Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти хониши беруназсинфӣ

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

Хониши беруназсинфӣ имкон фароҳам меорад, ки хонанда матни ҳикоя ё афсонаро мустақилона хонда, мазмуни онро дарк кунад, ба мутолиа шавқи бештар пайдо карда, китобу рӯзнома (нашрияҳо)-ро бо шавқ хонад, қобилияти нутқи шифоҳӣ ва хаттияш инкишоф ёбад, матни хондаашро аз рӯйи сохтор муайян карда тавонад, ба матн савол гузошта, ба саволҳо ҷавоб гардонад.

Омӯзгор асарҳои хондаи шогирдонро месанҷад ва бо хонандагоне, ки ба китобхонӣ шавқ надоранд, корҳои  инфиродиро ба роҳ монда, ба онҳо таъсир мерасонад. Омӯзгор нахуст ба хонандагон дар бораи китоб маълумот дода, ба тариқи суолу ҷавоб мепурсад, ки муқоваи китоб барои чӣ лозим аст?

- Чунки он китобро мустаҳкам нигоҳ медорад, - мефаҳмонад вай.

- Аз саҳифаи якуми китоб чӣ тавр истифода намудан лозим аст?

-Дар ин саҳифа номи китоб ва исми муаллиф навишта шудааст.

Номи китоб «Саъва» буда, муаллифи он шодравон Акобир Шарифӣ ба шумор меравад.

-Мундариҷаи китоб барои мутолиа чӣ аҳамият дорад?

-Дар мундариҷаи китоб  саҳифа, боб ва номи мавзӯъҳо дарҷ мешаванд.

-Дар саҳифаи якуми нашрияҳо чӣ гуна мақолаҳо чоп карда мешаванд?

-Сармақола ва ахбору гузоришҳои муҳим.

Ин ҳама  маълумот ба хонандагон тавзеҳ дода  мешавад, то ин ки онҳо аз газета истифода намуданро ёд гиранд. Аз китоби бадеӣ чӣ тавр истифода кардан мумкин аст? Омӯзгор дар синф як асарро мехонад, ба хонандагон дар бораи муаллифи асар  маълумот ироа намуда, супориш медиҳад, ки дигар асарҳои ин нависанда ё шоирро ёфта мутолиа кунанд. Ҳамин тавр,  омӯзгор номи китобҳоеро, ки хонандагон дар муддати як ҳафта ё понздаҳ рӯз  бояд мутолиа намоянд, дар варақи сафеди калон навишта дар синф меовезад, то ки хонандагон ин китобҳоро ёфта мутолиа намоянд. Ҳамчунин, дар синф намоиши китобҳои навро ташкил карда, дар зери ҳар як китоб дар бораи мазмун ва аҳамияти он иттилои мухтасари  тавсиявӣ навишта ва ё он бо расмҳои қаҳрамонони асар оро дода мешавад. Беҳ мебуд омӯзгор дар синф китобхонаи хурде ташкил намояд. Хонандагон метавонанд бо навбат аз ин китобҳо истифода кунанд. Омӯзгор ҳафтае як маротиба як соат дарсро ба муҳокимаи китобҳои хондашудаи шогирдон бахшида, тариқи саволу ҷавоб мефаҳмонад, ки  онҳо кадом асарҳоро мутолиа кардаанд. Инчунин, дафтари луғати хонанда оид ба калимаҳои душворфаҳм ва дафтари дигари вай доир ба  китобҳои хондааш санҷида мешавад. Аз хонандагон пурсида мешавад, ки китоби хондааш барои чӣ ба ӯ маъқул шудааст? Масалан, китоби «Саъва»-и Акобир Шарифӣ. Хонанда дар ҷавоб мегӯяд, ки дар ин китоб дӯстии парандагон ва одамон инъикос гардидааст. Ман ба ин мақсад озмуни «Ман китобхонам», маҳфили «Шеърхонӣ» ва озмуни  «Ман китоб менависам»-ро дар синфам ба роҳ мондаам ва бад-ин шева шогирдони пурмутолиа ва пешқадами худро бо мукофотҳо (китобҳои бадеӣ) ҳавасманд мегардонам.

Гавҳар Қурбонова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш