Нашрияи Омӯзгор

Умре дар хидмати мардум

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

15 сентябри соли 2019 омӯзгори варзида, бонуи маърифатгустар, ки   шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст, Ғафорзода Санам Ғафор ба таври ногаҳонӣ аз ҷаҳон чашм пӯшид.

Мавсуф 13 октябри соли 1974  дар шаҳраки Шӯроободи ноҳияи Ш.Шоҳин дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст . Баъди хатми мактаби зодгоҳаш соли 1992 шомили Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб гардидааст. Аз соли 1996-97 ҳамчун мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Ш.Шоҳин) ба фаъолият оғоз  мекунад. Солҳои 1997-1998 дар дастгоҳи раиси ноҳияи Шӯробод ба сифати коргузор фаъолият намуда, ҳамзамон, дар муассисаи таълимии №1-и ноҳия аз фанни таърих ва ҳуқуқ ба хонандагон дарс медиҳад.Соли 2002  қобилияти кордонию ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, ба вазифаи мудири шуъбаи умумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кор даъват мекунанд. Аз моҳи августи соли 2002 то охири умраш  вазифаи муовини раиси ноҳияи Ш. Шоҳинро ба уҳда дошт.   Шодравон аз соли 2002 инҷониб вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ш.Шоҳин буд.  Барои фаъолияти пурсамари роҳбарию омӯзгорӣ бо  нишони Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Хотираи неки  Санам Ғафорзода дар дилу ёру дӯстон, ҳамкасбон ва шогирдон то абад боқӣ хоҳад монд.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, шуъбаи маориф ва

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш