Нашрияи Омӯзгор

Сифати таълим бояд беҳтар карда шавад

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

Таъмини сифати хизматрасониҳои таълимӣ бевосита ба сатҳи таълим дар донишгоҳҳо, аз ҷумла, саводнокии мутахассисони ҷавон, тайёрӣ ба раванди таълим ва такмили малакаю маҳорати касбии онҳо таъсир мерасонад.

Беҳтар кардани сифати таълим дар ДДМИТ тавассути таҳкими салоҳияти устодон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ дар асоси талаботи ISO ва системаи Болония бо назардошти талаботи корфармоён ва бозори меҳнат имконпазир аст.

Вобаста ба ин, рӯзҳои 23-27-уми сентябри соли равон дар ДДМИТ семинари омӯзишӣ бо Оҷонсии Аврупоии ЕККА оид ба назорати сифати таълим ва аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ баргузор гардид. Дар семинар мутахассисон аз Ҷумҳурии Эстония Хелли Маттисен, Хеллар Баумен ва Теми, намояндагони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва устодон аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва ДДМИТ иштирок ва баромад намуданд. Мутахассисон оид ба стандарт ва талаботи гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ба 4 гурӯҳи хурди корӣ тақсим шуда, масъалаҳои амалиро баррасӣ намуданд ва ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Ҳадаф аз гузаронидани семинар баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омода намудани коршиносони маҳаллӣ мебошад.

Шуҳрат

СУЛАЙМОНЗОДА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш