Нашрияи Омӯзгор

Вусъати фаъолияти хонандагон

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

Суҳбат ҳамчун методи таълими шакли диалогии корҳои муаллим бо хонандагонро ифода мекунад ва барои ҳалли масъалаҳои дидактикӣ истифода бурда мешавад.

Суҳбат ба муаллим имкониятҳои нисбатан васеътаре фароҳам меоварад, то ҷараёни маърифатиро идора кунад. Саволҳо ба муаллим имкон медиҳанд, ки фаъолияти фикрии хонандаро ошкор ва тақвият бахшад.

Чун суҳбат тарафи таъҷилии қобилияти маърифатиро равшан месозад, метавонад, ки ба муаллим ҳамчун мактаби тарбияи тафаккури хонандагон хизмат кунад. Дар суҳбат муаллим метавонад, ки таъҷилан муқоиса, ҷамъбаст ва хулосаву натиҷагириро ба таври махсус таҳлил намуда, аҳамияту самаранокии онро муайян кунад.  Ҳамаи инҳо имконияти мустақилона андӯхтани донишу маърифатро аз ҷониби хонанда осон мекунанд.

Берун аз мактаб, дар натиҷаи ба воситаҳои оммавии коммуникатсия ошно  шудани хонандагон доираи фаҳмиши онҳо бо масъалаҳое, ки дар дарсҳо аз фанҳои гуногун омӯхтаанд, зиёд мешавад. Имконияти ба таври канда, нопурра ва тасодуфан аз худ кардани донишҳо ба вуҷуд меояд. Барои ин гуна тарзи омӯзишро ба тартиб овардан ва амиқ азхуд кардани донишҳо, методи суҳбат ивазнашаванда аст.

Мавқеи тарбиявии суҳбат низ хеле бузург аст. Вай дастаҷамъона ҷустуҷӯ  кардани ҳақиқатро ёд дода, ба ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии хонандагон  ёрӣ мерасонад. Суҳбат инчунин, дар хонандагон маҳорати исбот карда тавонистан ва бовариро ба неруи ақлонии худ вусъат медиҳад.

Суҳбат дар ҷараёни таълим дорои вазифаҳои гуногун мебошад: хонандагонро ба фаҳмиш тайёр мекунад, маводи навро мефаҳмонад, истифодаи донишҳои навро дар шароитҳои нав мувофиқ месозад, дар ҳалли масъалаҳои амалӣ кор фармуда мешавад ва ғайра.

Методикаи гузаронидани суҳбат мураккаб аст. Мувафаққияти он дар навбати аввал ба аниқ муайян карда шудани мавзӯъ ва вазифаҳои мушаххаси таълим вобаста мебошад. Муаллим бояд пешакӣ фикр кунад, ки вазифаи дар пешгузоштааш дар асоси кадом мавод ва бо чӣ гуна тартиби мантиқӣ бо муваффақият ҳал карда мешавад.

Муваффақияти суҳбат қисман ба мундариҷаву хусусияти саволҳои муаллим вобаста аст. Савол василаи асосии суҳбат буда, талаб карда мешавад, ки равшан, бамаънӣ, аниқ, сода ва кӯтоҳ тартиб дода шавад.

Аз саволҳои хусусияти алтернативӣ (ё-ё ки) дошта, ки ба хонандагон имконияти тасодуфан аз ду ҷавоб интихоб кардани якеро фароҳам меоваранд, дурӣ ҷустан лозим аст. Одатан савол аввал ба ҳамаи синф дода шуда, баъдан барои ҷавоб додан яке аз хонандагон даъват карда мешавад. Баъди саволи ёридиҳанда (на саволи луқмадиҳанда)-е дода мешавад, ки барои ба савол ҷавоби мувофиқ ёфтан ёрӣ мерасонад. Агар хонанда ҷавоби нопурра диҳад, он вақт лозим меояд, ки саволи иловагӣ дода шавад.

Дар охири суҳбат лаҳзаи ҷамъбастии хусусияти мундариҷаи суҳбатҳоро хулосакунанда ва мураттабсозандаро гузарондан лозим аст. Ин лаҳза омӯзгор бояд, ки ҷавобҳои нодуруст ва норавшани хонандагонро ислоҳ кунад. Суҳбат аз тарафи худи муаллим ё ки хонандаи ҳушманд ва ё баъзан бо иштироки аҳли синф ҷамъбаст карда мешавад.

 

Дилфуза Ҷалилова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш