Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилот дар кишварҳои ҷаҳон

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 847        Шарҳ: 0

Далелҳои ҷолиб

Ҷопон                        

Соли таҳсил дар Ҷопон ба се давраи баробар тақсим мешавад ва аз моҳи апрел оғоз меёбад. Пас аз ҳар  се моҳ ба кӯдакон таътил дода мешавад  ва таътили тобистона аз охири моҳи июл то 1 сентябр давом мекунад. Дар давраи  таътили баҳорӣ, ки танҳо як ҳафтаро дарбар мегирад, кӯдакон аз синф ба синф гузаронида мешаванд. Солҳои тӯлонӣ дар Ҷопон муаллимӣ шуғли мардон маҳсуб меёфт,  ҳоло  беш аз нисфи ҳайати омӯзгоронро  мардон ташкил медиҳанд. Қариб дар ҳамаи мактабҳои Ҷопон кӯдакон дар синфи  худ хӯрок мехӯранд, зеро дар мактабҳо ошхона мавҷуд нест.

Чехия

Дар мактабҳои Чехия низоми баҳодиҳии панҷбалла амал мекунад, ки дараҷаи баландтарин як ва панҷ дараҷаи пасттарини он мебошад. Таътил барои мактаббачагони  Чехия танҳо дар зимистон ва тобистон дода мешавад. Таътили тобистона ҳамагӣ 2 моҳ давом мекунад.

Меъёри мактабҳои Чехия вусъати тахассуси омӯзгоронро  талаб мекунад, зеро як муаллим метавонад дарсҳои гуногун  бидиҳад. Дар ин ҷо муаллими математика  тарбияи ҷисмонӣ ва муаллими суруд   химия ва забони модариро таълим дода метавонад.

Финляндия

Дар ҳар як синфи мактабҳои Финляндия ду муаллим кор мекунад - муаллим ва ёвар. Муаллими Финляндия ҳеҷ гоҳ ягон хонандаро барои ҷавоб додан ба тахтаи синф даъват намекунад, агар худи ӯ ин корро кардан нахост. Ба надонистани дарс хонанда дар назди дигарон мазаммат карда намешавад. Пас аз ҳар як дарс дар мактаби Финляндия тағйирот ворид карда мешавад ва давоми он ҳамаи хонандагон новобаста аз вақти сол бояд берун раванд.

Куба

Дар Куба таълим дар мактаби миёна бо кор алоқамандии қавӣ дорад. Хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳр ҳамасола ба муҳлати аз 5 то 7 ҳафта ба корҳои кишоварзӣ ҷалб карда мешаванд.

Шветсия

Дар мактабҳои шведӣ директор ҳақ дорад, ки хонандаро дар давоми соли таҳсил ба синфи дигар гузаронад. Албатта, танҳо дар сурати доштани дастовардҳои баланди донишандӯзӣ ва розигии падару модар ин амалро анҷом медиҳад.

Хитой

Дар мактабҳои Чин таътили зимистона аз охири декабр то аввали феврал давом мекунад. Дар ин вақт дар кишвар Соли нав анъанавӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар донишгоҳҳои Чин як дарс 40 дақиқа тӯл мекашад

Ирландия

Дар Ирландия таҳсилоти миёна барои кӯдакони 6-15 сола ҳатмӣ аст, аз ин рӯ, онҳо бояд ҳатман ба мактаб раванд. Барои донишҷӯёни кишвар иштирок дар  лексия озод аст.

Норвегия

Дар мактабҳои Норвегия то синфи 8 хонандагон намедонанд, ки арзёбии дониш чист. Дар ин кишвар барои таҳсили  кӯдакони синну соли гуногун  дар як бинои таълимӣ иҷозат дода намешавад. Дар ин ҷо таҳсил аз рӯи синну сол: синфҳои ибтидоӣ, наврасони аз 14 - сола, ҷавонон (18 -  сола) ба таври мушаххас роҳандозӣ шудааст.

Юнон

Дар донишгоҳҳои Юнон муносибат ба таҳсил озод аст. Дар ин давлат таҳсили аксари донишҷӯён то 30 - солагӣ давом мекунад. Далел он аст, ки дар Юнон таҳсил комилан ройгон аст, суғуртаи тиббӣ ва хӯроки ройгон дар ошхонаҳои донишҷӯён, инчунин, имтиёзҳои гуногун барои сафар бо нақлиёти ҷамъиятӣ фароҳам оварда шудааст.

Олмон

Дар Олмон  барои кӯдакон дар рӯзи аввали таҳсил волидон бояд ба онҳо Schultite -  як халта коғази рангинро дар шакли конус бо шириниҳо бидиҳанд. Донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Олмон таҳсил мекунанд, барои онҳо баҳри воридшавӣ  ба театрҳо, осорхонаҳо ва клубҳои варзишӣ имтиёз муқаррар шудааст (нархи чиптаҳо арзон карда мешавад). Илова бар ин, бо корти донишҷӯӣ бо нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ таъмин мегарданд. Дар шаҳри Мюнхен роҳкирои донишҷӯён барои сафар 25% ва донишҷӯёне, ки берун аз шаҳр зиндагӣ мекунанд,  75% тахфиф мешавад.

ИМА

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка волидони кӯдаконе, ки ба мактаб намераванд, ҳабс карда мешаванд. Дар ҳар синфхонаи мактаб шумораи кӯдакон 35-40 кӯдакро ташкил медиҳад. Дар мактабҳои амрикоӣ кӯдакон аз рӯзҳои аввали таҳсил ба интихоби касби оянда омодагӣ мегиранд. Аз ин рӯ, волидайни хонандагон давра ба давра ба дарс меоянд ва дар бораи касби ояндаи кӯдаконашон суҳбат мекунанд. Қариб дар ҳамаи мактабҳои Амрико ва таълимгоҳҳои Аврупо, ба ғайр аз танаффуси нисфирӯзӣ, танаффусҳо ҳангоми нӯшидани шири кӯдакон - Milk Break мавҷуд аст.

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш