Нашрияи Омӯзгор

Таълими як мавзӯъ дар синфи 5 Назаре интиқодӣ ва дастурӣ (Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта) Рукн

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 895        Шарҳ: 0

Рукн аз маҷмӯи ҳиҷоҳо таркиб меёбад. Баъд аз ба ҳиҷоҳои кӯтоҳу дароз ҷудо кардани байт ҳиҷоҳо ба рукнҳо ҷудо карда мешаванд.

Дар тақтеъи шеър ба ҳиҷо бояд талаффузи ҳиҷо ба сурате, ки шунида мешавад, ба ҳисоб гирифта шавад, на дар шакли навишти имлоӣ. Масалан, байти

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

ба сурати

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

В-аз ҷудоӣҳо шикоят мекунад.

талаффуз мешавад.

Ҳамин байтро тақтеъи ҳиҷоӣ кунем, шакли зерин ба даст меояд:

Биш-на-ваз-най  чун-ҳи-ко-ят ме-ку-над

Ваз-ҷу-до-ӣ ҳо-ши-ко-ят  ме-ку-над

– V – –   – V – –   – V –

– V – –   – V – –   – V –

Пас аз тақтеъи ҳиҷоӣҳиҷоҳои бадастомадаро ба сурате, ки тартиби онҳо муайян шавад, ба порчаҳои аксар чаҳорҳиҷоӣ ва сеҳиҷоӣ ё сеҳиҷоӣ ва чаҳорҳиҷоӣ, ё худ ба ҳар навъе, ки аз табақабандии онҳо назми хоссе падид ояд, ҷудо мекунем ва ҳар кадом аз порчаҳои ҷудокардаамонро бо аломати «/» мушаххас мекунем. Масалан, ҳамон байти Ҷалолиддини Балхиро, ки дар боло тақтеъи ҳиҷоӣ кардем, ба ду порчаи чаҳорҳиҷоӣ ва як сеҳиҷоӣ ҷудо мекунем:

– V – – / – V – – / – V –

– V – – / – V – – / – V –

Ҳамин гуна порчаҳои тараннумиеро, ки паси ҳам такрор шуда омадаанд, рукн меномем.

Теъдоди рукнҳои арӯзӣ зиёд буда, онҳо бо равиши махсусе хонда мешаванд. Рукнҳои зерин аз машҳуртарин ва серистеъмолтарин аркони арӯзианд, ки аз рӯи миқдори ҳиҷоҳояшон ба панҷ гурӯҳ: якҳиҷоӣ, дуҳиҷоӣ, сеҳиҷоӣ, чаҳорҳиҷоӣ ва панҷҳиҷоӣ тақсим мешаванд:

Гурӯҳи аввал:   фаъ–

Гурӯҳи дуюм:   а) фаъал V –

б) фаълун – –

Гурӯҳи сеюм:   а) фаъилун VV –

б) фоъилун – V –

в) фаъӯлун V – –

г) мафъӯлун – – –

ғ) мафъӯлу – – V

Гурӯҳи чаҳорум:  а) фоъилотун – V – –

б) фоъилоту – V – V

в) фаъилотун VV – –

г) фаъилоту VV – V

ғ) мафоъӣлун V – – –

д) мафоъӣлу V – – V

е) мафоъилун V – V –

ё) мустафъилун – – V –

ж) Мустафъилу – – V V

з) муфтаъилун – VV –

Гурӯҳи панҷум:

а) мустафъилотун– – V – –

б) мутафоъилун VV – V –

Ин рукнҳо аз нигоҳи мавқеи истифодаашон дар мисроъ ба се даста тақсим мешаванд:

1. Рукнҳое, ки танҳо дар охири мисроъ меоянд: фаъ ва фаъал.

2. Рукнҳое, ки ҳаргиз дар охири мисроъ намеоянд: тамоми рукнҳое, ки бо ҳиҷои кӯтоҳ ба охир мерасанд, ба ҳамин дас-та дохил мешаванд. Чунонки зикр шуд, ҳиҷои охирини мисроъ ҳамеша дароз ба ҳисоб меояд.

3. Аркони боқимонда, ки миқдорашон сездаҳтост, умумиистеъмоланд, яъне, метавонанд, ки ҳам дар аввал, ҳам дар мобайн ва ҳам дар охири мисроъ корбаст шаванд.

Чунонки ба мушоҳида мерасад, рукнҳо маҷмӯаи ҳиҷоҳои кӯтоҳу дароз мебошанд. Дар ҳеҷ рукне беш аз ду ҳиҷои кӯтоҳ паси ҳам қарор намегирад.

Аҳамияти рукн аз он иборат аст, ки бо ёрдами он метавон вазни шеърро ба воситаи қолибҳои муайян, ё худ формулаҳо мушаххас кард ва хонд.

Пурсиш ва супориш:

1. Байти зерини Толиби Омулиро аввал ба ҳиҷоҳои арӯзӣ ва баъд ба рукнҳо ҷудо кунед:

Дашноми халқро надиҳам ҷуз дуо ҷавоб,

Абрам, ки талх гиряму ширин иваз

диҳам.

2. Байтеро тақтеи ҳиҷоӣ кунед ва ҳиҷоҳои бадастомадаро ба порчаҳои тараннумӣ ҷудо намоед.

3. Рукн чист?

4. Машҳуртарин ва серистеъмолтарин рукнҳои арӯзиро номбар кунед?

5. Рукнҳои машҳури арӯзиро ба чанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст? Онҳоро гурӯҳ ба гурӯҳ нависед.

6. Рукнҳои арӯзӣ аз нигоҳи мавқеи истифодаашон дар мисроъ ба чанд даста тақсим мешаванд? Ҳар кадомро ҷудогона номбар кунед?

7. Аз такрори муназзами як рукн ва ё ба таври омехта омадани рукнҳо чиҳо ҳосил мешаванд?

8. Аҳамияти рукн аз чӣ қарор аст?

Вазни шеър

Рукн нишондиҳандаи вазни шеър аст. Аз такрори муназзами як рукн ва ё ба таври омехта омадани рукнҳо вазнҳои арӯзӣ ба миён меоянд, ки аз лиҳози миқдор сершуморанд: дар шеъри тоҷикӣ беш аз 300 вазн шинохта шудааст.

Дар шеъри тоҷикӣ, аз оғози шеъру шоирӣ то ба имрӯз, ба се навъи вазн дучор шудан мумкин аст:

1. Вазни ҳиҷоӣ.

2. Вазни арӯзӣ.

3. Вазни нимоӣ, ё худ арӯзи озод

Ба шеърҳое, ки ба ҳар кадом аз авзони мазкур навишта мешаванд, шеъри ҳиҷоӣ, шеъри арӯзӣ ва шеъри нимоӣ низ мегӯянд.

Шеъри ҳиҷоӣ

Шеъри ҳиҷоӣ қадимтарин навъи шеъри тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин навъи шеър шарти асосӣ баробарии миқдори ҳиҷоҳо дар ҳар  мисроъ мебошад. Шеърҳои ҳиҷоӣ, маъмулан, ҳадди ақал 3 ва ҳадди аксар 13 ҳиҷоӣ мебошанд. Вале беш аз ҳама шеърҳои 7 ҳиҷоӣ маъмул шудааст.

Ду қитъаи зерин, ки аз намунаҳои шеъри пешазисломианд, хусусияти вазни ҳиҷоиро доранд. Яке аз ин шеърҳо суруди мардуми Балх аст, ки дар ҳаҷви Асад ибни Абдулло-сарлашкари араб, ки соли 725 ба Хатлон лашкар кашидаю шикаст хӯрдааст-гуфта шудааст:

            Аз Хуталон омадия,

            Ба рӯ табоҳ омадия,

            Овор боз омадия,

            Хашанг низор омадия.

Дигар шеъре мебошад, ки дар хусуси харобаҳои шаҳри Самарқанд дар асри VIII суруда шудааст:

            Самарқанди қандманд,

            Баз-инат кӣ афканд?

            Аз Шош та беҳӣ,

            Ҳамеша та хуҳӣ!

            (Эй Самарқанди ободон,

            Кӣ туро ба ин ҳол афканд?

            Ту аз Шош беҳтарӣ,

            Ҳамеша ту хубӣ!)

Баъд аз асри IX шеъри ҳиҷоӣ асосан дар эҷодиёти шифоҳии мардум ба назар мерасад: сурудҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳои манзум, чистон ва достонҳои халқӣ бо вазни ҳиҷо гуфта шудаанд. Дар адабиёти китобӣ дар ҳамин давра вазни арӯзӣ маъмул гардидааст. Шоирони муосир шеъру сурудҳои бачагонаро низ асосан дар вазни ҳиҷоӣ мегӯянд.

Шеъри арӯзӣ

Ҳам дар шеъри ҳиҷоӣ ва ҳам дар шеъри арӯзӣҳиҷо ҳамчун андозаи вазн шинохта мешавад, аммо эътибораш яксон нест: дар вазни ҳиҷоӣ фақат баробарии миқдори ҳиҷоҳо дар мисроъҳо ба эътибор гирифта мешавад. Яъне, сохти шеъри ҳиҷоӣ ба миқдори ҳиҷоҳо асос ёфтааст. Дар вазни арӯзӣ илова бар теъдоди ҳиҷоҳо сифати кӯтоҳию дарозии онҳо низ ба эътибор гирифта мешавад.

Шеърҳои арӯзӣ дар таърихи адабиёти мо собиқаи қадимӣ доранд. Вазни арӯзӣ аз оғоз то имрӯз аз серистеъмолтарин вазни шеърӣ мебошад.

Таъкид: Баъзан, дар назари аввал, ба мушоҳида мерасад, ки адади ҳиҷоҳо дар ду мисраи шеърҳои ба авзони арӯзӣ гуфташуда баробар нестанд, вале дар асл чунин набояд бошад. Баробарии ҳиҷоҳо дар шеъри арӯзӣ ҳатмист. Агар ҳамин ҳолат пеш ояд, бо таваҷҷуҳ ба ихтиёроти шоирӣ чунин ихтилофот бартараф карда мешаванд.

Шеъри нимоӣ

Дар вазни нимоӣ, ё худ арӯзи озод низ вазни арӯзӣ вуҷуд дорад, аммо теъдоди ҳиҷоҳо дар мисроъҳои шеъри нимоӣ мумкин аст, ба ҳам баробар набошанд.

Шеъри нимоиро ҳам метавон ба мисли шеъри арӯзӣ тақтеъ кард, тафовут дар он зоҳир мешавад, ки дар ин навъ шеър мисроъҳо дар қиёс ба шеъри арӯзӣ комил нестанд, балки мешикананд. Ба ин маънӣ, ки мумкин аст як мисроъ комил ва мисраи дигар танҳо аз як рукн ё аз он зиёдтар иборат бошад ва ё баръакс.

Шеъри зерини устод Лоиқ Шералӣ дар қолаби шеъри нимоӣ эҷод шудааст:

Эй табиат!

Рӯзи дафнам

Боз як он зиндаам кун,

То бидонам дӯстонам дар чӣ ҳоланд,

То бигӯям дар азои ман наноланд.

Як назар то бинам аз аъдои ман

Кист дар худ шодмон аз мурдани

аъзои ман.

Бингарам: аз душманонам

Кист ҳозир дар сари тобуту мегиряд зи

шодӣ.

Заҳрханде баҳри ӯ тақдим созам

В-аз сари тобути худ дураш биронам…

Бори дигар бингарам бар чашми ёрам,

Пас равам осуда бар кунҷи мазорам…

Як навъи дигари шеър ҳам дар садаи бист дар адабиёти тоҷик роиҷ шудааст, ки онро шеъри сафеди бевазн, ё худ шеъри шомлуӣ мегӯянд. Вазни ин гуна ашъор на ҳиҷоӣ асту на арӯзӣ ва на нимоӣ, чунонки зикр шуд, шеъри бевазн аст. Пас, чӣ гуна аст?

Дар шеъри сафед бар хилофи ашъори дар яке аз се вазни дар фавқ баршумурдаамон эҷодшуда-дарозию кӯтоҳии ҳиҷоҳо эътибор надорад, балки дар ин навъ аш-ъор ба навъе аз оҳанг ва мусиқӣ таваҷҷуҳ мешавад, ки онро аз каломи мансур мушаххас мекунад.

Пурсиш ва супориш:

1. Дар шеъри арӯзӣ беш аз чанд вазн шинохта шудааст?

7. Дар шеъри тоҷикӣ ба чанд навъи вазн дучор шудан мумкин аст? Онҳоро номбар кунед. 

8. Дар бораи шеъри ҳиҷоӣ маълумот диҳед ва намунае аз онро қироат кунед.

9. Дар бораи шеъри арӯзӣ маълумот диҳед ва намунае аз онро қироат кунед.

10. Дар бораи шеъри нимоӣ маълумот диҳед ва намунае аз онро қироат кунед.

11. Дар бораи шеъри сапед чӣ медонед? Оё ин навъи шеър дар адабиёти муосири тоҷик намуна дорад?

12. Дар кадом навъҳои шеърӣ ҳиҷо ҳамчун андозаи вазн шинохта мешавад?

13. Оё эътибори ҳиҷо дар вазни ҳиҷоӣ ва арӯзӣ яксон аст?

Мисбоҳиддини Нарзиқул,

д.и.ф., профессор,

О. Бобоева,

омӯзгори мактаби №87

ба номи Шодӣ Ҳаниф,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш