Нашрияи Омӯзгор

Дарсҳои фараҳафзои Рӯҳафзо

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

Рӯҳафзо  Ҷалолова, ҳар гоҳ ки аз «оинаи нилгун»  суҳбати меҳмонони хориҷиро дар тарҷумаи  мутахассисон медид, шавқу рағбаташ ба донистани забони англисӣ бештар мегардид. Дар мактаб баъди дарс  аз   муаллимаи забони англисӣ  сабақи   иловагӣ мегирифт.  Пас аз хатми мактаб ба факултаи забонҳои хориҷии ДДОТба номи Садриддин Айнӣ ҳуҷҷат супорид. Ин ҷо дар як муддати кӯтоҳ нозукиҳои забонро азхуд кард, дар озмуну маҳфилҳо иштироки фаъолона дошт. Солҳои донишҷӯӣ ҳам батадриҷ паси сар шуданд. Имтиҳонҳои давлатиро низ бо сари баланд супорида, соҳиби диплом гардид.

Рӯҳафзоро барои кор ба мактаби рақами 31 – и ноҳияи Шоҳмансур фиристоданд. Бо шогирдон кор карданро дӯст дошт, зеро онҳо ба ин фан шавқи калон пайдо намуда буданд. Рӯҳафзо аз он хурсанд аст, ки бевосита дар ҳузури Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин фан дарси намунавӣ гузашта, сазовори таҳсини Пешвои миллат гардидааст. Бистуми сентяб-ри соли гузашта дар пойтахт муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» кушода шуд. Дар он шогирдони Рӯҳафзо Ҷалолова бо забони англисӣ меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфта, бо ин забон шеърҳо қироат намуданд.

- Барои такмили маҳорат аз ҳар гуна воситаҳои таълим истифода бурдан ба фоидаи кор аст, - мегӯяд Р. Ҷалолова.

Ман аввалҳои ҳамин сол дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи РУДН – и Федератсияи Россия тӯли ду моҳ такмили ихтисос гузаштам, ки бароям таассуроти нек гузошт. Таҷрибаҳои ҳосилкардаам  минбаъд дар ташкили дарсҳои забони англисӣ кумак хоҳанд кард.

Оре, баланд бардоштани маҳорати омӯзгорӣ ва такмили ихтисос дониши инсонро мунтазам афзуда, касро дар байни шогирдону ҳамкорон обрӯманд мегардонад. Р. Ҷалолова аз ҳамин қабил омӯзгорон аст.  

Балхия  МИРЗОЕВА,

омӯзгори таърихи мактаби №71, ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш