Нашрияи Омӯзгор

Донишманди гӯйишҳои мардумӣ

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

Миср Эшниёзов дар байни аҳли илму фарҳанг ҳамчун донишманд ва устоди варзида дар таҳқиқи соҳаи шеваҳои забони тоҷикӣ маъруфият дошта, аз олимони сермаҳсули тоҷик дар соҳаи шевашиносӣ маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1919 дар оилаи шахси бофарҳанг дар шаҳраки Хузори (Ғузори кунунӣ) водии Кешрӯди (Қашқадарёи ҳозира) Бухорои Марказӣ ба дунё омадааст.

Фаъолияти худро ба сифати омӯзгори мактабҳои тоҷикии шаҳру ноҳияи Ғузор оғоз намуда, ба вазифаҳои сарвари мактабу нозири шуъбаи маориф низ пазируфта мешавад. Мавсуф, ки ҷавони болаёқат, миллатдӯсту ватанпарвар ва ташнаи илму дониш буд, бинобар он, роҳи шаҳри Сталинобод (Душанбеи кунунӣ)-ро (соли 1947) пеш гирифта, донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Институти омӯзгории Сталинобод (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) мегардад ва онро соли 1952 хатм мекунад.

Фаъолияти минбаъдаи Миср Эшниёзов ба кафедраи забони тоҷикии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) алоқаманд мебошад. Корро аз вазифаи лаборанти кафедра оғоз карда, то ба вазифаи дотсенти кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ мерасад. Дар байни солҳои 1965-1977 чанд маротиба вазифаҳои ҷонишини декан дар шуъбаи рӯзона ва шабонаро ҳам ба уҳда дошта, ҳамчунин, аз бахшҳои ҷудогонаи забони тоҷикӣ ва бахусус, шевашиносии он, ба шогирдони шуъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибонаи факултаи филологияи тоҷик ва факултаи забонҳои Шарқ (ҳоло факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо) дарс медод.       

Миср Эшниёзов яке аз мутаххассисони барҷастаи соҳаи диалектология (лаҳҷашиносӣ ё шевашиносӣ) ба шумор меравад. Ӯ на танҳо ба тамоми маҳалҳои тоҷикнишини Тоҷикистон, балки ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ сафар карда, бевосита бо мардум мулоқот карда, намунаи гӯйишҳои онҳоро дар асарҳои «Машғулиятҳои амалӣ аз шевашиносии тоҷик» [1969, 280 с.], «Диалектологияи тоҷик», қисми якум [1977, 116 с.], «Диалектологияи тоҷик», қисми дуюм [1979, 136 с.], «Диалектологияи тоҷик», қисми сеюм [1977, 115с.], «Шеваи ҳардурӣ» [1967, 210 с], «Лаҳҷашиносии тоҷик» [1996, 200 с.], «Қазияи вожаноманависӣ ва харитабардории хусусиятҳои лаҳҷавӣ» [1999, 280 с.] мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.

Нахустин мақолаи илмии Эшниёзов ҳанӯз соли 1959 дар «Ахбори илмҳои ҷамъиятии Академияи илмҳо» бо номи «Шеваи ҳардурӣ» нашр мешавад. Ин мақола ба муаллиф обрӯю нуфузи зиёди илмӣ овард ва дертар соли 1967 дар натиҷаи такмил додани мақолаи номбурда рисолаи «Шеваи ҳардурӣ»-ро ба нашр мерасонад. Ин рисола яке аз асарҳои боэътибору пурмуҳтавои илмии соҳаи шевашиносӣ буда, муаллиф дар асоси он сазовори дараҷаи илмии номзади илми филология мегардад.

М. Эшниёзов дар тӯли беш аз 40 соли фаъолияти омӯзгориаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати роҳбари таҷрибаи шевашиносӣ қариб ба ҳамаи мавзеъҳои тоҷикнишини Тоҷикистону берун аз он сафар намудааст. Асари ниҳоят пурмуҳтавои ӯ бо номи «Лаҳҷашиносии тоҷик» (соли 1996) натиҷаи ҳамин сафарҳост. Ин асар, воқеан ҳам, асари комили илмии соҳаи шевашиносӣ ба шумор рафта, хусусиятҳои савтию сарфии шеваю лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба таври муқоисаи таърихӣ омӯхтаву мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Гузашта аз ин, М.Эшниёзов доир ба масъалаҳои ҷудогонаи илми забоншиносӣ бахусус, шевашиносӣ мақолаҳои зиёде аз қабили «Оид ба шарҳи баъзе калимаҳои осори Рӯдакӣ», «Ҷонишинҳо дар шеваи ҳардурӣ», «Оид ба маънидод ва ислоҳ намудани калимаҳои шевагӣ аз тарафи муаллим», «Баъзе қайдҳо оид ба лексикаи забони тоҷикони ҳардурӣ», «Инкишоф ва масъалаҳои шевашиносии тоҷик», «Оид ба таснифоти шева ва лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ», «Забони адабӣ ва диалектҳо» чоп кардааст. Барои хубтар аз худ кардани фанни лаҳҷашиносӣ ё шевашиносӣ барномаҳои таълимии ин фан «Программаи шевашиносии тоҷик» [1970], «Программаи диалектологияи тоҷик» [1987] ва чанд дастурҳои методиву таълимӣ таълиф намудаанд, ки ҳоло ҳам шогирдон онҳоро истифода мебаранд.

М.Эшниёзов дар масъалаи истилоҳи «шева» ва «лаҳҷа» бо дигар мутахассисони ин соҳа ҳамфикр набуд, ақидаи худро дошт. Маълум аст, ки истилоҳҳои диалект, шева ва лаҳҷа бо ҳам муродиф буда, дар мавридҳои муайян ҳамдигарро иваз карда метавонанд. «Диалект» истилоҳи умумилингвистӣ буда, дар бисёр забонҳо корбаст мешавад. Аксари мутахассисон, махсусан, кормандони шуъбаи шевашиносии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ истилоҳи «шева»-ро ҳамвазни «диалект» мефаҳманд ва китоби панҷҷилдаи «Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ», ки сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино гардидааст, намунаи он мебошад. Онҳо лаҳҷаро тангтар, хурдтар мешуморанд. М.Эшниёзов баръакс «лаҳҷа»-ро бо «диалект» ҳамвазн медонад. Масалан, шеваи Хонақоҳи Кӯҳӣ, Искич ва ё Тӯдаи лаҳҷаи ҷанубӣ. Ба ақидаи ӯ, забони тоҷикӣ аз чаҳор лаҳҷа – шимолӣ, ҷанубӣ, ҷануби шарқӣ ва марказӣ иборат аст. Ҳамин буд, ки чанд китоби муаллиф бо номи «Диалектологияи тоҷик» чоп шуд.

Рисолаи дигари илмии ӯ «Қазияи вожанависӣ ва харитабардории хусусиятҳои лаҳҷавӣ» бо тақозои инкишоф додани лаҳҷашиносии ҷуғрофӣ дар забоншиносии тоҷикӣ таълиф гардидааст.

Дар рисола дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои илмӣ, ҳамзамон, оид ба истифодаи шеваю усули таҳқиқ ва пажӯҳишҳои минбаъда ақида ва афкори муҳаққиқон аз ҷониби муаллифи рисола оварда шудааст. Дар фасли «Намунаи вожаномаи лаҳҷавии луғавӣ» беш аз 10 ҳазор калима ва вожагони лаҳҷавӣ ва баъзе аз таъсироти халқӣ ва лаҳҷаҳои гуногуни тоҷикӣ ба сифати мисол гирд оварда шудааст ва онҳо аз нигоҳи воқеъият ва ҳудуди густариш (дар минтақа, ноҳия, маҳала ё мавзеъ) муайян ва муқаррар гардидааст.

Ҳамин тариқ, фаъолияти илмӣ ва омӯзгории Миср Эшниёзов дар соҳаи шевашиносӣ хеле назаррас буда, ӯро чун «падари шевашинос» ё шевашиноси воқеӣ эътироф ва эҳтиром мекунанд. Навиштаҳои баландарзиши ӯро роҷеъ ба гӯйиши маҳаллӣ муҳаққиқони дигар дар рисолаву навиштаҳояшон чун манбаи боэътимод истифода менамоянд. Аз ҷумла, дар китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз асари «Шеваи ҳардурӣ»-и ин донишманд иқтибос оварда шудааст. Ин далели он аст, ки аз байни нигоштаи забоншиносони нимаи дуюми қарни XX таҳқиқоти Миср Эшниёзов аз ҷониби муаррихи тоҷик пазируфта шудааст.

 

Ҷумъа ҲАМРОЕВ,

профессори ДДС

ба номи Алишери Навоӣ,

ҷумҳурии Ӯзбекистон

C. ЭМОМАЛӢ,

М. САЛОМИЁН,

Д. ҲОМИДОВ,

докторони илмҳои филологӣ,

дотсентони Донишгоҳи

миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш