Соядаст ё автограф, як тикка сухани сабзу самимиест, ки ба расми ёдгор ва ё ҳамчун рамзи иззату эҳтиром аз сӯи аҳли сухан дар сафҳаи тозаи китоб навишта ва ба дӯсти муаллиф эҳдо мегардад. Суҳбат бо адиб, муҳаққиқ ва донишманди тоҷик Мирзо Шукурзода ба ифтихори 70-солагии зодрӯзашон чеҳраи офтобии чанд соядастро ба мо рӯшан месозад.
– Дар китобхонаи ғаниву пурнури шумо ҳудудан чаҳор ҳазор нусха китоб мавҷуд аст, ки теъдоде аз онҳо бо соядаст аз сӯи адибони забардаст эҳдо гардида. Масалан, чашмам ба саҳифаи аввали «Фарёди бефарёдрас»-и устод Лоиқ афтод, ки ин шоири маҳбуби миллат навиштаанд: «Эҳдо ба додарам Мирзо. Бо иродат: Лоиқ»…
– Устод Лоиқ бо он табъи баланд ва ғурури дилписанду виқори олии шоирие, ки доштанд, ҳар касеро саҳлу осон «додар» намехонданд. Эшон назди хешу бегона баҳудаву беҳуда дари дил боз намекарданд ва ман дар ҳар дидор бо устод ҳамчун шогирди дабистон дар ҳузури устоди сахтгир бо эҳтиёт сухан мегуфтам. Ибо мекардам, ки мабодо лағзише дар каломам пеш наояд ва муҷиби озори дили ҳассос ва дардманди шоир нагардад ва ин ҳам дар ҳоле ки устод Лоиқ ҷавонмарде фурӯтан ва орифе дарвешхисол буданд.
Соядасти «Фарёди бефар-ёдрас» ҳарчанд ҷумлае беш нест, вале бароям чун тулӯи хуршед гиромист. Зеро худи устод Лоиқ ин китоб ва соядастро бо амри дил навишта, аз тариқи як нафар масъули Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба унвони банда соли 1997 ба Теҳрон ирсол карда буданд. Шоирони ҳақиқӣ хислати даруннигарӣ доранд: бе изҳори як калом дили дӯсту душманро мехонанд. Дар қазовати неку бад ба зудӣ ба баҳсу муҷодила нахезанд ҳам, амиқ дарк мекунанд, ки ин ошноёну ноошноёнро дар замир чӣ хуфтааст.
Банда ба устод Лоиқ ва адибоне чун устодон Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёд-горӣ, Гулрухсор, Сорбону Кӯҳзод, Кароматуллоҳи Мирзо, Раҳмат Назрӣ, Абдулҳамиди Самад, Ҷонибеку Равшани Ёрмуҳаммад… робитаи дӯстӣ ва эътиқоди қавии бародарӣ доштам ва дорам. Соядастҳои самимие аз онон низ барои банда ба ёдгор мондааст, ки ҳамчун гавҳараки чашм ҳифзашон мекунам.
- Соядастҳое, ки ба унвони шумо қаламӣ гардидаанд, ниҳоят самимианд. Ҳатто бо хондани баъзеи онҳо дар чашми кас ашк меҷӯшад. Барои мисол Фотеҳ Абдуллоҳ китоби хеш «Ҳазор тарона»-ро бо сатрҳои зер ҳадя кардааст: «Барои бародари басо гаронмоя ва арҷмандам мавлоно Мирзо Шукурзода – инсоне дорои фитрати пок ва фикрати пок, боимон, Худоҷӯ, шарофатманд, миллатдӯст ва меҳанпараст… Бо эҳтиром, А. Фотеҳ, 3 апрели 2007.»…
– Чунин сатрҳои шеърполо маъмулан бар асари эҷоди дӯстӣ ва садоқати беғаразона ва тӯлонӣ рӯи коғаз меоянд. Мо бо устодон Фотеҳ Абдуллоҳ, Шарифи Раҳим, Баҳманёр, шодравонҳо Шодӣ Асрор, Сармад, Қувват Давлат ва Ҷумъа Дӯст ҳанӯз солҳои ҳафтоди садаи гузашта риштаи дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ пайвастем. Шоири пуршӯр Ҷӯра Юсуфии донишҷӯ низ бо мо буд. Нишастҳоямон танҳо перомуни китоб ва таърихи пурпечутоби миллат ҷараён дошт. Фотеҳу Шодӣ, ки устодони Донишгоҳамон буданд, ба мо сабақи худшиносӣ додаанд. Бо андешаманди тавоно Фотеҳи Абдуллоҳ дӯстии мо чиҳил сол бегазанд монд. Ва нигоҳ доштани ҷоми муҳаббату дӯстӣ мушкилтарин амр дар зиндагист. Ин ҷоми зарифро касе бешикаст метавонад нигоҳ дорад, ки имони комил дошта бошаду табори тамизу пок. Ноасл фоқиди ин неъмати худодод аст!
– Маро соядасти профессор Абдулманнони Насриддин ва китоби пурмуҳтавои эшон «Чиҳил мақола» (чопи Хуҷанд, 2008) низ ба ваҷд овард. Бидуни шак, устод ин сатрҳои оташинро аз сидқи дил навиштаанд: «Ба маҳзари пурбаракати бародари азиз ва дӯсти сухансанҷу сухангустарам Мирзо Шукурзода, ки бо донишу эҳсону бузургмардӣ ҳабиби мо ҳастанд, тақдим медорам. Бо паёми меҳр, Абдулманнони Насриддин. 25 январи 2008».
– Дуруст фармудед: аз сидқи дил ва бародарона навишта шудааст ин соядаст. Мову устод Абдулманнон, ки шахсияти воломақоми илмӣ ва исломӣ буданд, дар дидор ва ҳамоишҳои фарҳангии Теҳрону Хуҷанд саодати ошноӣ дарёфт намудем. Фориғ аз маҷлисҳо дар ҳузури бузургоне чун Камол Айнӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдуқодир Маниёзов роҳ ёфта, аз маърифат ва дониши он азизон баҳраҳо бурдаем.
– Соядастҳо маъмулан фишурда, ҷаззоб ва дар чанд сатр навишта шудаанд. Масалан, Нур Табаров дар варақе аз китоби худ «Чархи гардон» («Адиб», 2007) ҷумлаи зеринро ба шумо тақдим кардааст: «Ба Мирзо Шукурзодаи Масчоҳӣ, ки яке аз сарсупурдагони тоҷикон аст ва низ аз азизони банда… Нурмуҳаммад. 14 январи соли 2008».
Дар китоби Доро Наҷот «Рӯиш аз сукут» омадааст: «Тақдим ба устод Мирзо Шукурзода, шоир ва муҳаққиқи пуровоза ва Инсони аз ҳар ҷиҳат тоза. Доро. 19 октябри соли 2006». Баҳманёр ҳам дар варақи романи «Шоҳаншоҳ» садоқати худро дар як ҷумла дастовези шумо қарор додааст: «Ба бародари азиз Мирзо Шукурзода, ки дар майдони тоҷикпарастӣ имрӯз аз ҷумлаи яккатозон аст. 15. 02. 07».
– Ҳар фарде аз ин бузургон ҳамкор, дӯст ва бародари бандаанд. Чунончи, устод Нурмуҳаммад Табаров натанҳо бо ман, ки солиёни зиёде таҳти роҳбарии эшон ходими идораи «Тоҷикистони Советӣ» будам, ихлосманданд, балки бо теъдоди зиёде аз ҳамдиёрони мо, аз ҷумла, бо Бурҳон Ғанӣ (равонашон шод бод), Усмон Олим, Карим Абдулов, Саидҳаким Боқиев ва дигарон робитаи ҳасана доштанд ва борҳо аз домани мақбараи устод Рӯдакӣ то оғозгоҳи Зарафшон – ба зодгоҳи мо сафар кардаанд. Гармтарин суханон ва некутарин сифатеро дар бораи меҳмоннавозӣ ва ҳозирҷавобиву олиҳимматии масчоҳиён аз забони Нурмуҳаммад шунидаем ва самимияте, ки ба банда доранд, ин самимият ва муҳаббат ба фард – фарде аз аҳли илму адаби Масчоҳ аст.
– Аммо баъзе аз муаллифон соядастҳои хеле муфассал (ҳатто дар як ё ду варақ аз китобашон) навиштаанд, ки барҳақ, ин ҳам нишони ихлосу инояти онҳо ба Шумо шахсият ва осоратон аст.
– Ба соядастҳо аз устодон Камол Айнӣ, Аҳрор Мухторов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Валӣ Самад, Рӯзӣ Аҳмад, Комил Бекзода, Мирзо Аҳмадов, Усмонҷон Ғаффоров, Амон Нуров, Бароти Абдураҳмон, бонувон Гулрухсору Ҳадисаи Қурбон, ҳунарпешаи номӣ Ортиқи Қодир ва чанд китоби дигар, ки пеши назар доред, таваҷҷуҳ намоед. Савганд, ки ман аз каломи шаккарин ва таърифҳои баландпояе, ки ин бузургворон бароям армуғон овардаанд, хиҷолат мекашам. Дӯст дар зоҳиру ботини дӯст ва амали ӯ фақат хубӣ мебинад. Бубинед, устоди арҷманди мо, профессор Усмонҷон Ғаффоров бо чӣ нукоти дилангезе рисолаи зебои хеш «Шаҳбози осмони сухан»-ро ба мо тақдим намуданд: «Ба инсони бароям табаррук, мубаллиғи мероси Лоиқ Шералӣ дар сарзамини Эрон – Мирзо Шукурзода бо орзуҳои нек зиндагиномаи шоири тавонои миллатамонро ҳадия намуда мегӯям: «Мардуми Зарафшон! Бо чунин адиби забардасти водӣ фахр кунед! 6. VI. 08».
– Эҳсос мешавад, ки диққати баъзе аз муаллифонро ҷанбаи миллии осоратон ва эҳсоси баланди ватандӯстии шумо ба худ мекашад. Нависандаи соҳибном Абдулҳамиди Самад шуморо парчамбардори содиқи меҳан ва нависандаи донишманду заҳматписанд номидаанд («Гардиши девбод», 18.02.08). Ё донишманди ҷавон Ҷамшед Азимпур дар рисолааш – «Сафири хуршед» баргеро ба ин шакл рангин сохтааст: «Ба устоди бузургвор Мирзо Шукурзода – он виҷдони бедори замон, он дилдодаи ростиву дурустӣ ва покӣ ва он сӯхтаи ишқи Миллату Меҳан тақдим гардид. Ҷамшеди Азимпур. 18. 09. 2009» Яъне дар дастнавишти ин ду тан аз азизон, ишораи муассире ба хислати ватанпарастии шумо эҳсос мешавад.
– Мо бо устод Абдулҳамид Самад, ки қаблан ном бурдед, собиқаи сӣ сол ҳамкорӣ ва рафоқат дорем. Аммо ошноии банда бо олими ҷавон, вале гавҳарсухан, киёи Азимпур, ки зиндагии пушӯру фоҷиабори Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷро мавриди пажӯҳиши жарф қарор додааст, як-ду соле беш нест. Ӯ ба таълифоти хоксоронаи мо таваҷҷуҳи хосе зоҳир намуд, ба суроғам омад ва беҳтарин нақдро роҷеъ ба чанд рисолаи банда, аз ҷумла маҷмӯаи «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» навишт, ки аз он ҳама хадамоти пурарҷи ин марди шариф сипосгузорам.
– Дар бораи он ки баъзе аз соядастҳо бо шеър иншо шудаанд, чӣ ақида доред? Ман аз ҷумла, навиштаҳои шоирон Усмон Назир, Ато Мирхоҷа, Ҷӯра Юсуфӣ ва дигаронро дар назар дорам.
– Устод Усмон Назир дар муқаддимаи тазкираи олимони Масчоҳ «Махзани нур» (таҳияи Муҳаммадамини Хоҷазода) осори хоксоронаи маро дар ҳадди олӣ васф кардаанд. Ин марди асил ҳам дар саховат, ҳам дар арзёбиву доварии заҳмати инсонҳо олиназар ва олиҳимматанд. Ана, ба ин дастхат аз «Оташрез» ном баёзи ашъорашон шинос шавед: «Тақдим ба азизи ҷонам, дӯсти меҳрубонам, олими асил, кашшофи беҳамто, ватанпарасти муқтадир ва шоири баҳорнафас Мирзо Шукурзода». Рубоие низ аз устод зери сатрҳои боло омада:
Мирзои сухансаро, каломат
қанд аст,
Кору амалат ҳамешагӣ бефанд
аст.
Усмон гӯяд: - Ҳазору садсола
шавӣ,
Ин фард барои халқи ман
дилбанд аст.
Ҳоҷӣ Усмон Олим, ки ба теъдоди зиёде аз суханварони устони Суғд ҳаққи устодӣ доранд, низ дар баёзашон «Тӯшаи роҳ» (Хуҷанд, 2008) қитъае ба фақир ҳадя кардаанд:
Дилат оинаи меҳру садоқат,
Намебинам дар он як холи
иллат.
Сари таъзими мо бар ту
ҳамоил,
Сари худро намуди барфи
миллат.
Ҳамин тавр, аз лутфу эҳсони Шоири халқии Тоҷикистон, устод Аскар Ҳаким низ бебаҳра намондаем. Эшон маҷмӯаи «Санги ман – алмос»-ро ба таърихи 20 апрели соли 2007 ба ман тақдим намуданд ва бадеҳатан ин байтро навиштанд:
Дар адаб бошадат ҳамеша
ҳузур,
Эй хирадманд, Мирзои Шукур.
Адиб ва рӯзноманигори хушсалиқа Абдурауф Муродӣ низ дар ҷашни 60-солагии банда рубоие навиштанд, ки хеле баландмазмун мебошад ва он дар даъватномаи ҷашнӣ ҷой дода шуда, ба меҳмонони иззатманд тақдим гардид:
Китобат чун сипар бар
миллати мо,
Ту худ чун шаҳписар бар
миллати мо.
Чӣ хушбахтист, бахшад гар
Худованд
Чу ту чанде дигар бар миллати
мо.
– Аз гармии соядастҳое, ки Шумо барои дигарон навиштаед, кай суҳбат ороем?
– Воқеан, ин ҳам қиссаест бисёр ширин ва гуфтанӣ ва банда аксар соядастҳоро бо забони шеър ва он ҳам филбадеҳатан гуфтаам. Теъдоди камашон дар ёдам боқист. Масалан, зимистони соли 1994 дар Теҳрон дар як мулоқоти кӯтоҳ, ки бо шаҳиди бузургвор, устод Муҳаммад Осимӣ доштам, дар сафҳаи аввали китоби «Тоҷикон дар масири таърих» рубоии зерро ба унвони дастхат барои он алломаи ватандӯст навишта будам:
Эй пури Камол, камоли уқбо
бошӣ,
Монанди Хуҷанди ҳур зебо
бошӣ.
Бар кохи ҳунар, ки тоҷи заррин
задӣ,
Тоҷи сари тоҷикони дунё бошӣ.
Суҳбаторо
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр