Доир ба ҳусну қубҳи адабиёти таълимӣ, мазмуну муҳтавои он дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ баъзан мақолаҳое чоп мешаванд, ки бо чанд эроди бебунёд ва бо суханҳои ношоиста муаллифону ноширонро маломат карда, тамоми ҷидду ҷаҳд ва талошҳои ин мутасаддиёнро баҳри беҳтар гардидани сифати таълим, таҳияи барномаву китобҳои нави дарсӣ бо назардошти таълими босалоҳият, беҳтар гардидани мазмуну муҳтаво ва сифати чопи китобҳои дарсӣ нодида мегиранд.
Банда ҳамчун ношир ва роҳбари муассисаи нашриявии “Маориф”, ки омодасозии аксари китобҳои дарсӣ аз тариқи ҳамин муассиса сурат мегирад, доир ба баъзе эродҳои мазкур мехоҳам андешаҳои худро изҳор намоям. То кадом андоза асоснок будани онҳоро ба қазовати аҳли хирад ҳавола мекунам.
Пешрафту тараққиёти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҷавонону шаҳрвандон ташаббускору, навовар, уҳдабарою масъулиятшинос ва созандаву бунёдкор бошанд. Онҳо бояд аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ устувор ва кордон бошанд, роҳҳои дастрас кардани маълумотро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлил ва арзёбӣ карда, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимиву ҳаётиро пешгӯйӣ ва ҳал карда тавонанд, масъулияти худро дар назди оила, аҳли ҷомеа ва кишвар дарк намоянд.
Амалӣ намудани ин мақсадҳо, албатта, бидуни рушди соҳаи маорифи кишвар, баланд бардоштани малакаву маҳорати омӯзгорон ва самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия номумкин аст.
Беҳуда нест, ки ин нукта дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат хеле мушаххас баён гардидааст: “... калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Яке аз омилҳое, ки барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд, таҳия ва нашри адабиёти таълимии ҷавобгӯй ба низоми таълими босалоҳият ва талаботи ҷаҳони муосир мебошад.
Аз ин хотир дар соҳаи маориф аз ҷониби давлат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот низоми нави таълим, яъне таълими босалоҳият ҷорӣ карда шуд ва дар робита ба ин адабиёти таълимиву барномаҳои таълимӣ мувофиқ ба ин низоми таълим таҳия ва нашр гардиданд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қариб ҳамаи адабиёти таълимӣ аз ҷониби муаллифони ватанӣ таҳия гардида бар хилофи адабиёти таълимии замони Шӯравӣ инъикоскунандаи рӯҳи миллӣ мебошанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз китобҳои дарсӣ ҳам аз ҷиҳати сифати ороиш ва ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа нисбат ба китобҳои солҳои пешин хеле беҳтар гардидаанд. Албатта, ҷое, ки хат ҳаст, ғалат низ мешавад. Бо вуҷуди ин, муаллифон ва масъулони нашри адабиёти таълимӣ тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба он равона месозанд, ки адабиёти таълимӣ бе ғалату камбудӣ ва бо сифати баланд нашр гарданд. Дар ҳар нашри навбатӣ онҳо дубора аз ҷониби муаллифон ва ноширон таҷдиди назар гардида, камбудиҳои ошкоргардида бо дарназардошти эродҳои муқарризон ва олимону омӯзгорон дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бартараф карда мешаванд.
Мутаассифона, баъзе мулоҳизаҳои омӯзгорону волидон, ки дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо нисбат ба сифат ва мазмуни китобҳои дарсӣ иброз мешаванд, умумӣ ва ғаразнок буда, заминаи воқеӣ надоранд. Аз қабили “забони китобҳои дарсӣ хароб аст”, “китобҳои дарсӣ мушкилфаҳм аст”, “дар китобҳо калимаҳои нофаҳмо бисёр аст” ва монанди инҳо. Албатта, чунин эродгириҳои бебунёд на ба дарди муаллиф мерасанд ва на боиси беҳтар гардидани китоб мешаванд. Чунки эродҳо мушаххас баён карда намешаванд, то ки вобаста ба онҳо муаллифон ва муҳаррирон кор кунанд ва дар нашрҳои минбаъда ислоҳ намоянд. Ҳеҷ имкон надорад, ки тамоми китобҳои дарсӣ мушкилфаҳм бошанд. Шояд ягон мавзӯъ ё ягон фикри дар китоб баёнгардида мураккабтар ифода гардида бошад. Ва агар ҳамин гуна мураккабиҳо ё нофаҳмиҳо дар китоб дақиқ нишон дода шаванд, албатта, аз ҷониби муаллифон ислоҳ мегарданд.
Масалан, як нафар омӯзгор (аз зикри номи ҳамаи муаллифони мақолаҳо худдорӣ менамоем) мулоҳизаҳои худро дар барои китоби “Технология” (мансуб ба кадом синф буданашро нишон надода) ба ин мазмун менависад: Беҳтар мебуд ба хонанда дар таълими ин фан технологияи истифодаи лоақал белу каланду сӯзану риштаро нишон медоданд, кори савобтаре мебуд”. Худ қазоват кунед, омӯзгори муҳтарам, охир дар замони Шӯравӣ онҳое, ки дар деҳот мехонданд, медонанд, ки дарси таълими меҳнат дар мактабҳои деҳот бо сабаби набудани мутахассиси соҳа маҳз кор бо белу каланд буд. Барои таълими кор бо белу каланд китоби дарсӣ навиштан лозим нест. Ин олоти меҳнатро бе китоб ҳам ҳар кас омӯхта метавонад. Дар масъалаи сӯзану ришта бошад, дар китоби технология барои духтарон фасли алоҳида доир ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.
Баъзе омӯзгорон эрод бар он мегиранд, ки “мавзӯъҳои китобҳои дарсӣ барои синну соли хонандагон то як андоза душворфаҳм аст. Баъзе мавзӯъҳое, ки онҳо дар солҳои 1985 – 1995 дар синфҳои 3 – 4 мехонданд, ҳоло дар синфҳои 1 – 2 мехонанд”. Ин табиист, зеро илм рушд меёбад ва сол то сол пеш меравад. Ҳамаи ин тақозо мекунад, ки дар системаи таълим тағйироту навигариҳо дохил карда шаванд. Вобаста ба пешрафти илм ва ҷомеа барномаҳо ва китобҳои дарсӣ нав мешаванд, то ки ҳар чӣ бештар дастовардҳои навтарини илмро фаро гирифта тавонанд. Аз соли 1985 то ин муддат зиёда аз 40 сол сипарӣ шудааст ва то ҳол пайравӣ кардан ба усули таълими замони Шӯравӣ ва даъво бинмудан, ки “ҳамон китобҳои пешинаи даврони Шӯравӣ сад дар сад аз китобҳои дарсии имрӯза фаҳмотару қобили қабуланд”, мутлақо беасос буда, маънӣ надорад.
Дар китобҳои дарсии муосир ҷойи калкаву ибораҳои қолабии русиро, ки дар китобҳои замони Шӯравӣ хеле фаровон истифода мешуданд, ибораву вожаҳои тоҷикӣ иваз кардаанд. Аксари китобҳои дарсии замони Шӯравӣ китобҳои аз забони русӣ тарҷумашуда буданд. Ба туфайли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аксари китобҳо, ҳатто баъзе китобҳои забонҳои хориҷӣ низ муаллифони ватанӣ доранд. Китобҳои ҳозира на танҳо илму савод меомӯзанд, балки тарбиятгари насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва дигар сифатҳои ҳамида мебошанд.
Омӯзгоре дар маҷаллаи “Хорпуштак” ба китоби “Алифбо” эрод гирифта, мегӯяд, ки дар китоб баъзе шеърҳо, аз ҷумла, шеъри “Хушрӯз модарам, Хуршеди ховарам” ноҷо оварда шудааст. Ба ақидаи омӯзгор, “хонандаи кунҷкови синфи 1 нимҳиҷоиро намефаҳмад, барояш маъно надорад ва қабул ҳам карда наметавонад”.
Омӯзгорон бояд донанд, ки “Алифбо” китоби қоидаҳои арӯз нест, ки аз хонанда вазни шеърро ба ҳиҷову нимҳиҷо ҷудо карда хонданро талаб намояд. Қоидаи ба ҳиҷоҳо ҷудо кардани калимаҳо дар “Алифбо” аз рӯйи вазни арӯз нест. Дар арӯз тарзи ҷудо кардани калимаҳо ба ҳиҷоҳо аз рӯйи вазн сурат мегирад ва он аз тарзи ҷудосозии фонетикии калимаҳо ба ҳиҷоҳо тамоман фарқ мекунад.
Ҳадафи аввалиндараҷаи “Алифбо” ба хонандагон ёд додани тамоми ҳарфҳо, бо ҳарфҳои омӯхташуда калимаву ибораҳо сохтан ва, ниҳоят, дар зинаи охири омӯзиши он дар хонандагон ҳосил намудани малакаи хонда тавонистани ҷумлаҳои сода ва мураккаби то ҳадди ақал яктаркиба ва ба андозаи фаҳмиши худ дарк карда тавонистани маънии матнҳои нисбатан хурд мебошад. Шеърҳо ва порчаҳои шеърӣ бо мақсади тақвияти дониши хонанда доир ба ҳарфҳои омӯхташуда ва ба ин восита дар хонандагон тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, китобдӯстӣ, дӯст доштани фаслҳои сол, парандагону ҳайвонот, эҳтироми хурдсолону ҳамсолону калонсолон, падару модарон, хоҳару бародарон, омӯзгорону мураббиён... оварда шудаанд, ки ҷиҳати тарбиявии китобро боз ҳам беҳтару бештар месозанд.
Омӯзгоре аз сифати китоби дарсӣ норозиёна даъво мекунад, ки “хонандагон ҳангоми хондани китоб ба мушкилиҳо дучор мешаванд” Барои тасдиқи фикраш калимаи “ангубин”-ро мисол меорад, ки гӯё хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба маънои он сарфаҳм намераванд. Ба омӯзгор гуфтанӣ ҳастем, ки агар ҳамаи калимаҳо барои хонанда шинос бошанд ва каму беш калимаҳоро бо ёрии омӯзгор ва шарҳи луғате, ки дар китоб дода шудааст, аз худ накунад, чӣ гуна метавонад нутқи ӯ зина ба зина инкишоф ёбад, захираи луғавиаш ғанитар гардад ва барои зинаҳои минбаъдаи таҳсилот, ки тадриҷан боз ҳам мураккабтар мегарданд, омодагӣ бигирад?!
Аз чунин эроди баъзе омӯзгорон, ки гӯё китобҳои дарсӣ мушкилфаҳманд, ба хулоса омадан мумкин аст, ки ин мушкилии китоб набуда, балки мушкилии худи ҳамин гуна омӯзгорон аст. Ба роҳ мондани низоми таълими салоҳиятнок тақозо менамояд, ки на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгорон баланд бардошта шавад, балки натиҷаи таълимии хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи самаранокии раванди таълим шинохта шавад.
Дар таълифи китобҳои дарсӣ муаллифон кӯшиш бар он медиҳанд, ки мазмуну муҳтавои онҳо на дар сатҳи тафаккури хонандаи сустлаёқату кундзеҳн, балки дар сатҳи тафаккури хонандагони миёнаи ҷаҳони пешрафта бошад, то ки дар истифодаи маҳорату малака ва қобилияту истеъдоди худ имкониятҳои бо онҳо баробар дошта бошанд.
Аз ин рӯ, агар омӯзгорон ва ҳар фарди бофарҳанги ҷомеа фикру мулоҳизаҳои худро мушаххас ва бо далел ба Вазорати маориф ва илм ё ба суроғаи нашриёт, ки дар охири ҳар китоби дарсӣ дода шудааст, ирсол менамуданд, ин амал барои рафъи мушкилоти адабиёти таълимӣ хеле судманд мебуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади беҳтар гардидани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ ва рафъи мушкилоти он бо иқдоми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар чунин вохӯриҳо омӯзгорон метавонанд озодона фикру мулоҳизаҳои худро доир ба камбудиҳо ва мушкилиҳои китобҳои дарсӣ ба таври мушаххас ба муаллифон пешниҳод намоянд. Эродҳои дурусти омӯзгорон дар нашрҳои минбаъдаи китобҳои дарсӣ аз ҷониби муаллифон ислоҳу бартараф хоҳанд шуд.
Аз китобҳои дарсӣ фарзандони мову шумо таълим гирифта, роҳи ояндаи неки худро дар зиндагӣ муайян мекунанд. Бинобар ин, бояд ҳар фарди соҳибмаърифати ҷомеа нисбат ба беҳтар гардидани мазмуну муҳтавои ин китобҳо набояд бетараф бошад ва бо пешниҳоди мулоҳизаҳо баҳри такмили минбаъдаи онҳо бояд ҳиссагузорӣ намояд. Танҳо дар ҳамин замина сифати китобҳои дарсӣ сол ба сол метавонад беҳтар гардад. Чунон ки Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
Наҷмиддин Салоҳиддинзода,
директори муассисаи
нашриявии “Маориф”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр