Нашрияи Омӯзгор

Масъулият омили пешбар аст

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Беш аз сӣ сол мешавад, ки бонуи садоқатпешаи соҳаи маориф Майрамбегим Шогунбекова ба кори таълиму тарбия машғул аст.

Дар ин муддат борҳо ба монеаву мушкилот бархӯрд карда бошад ҳам, меҳраш ба пешаи пазируфтааш заррае коҳиш наёфт, ҳамеша, дар ҳама ҳолат ифтихор аз он дошт, ки омӯзгор асту муҳимтарин корро сомон мебахшад; дасти хурдтараконро рост, чашмонашонро боз, ақлашонро равшан намуда, ба ҷодаи илму маърифат ва ҳунару хирад раҳнамун месозад. Ҳаққо, ки:

Беҳин шахси ҷаҳон омӯзгор аст,

Аз ӯ сарсабзу хуррам рӯзгор аст.

…Майрамбегим Шогунбекова зодаву парваридаи деҳкадаи зебоманзари Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Аз хурдӣ ба хондан, ба китоб ва ба навиштан иштиёқмандии зиёд дошт. Дар мактаб фаъолона таҳсил мекард. Дар канори ҷӯйбори тезҷараён, дар рӯи сабзаҳои махмалину болои сангҳои курсигунаи зодгоҳаш нишаставу соатҳо китоб хондан ва гоҳе ба дунёи ширини андешаҳо руҷӯъ кардан барояш шуғле буд хеле писандида. Мехост, ки омӯзгор шавад, омӯзгори забондон ва соҳибмаҳорат, омӯзгоре, ки ҳама ҳурмату эҳтиром мекунанд, меситоянд. Бо ҳидояти орзуҳояш пас аз хатми мактаби деҳа ба шаҳри Душанбе омад ва донишҷӯи Донишкадаи педагогии забон ва адабиёти рус шуд. Ба василаи омӯзиши васеи забони русӣ ба дунёи бавусъаттари  илму маърифат ворид гашт, имкони омӯзишаш бештар гардид.

Дар овоне, ки ба забони тоҷикӣ дастури рисолаву китобҳои методию таълимӣ хеле кам буд, Майрамбегим ба шарофати хуб донистани забони русӣ имкон пайдо кард, ки беҳтарин дастурҳои методиро омӯхтаву маҳорати педагогиашро сайқал бубахшад. Аз ин рӯ, чун мактаби олиро хатм кард, аз муҳимтарин ва тозатарин усулҳои таълим ва навгониҳои илми педагогика огаҳии комил дошту ин бар он мувофиқат мекард, ки ба таълиму тарбияи насли наврас дилпурона оғоз намояд, муваффақ бошад.

М.Шогунбекова фаъолияти омӯзгориашро бо роҳхати Вазорати маориф дар деҳаи Чойхонаи  ноҳияи Ёвон – дар мактаби рақами 92 оғоз бахшид. Он ҳангом омӯзиши забони русӣ, махсусан, дар деҳот ба кундӣ ҷараён дошт, теъдоди мутахассисон кам буд. Бо ҷидду ҷаҳди муаллима, бар асари дарсҳои рангину ҷолиб, маҳфилҳои пурмуҳтаво ва чорабиниҳои  беруназсинфии завқбахшу  хотирнишине, ки мунтазам баргузор менамуд, таълими забони русӣ дар мактаби мазкур хеле такмил ёфту дониши хонандагон вусъат пазируфт…

Бо амри тақдир соли 2000-ум Майрамбегим Шогунбекова ба ноҳияи Рӯдакӣ омада, дар мактаби №115 ҳамчун омӯзгори забони русӣ ва синфҳои ибтидоӣ идомаи фаъолият намуд ва инак, ҳаждаҳ сол боз дар ин таълимгоҳи бонуфуз бомуваффақият кор мекунаду дар сафи тарбиятгарони мумтози ноҳия қарор дорад.

Аз соли 2010 иҷрои вазифаи ҷонишини  директор оид ба синфҳои  ибтидоӣ ба зимааш вогузошта шудааст ва ӯ ин вазифаи пурмасъулиятро низ бо камоли маҳорату кордонӣ иҷро менамояд.

М.Шогунбекова ҳамвора бар он мекӯшад, ки ҳар рӯзи мактаб барои хонандагон ҷолибу таъсиргузор, маърифатбахшу хотирмон бошад. Ӯ хуб медонад, ки махсусан, дар синфҳои  ибтидоӣ кори таълиму тарбия бояд хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Омӯзгорони  синфҳои ибтидоӣ бунёди бинои дониши  шогирдонро устувор месозанд, масъулияти тақдирсоз ба дӯш доранд. Аҳли таълиму тарбия ҳар рӯз бояд ба худомӯзию такмили маҳорату малакаи хеш машғул шаванд. Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим масъулияти омӯзгорони синфҳои ибтидоиро дучанд афзудааст. Ин ҳама нуктаю омилҳо ҳамеша дар мадди назари омӯзгори варзида Майрамбегим Шогунбекова қарор  доранд ва аз ин рӯ, мекӯшад, ки фаъолияташро давра ба давра вусъат бахшад.

 

Пироншоҳи САИДАҲМАД,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш