Нашрияи Омӯзгор

Устод Азизмамад – азизи ҳамагон

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Устод Азизмамад Давлатмамадов соли 1974 шуъбаи табиатшиносию ҷуғрофиёи ДДОТ ба номи С. Айниро хатм намуда, то соли 1981 дар мактабҳои рақамҳои 18,19 ва 20 – и ҷамоати деҳоти Сучон адои вазифа намудааст.

Соли 1983 директори мактаби рақами 15 - и Ҷамоати деҳоти Поршинев таъйин мегардад. Дар тӯли  даҳ сол устод Азизмамад шуҳрат ёфта буд чун омӯзгори тавоно, чун педагоги навовар…Мардум ӯро аз он замон ин ҷониб кӯтоҳ «муаллим Азиз» мегӯянд. Ӯ аз ҳамон вақт азизи мардум гашта буд. Даврони Шӯравӣ ба вазифаи директори мактаб расидан саҳлу осон набуд. Ба таъбири мардум, «одамро аз ҳафт ғирбол мегузарониданд». Аммо устод Азизмамад, азбаски омӯзгори варзидаю педагоги тавоно буд, дар муддати 8 сол мактабро ба сафи мактабҳои беҳтарини ноҳия ворид намуд. Кӣ сарвари кордони мактаб буда метавонад? Оне, ки дониши хубу маҳорати сарварӣ дошта бошад. Аммо ин ҳанӯз кофӣ нест. Боз педагог будан лозим аст. Бале, муаллим бисёр аст, вале педагог камчин, педагог каси дигар аст. Касе, ки аз олами ботинии кӯдак вуқуфи комил дошта бошад, касе, ки замиру сиришти инсонро донад ва ба  он роҳ пайдо карда тавонад. Мактаб ва роҳбараш дар «ҳафт иқлим» овоза шуд. Ҳамдеҳагони устод, муаллимони мактаби №12 талаб пеш гузоштанд, ки мактаби деҳаашро сарварӣ кунад. Ҳамин тавр, устоди гиромӣ аз соли 1990 то соли 2015 (то замони ба нафақа баромаданаш) сарвари ин мактаб буд. Мактаб бе муболиға, ба мактаби беҳтарини ноҳияи Шуғнон табдил ёфт, на танҳо аз рӯйи сифати дониш, балки аз рӯйи одобу ахлоқ ҳам. Мутаассифона, мо аксаран донишро баҳогузорӣ мекунему ба ҷанбаи ахлоқӣ диққат намедиҳем. Одобу ахлоқ хеле муҳим аст, дониш доштан низ муҳим аст, вале инсонро ба маънои томаш тарбия кардан ниҳоят зарур мебошад.

Вақти дар раёсати маорифи вилоят кор карданам барои омӯзиши масъалае сафари ноҳияи Шуғнон пеш омад. Хостам аз ин мактаби номдор дидан кунам.  Рӯзи аввал қариб бо ҳуҷҷатомӯзӣ пешин шуд. Ман дар ҳайрат мондам. Тамоми ҷузвдонҳои ҳуҷҷатгузорӣ наппа - нав буданду ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода!  Ҳуҷҷатгузорию ҳуҷҷатнигорӣ дар мактаб чунон роҳандозӣ гардида буд, ки ҳаваси кас меомад. Ана, ҳавсалаю ана, муҳаббати ҳақиқӣ ба кору ана, масъулияти вазифашиносӣ! Ин ҳама заминию воқеӣ буд, яъне дар ин макон ҳуҷҷатро ба хотири намояндае омода намекарданд, ин ҳама натиҷаи кору фаъолияти ҳақиқӣ буд, ки дар қоғаз инъикос мегардид. Муаллимони мактаб нақл карданд, ки устод то бевақтии шаб дар мактаб кор  мекунанд. Чизи дигару боз аҷоиберо ҳам мушоҳида намудам. Занги мактаб садо медод, вале овози ғалоғулаю валваларо намешунидӣ. Одатан, вақте занги баромад садо диҳад, овози ғавғои бачагон мактабро «метарконад». Хаёл кардам, ки шояд, сохтакорие бошад. Бо мақсади равшан кардани ин аҳвол рӯзи дуюм дар долони мактаб паноҳгоҳе ёфтам ва пайдарҳам се лаҳзаи танаффус дар он ҷо пинҳон шудам. Наход, аз миёни камаш дусад – сесад нафар нафаре дод нагӯяд ё надавад? Ҳайратангез ин буд, ки сохтакорие ба назар нарасид. Боз ҳамааш табиӣ, воқеӣ буд. Мактабиён бе шитоб, гурӯҳ - гурӯҳ ё дунафарию сенафарӣ танаффус мебаромаданд. Даводаву мағал намекарданд, оҳиста суҳбаткунон аз дар берун мешуданд ва боз дарун медаромаданд.

Шумо хаёл мекунед, ки устод Азизмамад Давлатмамадов ниҳоят бадқаҳру сахтгир буданд!? Хато мекунед! Баръакс, бо овози пасту садои мулоим суҳбат мекунанд, надидаам, ки мартабае чин бар ҷабин гирифта бошанд. Шумо гумон мекунед, ки дар мо «Макаренко» ва «Песталотси» - ҳо нестанд!? Ҳастанд! Эшон аз ин педагогони машҳур заррае кам нестанд! Яъне, устод педагоги ҳақиқианд. Охир, мактаби марказу сари роҳро ба ифоқа овардану муддати 25 соли сарварӣ онро дар қатори беҳтарин мактабҳо ҷо додан ҳунари ҳар кас нест.

Ҳурмату обрӯе, ки устод дар деҳа доранд, хеле баланд аст. Ҳама ҳурмату иззаташон мекунанд. Нақл мекунанд, ки дар он солҳои душвор ҳеҷ фарде дар деҳа ва атрофи он аз кумак ба мактаб гардан натофт. Дар деҳа ягон нафар гапашро ду накардааст.

Устод Азизмамад Давлатмамадов Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, дорандаи ифтихорномаҳои зиёд мебошад.

Устод ҳанӯз бардаму неруманд буда, маслиҳатгари аҳли деҳаанд, дар ҳар кору иқдоми хайр ҳамдастӣ доранд.

Ҷангибек Улфатшоев,

узви ИЖТ ва ИНТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш