Нашрияи Омӯзгор

Чашмаи хуршедпарвар   

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

Ҳар субҳ чун ҷониби мактаб меравам, мисраъҳои хеле зебои устод Боқӣ Раҳимзода ба ёдам меоянд:

Тақдири насли миллат бар зиммаи ту

бор аст,

З- ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор

аст.

Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтиёр аст,

Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор

аст.

Оре, омӯзгор рисолати бузурге дар ҷомеа дорад, зеро инсонро тарбия карда,  ӯро донишу хирад меомӯзад. Бешубҳа, омӯзгорӣ пешаи сангину заҳматталабу масъулиятнок аст, зеро волидайн  ба омӯзгор  бовар намуда, фарзандашонро месупоранд, ба он хотир, ки соҳиби донишу ахлоқи наку гардад.

Ман ҳамчун омӯзгор кӯшиш мекунам, ки  ба ҳамаи шогирдонам таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоям, то бештар бо ман унс бигиранду  бовар кунанд, ки воқеан, мисли модар дӯсташон медорам. Ба андешаи ман, агар омӯзгор ба чеҳраи  шогирдаш  бо чашмони пур аз меҳру муҳаббати модарона нигарад, метавонад шогирди хуберо  тарбия намояд. Ва  омӯзгор чун модар агар дарди дили кӯдакро хуб дарк намуда, аз пайи дармонаш гардад, дили ӯро меёбад ва муносибати онҳо модару фарзандро мемонад. Баъзе омӯзгорон бо дидани каме ҷурми кӯдак ӯро сарзаниш мекунанд ва дағалона рафтор менамоянд, дили шогирдро ранҷонда, аз хондан дилгир  месозанд. Ин дар оянда ба муносибати онҳо халал ворид мекунад.

Тоҷикон омӯзгорро аз қадимулайём иззату эҳтиром мекунанд ва дар маҳаллае, ки муаллим зиндагӣ мекунад аз ӯ ҳамеша маслиҳат мепурсанд ва дар тӯю маъракаҳо болонишинаш мекунанд. Ман ҳама ин муҳаббату самимияти беинтиҳоро нисбат ба омӯзгор аз наврасиям дидаю  дар ниҳоят ин касби пуршарафро интихоб намудам ва ҳоло эҳсос менамоям, ки аз уҳдааш мебароям. Хуб дарк мекунам, бояд нисбат ба худ сахтгир бошам, то бо ранҷу заҳматам чашми кӯдакро ба муҳите, ки зиндагӣ мекунад бикшоям ва ба ӯ хату савод омӯзам ва шогирдони боақлу заковату соҳибфарҳанг тарбия намоям.

Ман кори таълиму тарбияро дар заминаи талаботи педагогика   ва хулқу атвор, хусусиятҳои равонии хонандагон оғоз менамоям, зеро омӯзгор илова ба дониши хубу малакаи софиаш, ҳамчунин, аз илми равоншиносӣ бояд огоҳӣ дошта бошад, то ба дили кӯчаки шогирдонаш раҳ ёбад.

Дар бораи ҷашну маъракаҳое, ки дар  ватанамон баргузор мегарданд, ба шогирдонам нақл мекунам, дар дарсҳои тарбиявӣ ва иловагӣ  мутолиаи китобҳои бадеиро маслиҳат медиҳам. Масалан, бахшида  ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар синф озмуни “Расми беҳтарин” эълон мекунам, ки ин озмун фарогири  манзараҳои  зебои шаҳр буда, бояд шогирдон акси гулбоғҳои  шаҳри Душанбе, майдончаҳое,  ки  дар назди хонаашон  сохтаанд ва имрӯз ба чашм зебову тозаву озода мерасанд, бо қаламҳои ранга бикашанд. Мебинам, ки шогирдонам расми хуб мекашанд ва дар оянда шояд аз миёни онҳо рассомони хубе ба воя бирасанд.

Ҳамчунин, бо онҳо дар мавзӯи “Об-манбаи ҳаёт” суҳбат мегузаронам, барояшон мефаҳмонам, ки об дар рӯзгори мо чӣ аҳамияте дорад ва бе об инсоният зиндагонӣ кардан наметавонад. Тоҷикистони мо, ки саргаҳи оби равон аст, бо шарофати об басо сабзу хуррам гаштааст. Бачаҳои азиз, шумо ҳам бояд обро ҳамеша покиза нигаҳ доред,  эҳтиёткорона сарфа кардани обро аз хотир набароред. Ва боз илова мекунам,  чун аз дарёи Варзоб ба  замину даштҳои водии Ҳисор об расид, устод Абдусалом Деҳотӣ бо завқ суруда буд:

Дашти лабташна, шунав, оби равон

меояд,

Об не, бар тани бе рӯҳи ту ҷон

меояд.

Омӯзгор сарчашмаи донишу хирад аст. Агар волидон ба кӯдак ҳаёт бахшанд, омӯзгор ҳаёти хушбахтонаро барои тамоми умр ба онҳо таъмин мекунад.

Омӯзгор чашмаи хуршедпарвар аст,

Ҳар заррае зи партави ӯ меҳри анвар

аст.

Алҳақ, ки ӯст қофиласолори

маърифат,

Бешак, ки ӯ саромаду сархайлу сарвар

аст.

 

Мавзуна МУЛЛОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби № 93, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш