Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

Дар Кохи фарҳанги ба номи Лоиқи шаҳри Панҷакент вохӯрии интихобкунандагон бо муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайринисо Юсуфӣ баргузор гашт. Аксари ҳозирини ин вохӯрии муфиду фарогир аҳли таълиму тарбия буданд ва аз ин рӯ, суханронии Х.Юсуфӣ асосан ба соҳаи маориф ва масоили мубрами марбут ба рушди он  бахшида шуд. Мавсуф зикр кард, ки дар кишвари маҳбуби мо дар заминаи сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф афзалият дода шудааст ва омӯзгорон дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Солҳои охир дар саросари мамлакат бунёду ободонии  таълимгоҳҳо  дар авҷ аст ва мактабҳо бо навтарин таҷҳизоти таълимию техникӣ муҷаҳҳазонида мешаванд. Барои фаъолияти   вусъатманди омӯзгорон ва такмили ихтисоси онҳо шароити созгор фароҳам  оварда шудааст. Муовини раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, перомуни Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ба таври муфассал суханронӣ намуда, ба тавсиб расидан ва татбиқи ин қонунро ҳодисаи муҳим дар ҳаёти аҳли кишвар арзёбӣ кард.

Дар поёни ин вохӯрии судманд Х.Юсуфӣ ба суолҳои чанде аз омӯзгорон посух гуфта, изҳори боварӣ кард, ки аҳли маорифи шаҳри бостонии Панҷакент 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои шоиста ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстона истиқбол мегиранд.

Яздонқул Мавлонов,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш