Нашрияи Омӯзгор

Китобҳо тақдим гардиданд

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии саводнокӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ҳамоиши бошукӯҳе баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, муовини раиси ноҳияи Варзоб Маҳтоб Қосимзода ва дигар намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон ширкат доштанд.

Дар доираи баргузории ҳамоиш, инчунин, маросими тақдими китобҳои бачагонаи тозанашр барои синфҳои ибтидоӣ сурат гирифт, ки дар доираи ҳамкории Вазорати маориф ва илми кишвар бо Лоиҳаи USAID - «Ҳамроҳ бихонем» нашр гардидаанд.

 Фатҳиддин Усмонзода дар расми ифтитоҳ чунин изҳор кард:

-Бояд қайд кард, ки Лоиҳаи USAID - «Ҳамроҳ бихонем» дар асоси талаботи Вазорати маориф ва илм ва тибқи ҳадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, амалӣ мешавад. Дар доираи тадбиқи лоиҳаи мазкур дар соли таҳсили 2019-2020 84 номгӯйи китобҳои бадеӣ ба миқдори 614 900 нусха чоп шуда, ба муассисаҳои таълимӣ (2800 муассисаи кишвар) дастрас мегардад. Ин китобҳо асосан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ - аз синфи 1 то 4 пешбинӣ шудаанд. Аз 84 номгӯй китобе, ки имсол рӯйи чоп омадааст, 15 номгӯйи он комилан китобҳои нав аст, яъне, бори аввал нашр мешаванд. Лоиҳаи USAID - «Ҳамроҳ бихонем» муддати зиёдест, ки бо Вазорати муориф ва илм ҳамкорӣ мекунад. Дар соли гузашта низ дар доираи ин ҳамкориҳо ба мактабҳои ҷумҳурӣ китобҳои зиёде тақдим гардиданд. Бар замми ин, ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлат низ китобҳои ҷолиби зиёде чоп мешаванд. Танҳо дар соли гузашта зиёда аз 3 500 000 нусха китоби дарсӣ (36 номгӯй)  ва  бадеӣ (22 номгӯй) чоп ва ба таълимгирандагони мактабҳои кишвар дастрас гардид. Бисёр мехостам, ки хонандагони азиз аз ин ганҷинаҳои арзишманд самаранок истифода бурда, илму дониши худро такмил диҳанд.

Ҷон Марк Поммершайм қайд кард, бароям бисёр хушоянд аст, ки дар ин маҳфили гарму самимӣ ҳузур дорам. Албатта, саҳм гузоштан дар тарбияи насли наврас аз иқдомҳои калидии ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Аз ин хотир, шурӯъ аз соли 1992 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ҳамкории зич ба роҳ мондаанд. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи USAID - «Ҳамроҳ бихонем» беш аз 75 дар сади муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои бачагона таъмин мегарданд. Бояд гуфт, ки ҳамкории мо бо мактабҳои ноҳияи Варзоб бисёр пурвусъат ва доманадор аст. Зиёда аз 300 корманди соҳаи маорифи ноҳия ба давраҳои омӯзишии лоиҳа фаро гирифта шуданд, ки аллакай  метавонанд, ҳамчун тренерони сатҳи байналмилалӣ ба дигар омӯзгорон дарс диҳанд. Соли гузашта ба 28 мактаби ноҳияи Варзоб беш аз 2000 китоби бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тақдим карда шуд. Дар соли таҳсили 2019-2020 низ лоиҳа тасмим гирифтааст, ки зиёда аз 9500 нусха китоби бадеиро ба муассисаҳои таълимии ноҳия тақдим намояд.

 Ба гуфтаи ҳамоҳангсози лоиҳа дар Вазорати маориф ва илм Абдуҷаббор Алиев, дар доираи фаъолияти лоиҳа, ҳамзамон, китобхонаи электронӣ низ омода гардидааст, ки дар он 40 номгӯйи китоби бадеии кӯдакона дар шакли электронӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ворид карда шуд. Бояд гуфт, ки Лоиҳаи USAID - «Ҳамроҳ бихонем» дар давраи таътили тобистонаи соли 2018-2019 дар 115 истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии вазорат озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро гузаронид. Илова бар ин, ба китобхонаҳои истироҳатгоҳҳо 7200 китоби бадеии кӯдакона туҳфа карда шуд. Шурӯъ аз оғози фаъолияти лоиҳа аз моҳи октябри соли 2016 то имрӯз 2272 директор, 9974 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва 953 китобдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дар давраҳои омӯзишии Лоиҳаи USAID - «Ҳамроҳ бихонем» ширкат варзида, маҳорати худро такмил бахшиданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб Илҳомҷон Бобоев дар суҳбат иброз дошт, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии саводнокӣ аз тарафи лоиҳа ба 56 мактаби ноҳия китобҳои тозанашри пурмуҳтаво тақдим гардиданд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш