Нашрияи Омӯзгор

Тарбия масъулият мехоҳад

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

Тарбия омили асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ободию пешрафт бо тарбия иртиботи қавӣ дорад. Тарбияи ахлоқӣ ва маънавии  кӯдак аз оила  сарчашма мегирад. Яъне нақши асосиро дар тарбияи фарзанд  волидайн иҷро менамоянд. Онҳо дар ин кор бояд хеле  бомулоҳиза ва масъулиятшинос бошанд. Дар ҷаҳон ду чизи  мураккаб вуҷуд дорад: тарбия кардан ва идора намудан. Бинобар ин, ба тарбия бо  ҷиддият бояд машғул шуд.

«Дар хурдӣ таъсири тарбият бештар шавад, аз он кӣ дар бузургӣ», - фармудаанд донишмандон. Муассиртарин давра-кӯдакӣ дар оғӯши волидайн мегузарад.

Лафзи ширину гуворо ба тарбияи рӯҳии кӯдак таъсири неку пурсуд  мегузорад. Суханони дурушту қабеҳ, ҷанҷолҳои пайдарпайи оилавӣ асаби кӯдакро хаставу озурда мегардонанд. Тарбия бо  услуби фишору тарсонидан нораво аст. Тарсондан ҳаргиз робитае бо тарбия надорад.

А.И. Писарев, донишманди рус, фармудааст:

«Майнаи кӯдакро бо мавҳумот пур насозед,  имкон фароҳам оред, ки рушд ёбаду бузург шавад. Вақте ки худи ӯ ба савол додан қодир шуд, донед, ки ақлаш ба таҳрик даромадааст».

Омӯзгор дар тарбия кардану омӯзондан идомабахши фаъолияти оила мебошад. Вазифаи ҳар як омӯзгор ҳамкории ҳамешагӣ ва пурсамар бо волидайн аст.

Аз  ҳар хонандае, ки вориди даргоҳи мактаб мегардад, метавон шахси хушахлоқу тарбиядида ба камол расонд, шахсе, ки оянда дар бунёду ободии Тоҷикистони маҳбубамон саҳмгузор бошад.

Нурия Мирзоева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш