Нашрияи Омӯзгор

Мактаб ба номи профессор Саъдуллоев гузошта шуд

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

21 сентябри соли равон мактаби №148-и шаҳри Ваҳдат ба номи доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Саъдуллоев  гузошта шуд. Ба ин муносибат дар мактаби мазкур маҳфили пуршукӯҳ баргузор гардид.

Дар он адибону публитсистон  Абдул-ҳамид Самад,  Каро-матуллоҳи Мирзо, Ато Ҳамдам, Наҷмиддини Шоҳинбод, Раҷаб Мардон, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода олимону шогирдони устод ширкат ва суханронӣ намуданд. 

Иштирокдорон дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳаи устод Асадулло Саъдуллоев  суханронӣ намуда, саҳми ӯро дар тарбия мутахассисон ва рушди журналистикаи тоҷик  муҳим арзёбӣ карданд.

Дарвоқеъ, фаъолияти устод Саъдуллоев  се самтро фаро мегирифт.  Ӯ ҳам дар таълифи осори публитсистӣ,  ҳам дар ҷодаи таҳқиқ  ва ҳам таълифи дастурҳои таълимӣ муваффақ гардидаву осори бунёдиро ба мерос мондааст. Ӯ 22 сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, 4 феврали 2016 чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Шод-равон доктори илми филология, профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон мебошад.

Ба таъкиди шогирди устод, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сангин Гулов,  Асадулло Саъдуллоев дар бахши таҳқиқи пуб-литсистика ва насри мустанад мактаби илмии хешро ба вуҷуд оварда, чандин нафарро ба шоҳроҳи таҳқиқи публитсистикаву журналис-тика роҳбариву раҳнамоӣ кард. Доктори илм Ҷовид Муқим, номзадҳои илм С. Ҳайдаров, А. Қутбиддинов, Х. Олимова, С. Мирзоалӣ, М. Орифова, Ҷ. Яъқубов, И. Ҳамидиён, Ҷ. Раҳмонова, Н. Кучарова, А. Ором ва чанде дигар дастпарвари мактаби илмии устод мебошанд.  Танҳо зикри чанде аз осори илмиву таълимии устод кофист, ба хулосае оем, ки аз ҷумлаи муҳаққиқони серкору сермаҳсул буда: «Публитсистикаи Турсунзода», «Агар сухан коргар шавад…», «Озодии сухан ва матбуот», «Хосияти адабиёт», «Рангҳои зиндагӣ», «Горизонты публицистики», «Жанрҳои таҳлилии матбуот», «Жанрҳои журналистикаи радио», «Асосҳои журналистикаи телевизион», «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист», «Саҳифабандӣ ва чопи газета», «Муаммоҳои назарияи публитсистика», «Техника и технология СМИ», «Эссе», «Очерк: генезис, развитие и современное состояние» ва ғайра. Ба қалами устод Асадулло Саъдуллоев қариб 50 асари илмиву таълимӣ, методиву бадеӣ тааллуқ дорад ва дар маҷмӯъ, ӯ муаллифи беш аз 1200 маводи публитсистӣ ба ҳисоб мерафт.

Духтари устод  Рухшона Саъдуллоева ба ҳозирин барои қадрдонӣ ва арҷгузорӣ изҳори миннатдорӣ намуда,  омодагии хешро барои ифтитоҳи осорхона дар мактаби мазкур баён кард.

Ҳамчунин, шогирдони устод изҳор доштанд, ки дар мактаб стипендияи ба номи устод Саъдуллоев таъсис дода мешавад ва ҳамасола  дар ҷамъбасти соли хониш ба хонандаи фаъолу донишманди мактаб тақдим мегардад.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш