Нашрияи Омӯзгор

Равшангари дилҳо

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

Ягона амале, ки пас аз он мардум моро ба некӣ ёд мекунанд, анҷоми кори  нек  аст. Пешаи  омӯзгорӣ  анҷом додани кори нек мебошад.

Вақте ки калимаи устодро ба забон мегирем, бевосита пеши назарамон симои  инсони ҳалиму наҷибе падидгор мегардад. Калиди дари комёбиҳои  ҳар инсон дар дасти устод аст. Устод меҳнаткаш аст ва меҳнат сарчашмаи хушбахтиҳост.   Устод шахсест, ки дар симои  ӯ кас ҷилои ҳунару истеъдодро мебинад. Инсон бе устод соҳиби  мақому мартабае шуда наметавонад. Ҳар фардеро устоди ботаҷрибае лозим, то ба қуллаҳои баланди истеъдод бирасад. Шогирдонро лозим аст, ки  устодони хешро қадршиносӣ кунанд, эҳтиром намоянд.

Устодон ҳамеша бо ёди шогирдонанд ва роҳи ояндаи шогирдонро  мунаввар месозанд.

Майсара  ФОЗИЛБЕКОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш