин «мушоира»-и мо дар сари турбати Мавлоно басо мамнунанд.
…Оҳ, мо чӣ қадар мехостем, ки ҳар чӣ бештар дар назди турбати ҳамдиёри сафаркардаи хеш, ки «нест пайғамбар, вале дорад китоб» (Ҷомӣ) ва «дар ҳар каломаш барқи зиндагӣ ҳувайдост» (Ризо Бароҳанӣ) ва 3500 ғазали пуршӯру олӣ сароидааст ва «Қуръон»-ро ба паҳлавӣ офаридааст… қарор дошта бошем…
Дар оромгоҳи Мавлоно, ҳамчунин, намунаҳо аз асбобе, ки ҳангоми самоъ менавозанд (най, рубоб, тамбӯр, чанг, дойра, камонча), либосҳои аҳли тасаввуф, китобҳои дар солҳои пешин (1366, 1490, 1607) хаттотишудаи Мавлоно ва чанд нусха «Қуръон»-и маҷид гузошта шудаанд. Ин ҷо хурдтарин китоби «Қуръон» дар ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст, ки онро муаллифе бо торҳои мижгон дар давоми 16 сол навиштааст. Сангчаҳои қутрашон ҳамагӣ 0,5см, ки дар онҳо оятҳо аз китоби муқаддаси осмонӣ ҳаккокӣ шудааст, низ таваҷҷуҳи бинандагонро ҷалб месозанд…
Дар Қуния мо теппаеро, ки дар он дар радифи иншооти дигар масҷиди муҳташами Алоуддини Кайқубод (сохт-мони соли 1220), ҷойгир аст, тамошо кардем. Мегӯянд, ки ин теппа баландтарин теппаи сунъӣ дар ҷаҳон аст ва дар аҳди қадим дар давоми 50 сол бунёд шудааст.
Меҳрубонии ҷавонмардони турк дар Қуния низ моро фарогир буд. Бо илтифоти Орҳан-бей дар мавзеи хушманзараи Улкер ва бо даъвати Рамазон Буюгрук (сарвари коргоҳи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳо) дар коргоҳи ӯ нишастҳои самимӣ доштем ва аз таомҳои лазизи миллии мардуми турк тановул кардем.
Дар давоми яке аз ин суҳбатҳо ман оҳиста аз устод Нодири Одил сабаби ашк рехтанашро дар сари турбати Мавлоно пурсидам. Ӯ пас аз хеле хамӯшӣ шарҳи ҳол кард: Шояд фош гуфтани он ҳолат раво набошад. Вале чун суол кардед, наметавонам, дурӯғ бигӯям. Чун ба марқади Мавлонои кабиру беназир салом гуфтаму ба дил дуое хондам, ба гӯшам равшану возеҳ овози пурҷозибаю хушлаҳни Мавлоно омад, ки мегуфт: «Омадед. Хуш омадед! Пазируфтем. Мамнунем, вале барои бархостан иҷозат нест». Дигар садое нашуду беихтиёр ашк аз чашмонам рехт…
Ин нақли устод ҳамаи моро сахт мутаассир сохт, то ба дараҷае ки дергоҳ касе ҷуръати лаб во кардан надошт...
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр