Нашрияи Омӯзгор

Ташаккули зеҳнии хонандагон

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

Аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши ҳаматарафаи фанҳои дақик аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Омӯзгорони ин фанҳо вазифадор карда шудаанд, ки дарсҳоро бо сифати баланд ва бо истифода аз технологияи муосир шавқовару хотирмон гузаронанд, то хонандагон аз ҳар як дарси омӯзгор нафъе бардошта бошанду нисбат ба омӯзиши фанҳои дақиқ шавқманд гарданд.

Яке аз дастовардҳои беназири замони истиқлол компютеркунонии муассисаҳои таълими кишвар мебошад. Бояд зикр намуд, ки донистани компютер аз донистани математика вобастагии зич дорад, яъне, компютер як ҷузъи математика аст. Масалан, барои сохтани барномаҳо дар компютер донистани алгоритми тартибдиҳии барнома нақши асосӣ дорад. Омӯзиши алгоритмҳо бошад, яке аз мавзӯъҳои фанни математика ба шумор меравад.

Беҳуда нест, ки фанни математикаро «шоҳи фанҳо» ё «машқи ақл» мегӯянд. Математика дар ҳақиқат, илми меҳварӣ буда, дар якҷоягӣ ба физикаю химия муҳаррики пешбарандаи тараққиёти техникии олам гардидааст. Давлатҳо метавонанд бо ихтирооти худ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кунанд.

Вазифаи ҳар яки мо- омӯзгорони фанҳои дақиқ имрӯз аз он иборат аст, ки баҳри ҷалби ҳар чӣ бештари шогирдон ба фанҳои дақиқ, бедор намудану баланд бардоштани шавқу завқи онҳо ба омӯзиши ин фанҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуда, ба ин васила дар пешрафту тараққиёти кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

 

Раҷаб ШАРИФОВ,

омӯзгори мактаби №15-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш