Нашрияи Омӯзгор

Садоқатманд

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

Бароям дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и шаҳри Душанбе, ки чун мактаби таҷрибаи пешқадам ва такягоҳӣ (базавӣ) шинохта шудааст, кор хеле осон, хотирмон ва гуворо буд, агарчи ҳамчун ҷонишини директор оид ба таълим ва тарбия масъулияти вазнине ба дӯш доштам. Зеро дар он роҳбаре доштам ба мисли Ҷалол Розиқов собиқадор, донишманд, ботаҳаммул…

…Гурӯҳ-гурӯҳ меҳмонону намояндагони мақомоти масъули ноҳия, сохторҳои қудратӣ ва Қӯшунҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон толори муассисаро пур карданд. Меҳмонони ҷамъомада дар толор гӯш ба суханони фарди заҳматкаши ҷодаи таълим, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60 - и ноҳияи Сино Ҷалол Розиқов доданд, ки ба шарафи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи ҷолиб мекард. Мафҳуму ибораҳои саҳеҳ, мантиқи равшан, рақамҳои мушаххас ва каломи пурбору сермаъное, ки ин марди соҳибэҳтиром ба забон меовард, дар умқи дилҳо нишастанд.

Марди суханвар пас моҳияти конститутсияҳои замони Шӯравӣ ва аҳамияти Конститутсияи давлатии тоҷиконро ба ҳозирин тавзеҳ бахшид. Ӯ дар анҷоми суханронӣ хидмати шоистаи мардони бузурги таърих, бахусус, Роҳбари давлатро, ки дар муҳимтарин, ҳассостарин давра роҳи дурустро пеш гирифта, миллатро аз парешонӣ ва ҳалокату гумномӣ наҷот доданд, бори дигар таъкид намуд.

Соли 1978 фаъолияти педагогии омӯзгори ҷавон, дастпарвари Донишгоҳи омӯзгорӣ Ҷалол Розиқов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Восеъ оғоз гардид. Ба шогирдон аз таърихи талошу муборизаи халқамон барои озодии кишвари хеш ва ҷоннисории родмардони Ватан - Спитамен, Муқаннаъ, Синдбоду Деваштич, Темурмалику Восеъ, Маҳмуди Торобӣ ҳикоят кард.

Ҷалол Розиқов бист сол (солҳои 1973-93) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 - и ноҳияи Ховалинг ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Солҳои 1993-1995 фаъолияти педагогии ӯ дар мактаби №60 ҷараён гирифт. Соли 1995 Ҷалол Розиқовро директори дабистон таъйин намуданд.

Омӯзгорони пешқадами дабистон ва собиқадорони ҷабҳаи маориф, онҳое, ки дар айёми ҳассос таълиму тарбияи насли наврасро муқаддам шуморида, ба кори мактаб, ҷараёни дарсҳо, давомоти шогирдон ва робита бо падару модарон дилсӯзона муносибат менамуданд, дар атрофи Ҷалол Розиқов ҷамъ омада, фаъолияти босамар бурданд. Тадриҷан нишондиҳандаҳои ҷодаи таълиму тарбия боло мерафтанд. Номи дабистонро, ки ҳанӯз нимаи солҳои 60 - уми асри гузашта бунёд гардида, чун мактаби таҷрибаи пешқадам шинохта шуда буд, акнун бештар ба забон мегирифтанд.

Ҷалол Розиқовро лозим омад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №86 (солҳои 2006 - 2008) ва №88 (солҳои 2008-2011) ба сифати директор кор кунад. Дар маълумотномаи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе пас аз санҷиши фаврии мактаб ба фаъолияти Ҷалол Розиқов дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия баҳои сазовор дода шудааст.

Устод, ки солҳои 2008 - 2011 сарварии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88-ро ба зимма дошт, боз ба дабистони барояш ошно мактаби №60 баргашт.        Аълочии маорифи Тоҷикистон Ҷалол Розиқов ба саволи мо: «Беҳтарин солҳои умр кадом давра аст?» мушаххас посух дод.

- Хаёл мекунам, тамоми ҳаётам, ки дар кори таълиму тарбияи фарзандони халқ сипарӣ гардид, маънои рамзие дорад, - чанд муддат ба фикр фурӯ рафт ва сипас идома дод: - Лекин як давраи муҳими умри банда – солҳои 1993 -2015, ки сарварии се муассисаи таълимиро ба зимма доштам, бароям бештар хотирнишин ва пандомӯз аст. Зеро сарварии мактабҳо айёме бар дӯши ман гузошта шуд, ки пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллат гузошта мешуд ва мардуме, ки ба сабабҳои маълум аз кори таълиму тарбия ва мактабу маориф дур шуда буданд, дубора ба илму фарҳанг, китобу таҳсил рӯй меоварданд. Бахусус, давраи фаъолият дар мактаби №60 барояш фаромӯшношуданист. Соли 2003 дар озмуни шаҳрии «Директори сол» ҷои дувумро ба даст овардани устод далели ин маънист. Даҳҳо нафар шогирди даргоҳи маърифату худшиносӣ дар озмуну олимпиадаҳои минтақавӣ ғолиб омада, шарафи дабистонро баланд бардоштанд.

Меҳрбону НАИМОВА,

Аълочии маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш