Нашрияи Омӯзгор

Масъулият омили пешравиҳост

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

Барои таъмини бахту  саодати мардум ҷомеаи мо ба ҷавонони фаъолу тезҳуш, ки аз ҷараёни илму фановариҳои имрӯзӣ огоҳӣ дошта бошанд, ниёз дорад. Таърих гувоҳ аст, илму технологияе, ки ғарбиён худро  соҳиби он  медонанд, осон ба даст наомадааст.

Онҳо роҳи дарозеро тай карда, ба ин қуллаи баланди дониш расидаанд. Огоҳӣ дорем, ки як замон ниёгони мо илму фарҳангро ба пояи баланд расонидаанду устодони илму фарҳанги мардуми ҷаҳон буданд. Аврупоиён тамоми китобҳои илмии гузаштагони моро ба забони худ тарҷума кардаву мавриди омӯзиш қарор додаанд. 

Акнун имрӯз мо дар ҳолате  қарор дорем, ки бояд бисёр чизҳоро аз онҳо биомӯзем. Як мисоли одӣ: компютери онҳо  тамоми мисолу масъалаҳои математикиро ҳал мекунад, аммо аксари ҷавонони мо наметавонанд  ин мисолу масъалаҳоро бо қувваи зеҳнии худ ҳал намоянд. Ҳатто бо компютер ба таври бояду  шояд кор карданро ҳам наомӯхтаанд. Пас мо акнун рӯзу шаб бояд дар талаби илму дониш бошем ва барои касби илм аз ҳеҷ мушкилот наҳаросем.

Барои ин, месазад, ки дар ҳама ҷо донишмандони соҳибдилро ҷустуҷӯ намоем ва аз ҳар гӯшае хӯшае ба даст оварем. Ба фикрам, пеш аз он ки аз забону илму фарҳанги дигарон огоҳ гардем, бояд забони ширини модарии худро хуб донем. Бо шавқу шӯр ва муҳаббати бепоён ба омӯзиш бипардозем ва он илму фанеро, ки фарангиён аз мо гирифтаву такмил дода,  ба ин қуллаи баланд расидаанд, ба ҳар қиммате азхуд намоем. Аммо дар интихоби ахлоқу одоби бегонае, ки аз аҷнабиён мерасад, эҳтиёткор бошем, то аз ҳар гуна асари зарарбори он эмин бимонем.

Мо низ, агар бихоҳем, ки  миллати худамонро неруманд бубинем, бояд ҳарчӣ бештар дар талаби илму фан бошем, то ки дониши бештаре дошта бошем ва бо қуввати зиёдтар ба халқи худ хизмат намоем.

Ин масъала бештар ба мо, омӯзгорони забон ва адабиёт, таърих, дахл дорад. Яъне бачаҳоро бо афкори адибони классикии форсу тоҷик, таърихи давлатдории қадима шинос гардонем ва фаҳмонем, ки ин ҳама ободкориҳо бо шарофати нишондод ва афкори пешқадами онҳо буда, аз осори бойи онҳо маншаъ мегирад. Мо шогирдонамонро бояд тарзе тарбия намоем, ки онҳо ватанпарвар, дӯстдори ин марзу бум ва мубаллиғи меҳани маҳбуб бошанд. 

 

Зулайхо МАКСУМОВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш