Нашрияи Омӯзгор

Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намирад

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

Дар тамоми таълимгоҳҳои мамлакат имсол Рӯзи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд ва бо иштироки доираи васеи хонандагон таҷлил гашт. Ба муносибати ин рӯзи фархунда дар литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон маҳфили бошӯкуҳу муҳтавоманди адабӣ ороста шуд. Маҳфилро директори литсей М.Анваров ифтитоҳ намуда, зимнан зикр кард, ки устод Рӯдакӣ адабиёти тоҷикро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшида, ҳамчунон, ба афзоиши мақому мартабаи забони тоҷикӣ, рушди бавусъати ин забони ноб мусоидат кард.

Дар идомаи маҳфил гурӯҳи хонандагон аз эҷодиёти устод Рӯдакӣ қитъаҳо қироат карданд ва ҳамчунин вобаста ба лаҳзаҳои зиндагии Одамушшуаро саҳначаҳо намоиш доданд. Суруди умумии «Хандаи лола» дар иҷрои як даста хонандагони фаъоли литсей хеле мутантан ва дилнишин садо дод. Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар тамоми синфҳо дарсҳои тарбиявӣ баргузор гаштанд ва таълимгоҳ ба таври идона ороста шуд. Дар баргузории ин маҳфили рангину хотирмон омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики литсей Муҳтарама Холова, Ҳилола Муродова ва Дилафрӯз Маҳмудова ҳиссаи шоиста гузоштанд.

Н.Охунзода,                                                                        

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш