Нашрияи Омӯзгор

Суханони ҳикматрез

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 Пешвои миллат дар ситоиши забон ва омӯзгор

 

 

Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад.

***

 Барои ҳар фарди тоҷик лозим аст, ки  забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад.

***

 Забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, инчунин, нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад.

***

Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.

***

Забон баёнгари сарнавишти халқи тоҷик буда, бо истиқлоли Ватани мо сахт пайванд дорад. Яъне, ҳар гоҳ Ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам рушду истиқлол доштааст. Ва гоҳо ҳангоми мағлубиятҳои сиёсии халқамон забони мо бар забону фарҳанги ғолибон пирӯз гардида, ин мағлубиятро ҷуброн кардааст.

***

Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии  шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

***

Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим  медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим  соҳиби китобу қалам, илму  маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

***

Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои  таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш